Пешсафии Чин дар Паралимпиадаи Порис-2024 идома дорад

Дар мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои 17-уми тобистонаи паралимпӣ, ки дар шаҳри Пориси Фаронса ҷараён дорад, то ҳоло варзишгарони маълули 80 кишвар медал ба даст овардаанд, аз ҷумла намояндагони 60 кишвар бо медалҳои тилло мукофотонида шудаанд.

Дар Бозиҳои паралимпии Порис-2024 аз рӯи ҳисоби медалҳо бо назардошти сифати онҳо мунтахаби Чин дар мақоми аввал аст. Варзишгарони маълули ин кишвар 166 медал (74 нишони тилло, 55 нуқра ва 37 биринҷӣ) гирифтаанд.

Мақоми дувумро мунтахаби Бритониёи Кабир бо касби 84 медал (36 нишони тилло, 29 нуқра ва 19 биринҷӣ) соҳиб шудааст. Мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 77 медал (27 нишони тилло, 33 нуқра ва 17 биринҷӣ) дар мақоми севум қарор дорад.

Ба даҳгонаи аввал, инчунин дастаҳои мунтахаби Нидерланд, Фаронса, Италия, Украина, Бразилия, Австралия ва Олмон дохиланд.

Аз намояндагони кишварҳои собиқи шӯравӣ ба ҷуз аз Украина, Узбекистон бо 17 медал (8 нишони тилло, 5 нуқра ва 4 биринҷӣ), Озарбойҷон бо 7 медал (3 нишони тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ), Қазоқистон бо 5 медал (2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ), Латвия бо 3 медал (2 нишони тилло ва 1 нуқра), Гурҷистон бо 5 медал (1 нишони тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ) сарфароз шудаанд.

Пойтахти Фаронса се маротиба мизбони Бозихои олимпӣ буд, аммо Бозиҳои паралимпӣ бори аввал дар ин ҷо доир шудааст. Дар Бозиҳои 17-уми тобистонаи паралимпӣ варзишгарон дар 22 намуди варзиш барои 549 маҷмӯи ҷоизаҳо то рӯзи 8-уми сентябр мубориза мебаранд.

Варзишгарони маълули Русия ва Беларус ба далели таҳримҳои марбут ба ҳамлаи Русия ба Украина ба Паралимпиада дар мақоми бетараф роҳ дода шудаанд. Дар мусобиқот 88 варзишгари маълул аз Русия ва 8 нафар аз Беларус иштирок доранд. Ба онҳо иҷозаи истифода аз парчами миллӣ манъ аст ва дар сурати пирӯзӣ суруди миллӣ садо дода намешавад.

Дар Бозиҳои паралимпӣ дар Порис, инчунин бузургтарин дастаи паноҳандагон дар таърих ширкат дорад, ки намояндагони он дар 6 навъи варзиш рақобат мекунанд.

Дар Бозиҳои 17-уми тобистонаи паралимпӣ аз чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ 114 варзишгар иштирок менамояд. Ҳайати мунтахаби УЗБЕКИСТОН аз 65 варзишгар иборат аст, ки дар 9 ришта ҳунарнамоӣ мекунад.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби ҚАЗОҚИСТОН 44 варзишгар шомил аст, ки онҳо низ дар 9 намуди варзиш рақобат менамоянд.

Варзишгарони ҚИРҒИЗИСТОН бо шумули чаҳор варзишгар дар чаҳор намуд ҳунарварӣ хоҳанд кард.

ТУРКМАНИСТОНро дар Бозиҳои тобистонаи паралимпӣ дар Порис танҳо як варзишгар дар риштаи пауэрлифтинг муаррифӣ мекунад.

Ягона кишвари Осиёи Марказӣ, ки дар Паралимпиадаи Порис намоянда надорад, ин Тоҷикистон аст. Ба иттилои дабири кулли Кумитаи паралимпии Тоҷикистон Абдурауф Алимов, варзишгари тоҷик Шоҳрух Назаров дар риштаи ҷудо дар вазни то 73 кило бо сабаби танҳо дар як мусобиқи квалификатсионӣ ё интихобӣ иштирок карданаш натавонист ба Паралимпиадаи Порис роҳхат бигирад.

Инчунин Кумитаи паралимпии Тоҷикистон шаш варзишгарро дар риштаҳои варзиши сабук (дав ба масофаҳои 200 ва 400 метр), тенниси рӯи миз барои гирифтани квота ба Кумитаи байнулмилалии паралимпӣ пешниҳод карда буд, вале азбаски натиҷаҳои нишондодаи онҳо аз меъёрҳои муқарраршуда паст аст, ба Тоҷикистон квота дода нашуд.

Бояд зикр намуд, варзишгарони маълули тоҷик, ки аз соли 2004-ум пайваста дар Бозиҳои паралимпӣ ширкат мекарданд, бори аввал ба Паралимпиада нарафтанд. Дарвоқеъ, варзишгарони маълули тоҷик дар таърихи иштироки худ дар панҷ Бозиҳои тобистонаи паралимпӣ ягон медал ба даст наовардаанд