Пешниҳоди таъсиси Бунёди кумак ба муҳоҷирон. Суду зиёнаш чист?

Акс аз бойгонӣ

Асомиддин Назиров, сокини ноҳияи Сангвор, ки дувоздаҳ сол боз барои кор ба Русия меравад, ҷонибдори ташкили Бунёд (Фонд)-и кумак ба муҳоҷирон ва хонаводаҳои онҳост. Ӯ бовар дорад, ки дар мавридҳои ночорӣ муҳоҷирони ниёзманд аз пули он метавонанд баҳраманд шаванд.

“Баъзе аз бачаҳо ҳангоми кор дар сохтмон меғалтанд, маъюб мешаванд, мемиранд,” – гуфт Асомиддин Назиров рӯзи 3-юми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ. Вай аз мавридҳое низ ёд овард, ки муҳоҷирон дар Русия якбора кори худро аз даст медиҳанд ё аз манзил маҳрум мегарданду дар кӯча мемонанд.

“Ин ҳолат шавад, пеш аз ҳама, мо тоҷик ҳастем, мусулмонем, якдигарфаҳмӣ мекунем, ба қадри тавон пул ҷамъ мекунем. Як кас ҳазор рубл, дигаре ду ё панҷ ҳазор рубл. Ҳар кас чӣ қадар шароит дорад. Аммо агар ин хел фондҳо бошанду дастгирӣ кунанд, хуб мешавад," – афзуд Асомиддин Назиров, сокини ноҳияи Сангвор.

Пешниҳоди таъсиси Бунёди вижа барои кумак ба муҳоҷирон ва хонаводаҳои онҳо рӯзи 22-юми ноябр дар як нишаст дар шаҳри Душанбе низ садо дод.

Анвар Бобозода, мудири тарҳи муҳоҷират дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, гуфт: “Ҳаст таҷрибаи Филиппин, Бангладеш, Покистон, Ҳиндустон. Аввалин транш бояд аз ҳукумат шавад. Ақаллан 1 миллион. Мо мисли Узбекистон нагуфтем 50-100 миллион. Дар ин ҳолат муҳоҷирон дилашон пур мешавад, ки ҳукумат, вазорат ва ғайра моро дастгирӣ мекунанд. Баъд ҳаққи узвияти муҳоҷирон.”

Баъзе аз муҳоҷирон ва наздикони онҳо бар инанд, ки агар шаффофияти кори Бунёд (Фонд) таъмин шавад, бо вуҷуди афзоиши харҷҳояшон дар Русия ҳаққи узвиятро ба чунин хазина хоҳанд пардохт.

Писари Саломшо Исоев, сокини Душанбе, дар муҳоҷирати корӣ дар Русия аст. Ӯ мегӯяд, Бунёди кумак ба муҳоҷирон дар сурате фоидаовар хоҳад шуд, ки пули ҷамъшуда дуруст ва одилона ба ниёзмандон расонда шавад.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Пешниҳоди таъсиси Бунёди кумак ба муҳоҷирон

Шӯҳрат Латифӣ, коршиноси масоили муҳоҷират, мегӯяд, хуб мебуд, ташкилот иҷтимоӣ бошаду маблағро худаш тақсим кунад, вале аз тарафи мақомоти давлатӣ назорат шавад.

"Агар дар ин ҷо созмонҳои байнулмилалӣ низ ҳамроҳ шаванд, хуб аст. Онҳо барномаҳои зиёд доранд. Дар самти муҳоҷират ва назорат сетарафа мешуд, зеро ташкилоти байнулмилалӣ имкон доранд, аудитҳои байнулмилалӣ гузаронанд,” – шарҳ дод Шӯҳрат Латифӣ.

Пешниҳоди таъсиси Бунёд ё Фонди дастгирии муҳоҷирон аз ҳисоби давлат ва худи онҳо дар ҳолест, ки саҳми онҳо дар пешбурди зиндагии хонаводаҳояшон ва рушди иқтисоди кишвар назаррас гуфта мешавад.

Ба ҳисоби Анвар Бобозода, мудири тарҳи муҳоҷират дар Академияи миллии илмҳо, муҳоҷирон дар соли 2022 ба Тоҷикистон зиёда аз 5 миллиарду 220 миллион доллар фиристодаанд. Ин пул ба 49,2 дарсади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ баробар аст.

Мақомот чанд сол боз пули фиристодаи муҳоҷиронро, ки пайваста аз поймоли ҳуқуқашон дар Русия ва камтаваҷҷуҳии Душанбе нисбат ба сарнавишти онҳо шикоят доранд, ошкор намекунанд.