Поёни ҷанг ва афзоиши нархи биткоин. Пешбинии як маҷаллаи бритониёӣ

Маҷаллаи бритониёии "Financial Times" пешбиниҳои худро барои соли 2025 нашр кард.

Рӯзноманигорони маҷалла пешбинӣ кардаанд, ки сулҳ миёни Русия ва Украина имконпазир ҳаст, вале бо таҳримҳои зиёдтар ва фишори бештари Амрико.

Ба андешаи муаллифони гузориш, Киев мумкин аст дар ивази тазмин ё кафолати амниятӣ аз баъзе заминҳояш даст кашад.

Маҷалла дар бахши иқтисод пешбинӣ кардааст, ки бозгашти Доналд Трамп ба Кохи Сафед метавонад ба “ҷанги иқтисодӣ” доман занад.

Ба пешбинии "Financial Times", Трамп ба эҳтимоли зиёд барои молҳои Чин, маҳсулоти Мексика ва Канада боҷи гумрукиро зиёд мекунад.

Дар гузориш омадааст, арзиши асъори рақамӣ ё криптовалют дар соли 2025 метавонад то 200 ҳазор доллар боло равад. Ҳукумати нави Амрико аз ин навъи асъор пуштибонӣ мекунад.