Пешбарии 6 узви Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ба интихобот

Акс аз анҷумани ҳизби сотсиалистии Тоҷикисто: khovar.tj

Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон дар анҷумани  ахир шаш узвашро барои номзадӣ ба интихоботи парлумонии кишвар, ки моҳи марти соли 2025 барпо мешавад, пешбарӣ намуд.

Дар анҷумани ҳизб, ки 21 декабр дар Душанбе барпо шуд, ба навиштаи АМИТ “Ховар”, номзадии раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Ғулом Ҳалимзода, муовини якуми раис - Муртазо Аҳмадзода, муовинони раис Давлатхонум Саидошурова ва Меҳринисо Раҷабова, раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар вилояти Суғд Маъруф Юсупов ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе Майсара Аброқуловаро ба вакилӣ дар интихоботи Маҷлиси намояндагон пешниҳод намуданд.

Пеш аз ин анҷуманҳои Ҳизби ҳокими халқии демократӣ бо пешбарии 28 номзад ва ҳизби демократии Тоҷикистон бо пешбарии панҷ намоянда ба интихоботи парлумонӣ ба анҷом расиданд.

Дар Тоҷикистон баъди соли 2015 аз саҳнаи сиёсӣ берун карда шудани Ҳизби наҳзати исломӣ, ҳафт ҳизби сиёсӣ ҳақи идомаи фаъолиятро дорад, вале ҳеҷ яки онҳо дар мавқеи интиқод ё мухолифати воқеъӣ қарор надоранд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Гуфтанд, ҳамин хел ҳизб аст... намедонам." Дар анҷумани ҲДТ чӣ гузашт?КМИР-и Тоҷикистон шумори интихобкунандагонро эълон кардНомзадҳои ҲХДТ барои интихоботи порлумонӣ муайян шуданд