Навбат барои харидани доллар дар Хуҷанд

Намояндагии Бонки миллӣ дар Хуҷанд ба хотири таъмини бозори асъор фурӯши долларро бо арзиши пасттар аз нархи бозори сиёҳ ба роҳ мондааст.

Намояндагии Бонки миллии Тоҷикистон дар Хуҷанд рӯзи 8-уми январ дар назди бозори “Панҷшанбе” долларҳои Амрикоро бо нархи 7 сомониву 89 дирам ба фурӯш гузошт ва даҳҳо нафарро дар навбати хариди доллар ҷамъ овард. Чунки ба гуфтаи харидорон, дар бозори сиёҳ доллар камёфт шуда ва нархи он ҳам рӯзи ҷумаъ то 8 сомониву 50 дирам боло рафтааст .

Ин дар ҳолест, ки арзиши расмии 1 доллар барои муомилаҳои рӯзи 8 январ аз сӯи Бонки миллӣ 7 сомониву 23 дирам муқаррар шудааст.

Баъд аз зуҳри рӯзи ҷумъа дар назди ягона дӯкони бози долларфурӯшӣ дар бозори “Панҷшанбе” даҳҳо марду зан дар ду саф гирд омада буданд ва пулисҳо аз ҷараёни навбат назорат мекарданд.

Як марди миёнсоле, ки дар навбат меистод, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз субҳ худро номнавис карда, ҳоло соати 2 - и баъд аз зуҳр ҳам мунтазири расидани навбаташ аст. Вай афзуд, “Навбати ман 119 аст. Ба умед истодаам. Ин ҷо касоне ҳам ҳастанд, ки аз рӯзи гузашта дар навбатанд.”

Ба гуфтаи мусоҳибонам, харидорони долларро ба дӯкон аз рӯи рӯйхат даъват мекунанд ва ҳар талабгори хариди долларро бо шиноснома ва “патент”- и соҳибкораш ба рӯйхати навбат ворид мекунанд. Ҳамчунин, ҳар кас метавонад то 1 ҳазор доллар бихарад.

Ҳарчанд ба гуфтаи худи муштариён, фурӯш тибқи навбат ҷараён дорад, дар назди дӯкони долларфурӯшӣ чизе монанд ба навбат мушоҳида намешуд ва бисёриҳо худро бенавбат ба сӯи дӯкон мезаданд. Кормандони пулис ҳар замон тамбаи одамонро аз дӯкон ақибтар мебурданд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Навбат барои харидани доллар дар Хуҷанд

Мусоҳиби дигари Озодӣ, як зани миёнсоле, ки дар бозори “Панҷшанбе” дӯкони либос доштааст, гуфт, аз ин иқдоми Бонки миллӣ, ки рӯзҳои камёфт шудани доллар онҳоро дастгирӣ дорад, хушнуд аст. Аммо аз тартиби кори дӯкони долларфурӯшӣ норозист, ки онҳоро сарсон карда, вақти зиёдашонро мегирад: “Чаро фурӯши долларро дар як ҷо ба фурӯш гузошта, ин қадар навбати калон месозанд? Агар онро ба дӯконҳои ивази асъор тақсим мекарданд, ин гуна талотум намешуд. ”

Ин мусоҳиби Радиои Озодӣ мегӯяд, вай ба дӯконаш аз Туркия бор меорад ва доллар ба ӯ барои харидани бор даркор аст: “Дар бозори сиёҳ нархи доллар рӯз то рӯз боло меравад. Имрӯз 100 доллар 850 сомонӣ шуд, гуфтанд. Агар бо ин нарх доллар харида бор биёрем, нарх баландтар мешавад ва харидоронамро аз даст медиҳем. Бе ин ҳам шумораи онҳо кам мондааст. Барои ҳамин, мо бо арзиши арзонтар доллар харем гуфта ин ҷо рӯи санг поида нишастаем.”

Намояндагии Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, фурӯши долларро ба хотири таъмини бозори дохилӣ ва танзими арзиши он роҳандозӣ кардаанд. Як масъули намояндагии Бонки миллӣ дар Хуҷанд гуфт, ҳамин тавр, дар 3 рӯзи охир ҳаррӯза 300 ҳазор долларро дар бозори “Панҷшанбе” ба фурӯш мерезанд: “Ғайр аз ин мо ба бонкҳои қарздиҳанда низ доллар медиҳем, то он ҷо соҳибкороне, ки аз хориҷи кишвар молу чиз меоранд, сомонии худро иваз кунанд.”

Вале чаро доллар аз қурби муайянкардаи худи Бонки миллӣ, ки рӯзи 8 уми январ 7, 23 сомонӣ ба 1 доллар аст, баланд – 1 доллар ба 7 сомониву 89 дирам фурӯхта мешавад ?

Дар посух ба ин савол мусоҳибам гуфт, Бонки миллӣ наметавонад долларро ба арзиши аз ин паст ба фурӯш гузорад, зеро сӯд нахоҳад бардошт. Вай афзуд, ки арзиши долларро “талаботи бозор” муайян мекунад ва ҳоло нархи доллар дар бозор аз 7.89 сомонӣ ҳам баландтар рафтааст.

Ба гуфтаи масъулони Бонки миллӣ дар Хуҷанд, бонкҳои Русия то рӯзи 12 январ интиқоли маблағҳои муҳоҷирони кории тоҷик ба Тоҷикистонро қатъ кардаанд. Ва ин сабаби умдаест, ки онҳоро ба таъмини бозори дохилӣ бо доллар таҳрик дод. Моҳҳои охир тоҷикон аз Русия умдатан пулҳои худро ба доллар мефиристанд ва то ҷое бозори дохилиро таъмин мекунанд. Русия дар ҳафтаи ҷорӣ интиқоли пули муҳоҷирони тоҷикро бино ба мушкилоти пуливу молии худ барои муваққат қатъ кардааст.

Намояндагии Бонки миллӣ дар Хуҷанд мегӯяд, ҳоло барои мисли пештар ҷорӣ кардани бозори озоди асъор кор мебарад. Як масъули ин бонк, ки бо Озодӣ суҳбт мекард, гуфт, то як моҳи дигар фурӯши озоди асъор тавассути бонкҳо ва ташкилотҳои карздиҳанда ба роҳ монда хоҳад шуд. Б гуфтаи вай, ба ин манзур ҳоло ташкилотҳои қарздиҳанда ба таъсиси “воҳидҳои сохторӣ” - и худ машғуланд ва ин кор моҳи феврал анҷом хоҳад ёфт.

Яке аз саррофиҳои басташудаи Хуҷанд

Қурби сомонӣ – пули миллии Тоҷикистон – дар муқобили доллар дар тӯли соли 2015 қариб 40 дарсад коҳиш ёфт. Бонки миллии Тоҷикистон аввалҳои моҳи гузашта дӯкони саррофон дар кишварро ба иттиҳоми он ки бо роҳҳои сунъӣ нархи асъори хориҷиҷро боло мебаранд, баст ва ҳаққи ивази пулро танҳо ба бонкҳо дод. Дар пайи он даҳҳо дӯконҳои пуливазкунии саррофону бонкҳо дар назди бозори “Панҷшанбе” низ қулф зада шуданд.

Ҳоло дар Хуҷанд танҳо чанд дӯкони ивази пул, ки моли бонкҳоянд, боз аст. Вале ба гуфтаи мусоҳибони Озодӣ, он дӯконҳои ивази асъор ва бонкҳо низ ба далели камёфтӣ аз фурӯши доллар худдорӣ мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, рӯзи 8 - уми январ дар бозори сиёҳи Суғд арзиши 1 доллар то 8 сомиву 50 дирам боло рафт ва ин буд, ки даҳҳо нафар ба умеди харидани доллари арзонтар назди ягона нуқтаи долларфурӯшии Бонки миллӣ ҷамъ омаданд.