Назари мардум ба қазияи "Шайх Темур" (ВИДЕО)

Ҳамаи аксҳо аз навори Шабакаи аввали ТВ Тоҷикистон

Қазияи "Шайх Темур" ва даъвои "авлиёгӣ"-ву "пайғомбарӣ"-и ӯ баҳсҳои хеле гарме дар Интернет ва дар ҷомиаи Тоҷикистон ба по кардааст.

Моҷарои Саидмаҳдихон Сатторов, ё “Шайх Темур”, рӯҳоние аз водии Ҳисор, ки бино ба иддаои муаллифони филми мустанади “Ривояти “Шайх Темур”, худро “Имом Маҳдии замон”, “авлиё” ва ҳатто “Пайғомбари охируззамон” эълон кардааст, дар сомонаи Озодӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои гармеро ба по карда, дар тамоми маъракаҳову сӯҳбатҳо дар Тоҷикистон низ аз мавзӯъҳои аввали вирди забони мардум шудааст.

Хонандагони Озодӣ дар баҳси ин моҷаро чанддаста шудаанд. Гурӯҳе мӯътақид аст, ки ин қазия чун дигар видеоҳои алайҳи рӯҳониён сохтани мақомоти амниятиву интизомист, ки мехоҳанд бо ин роҳҳо Исломро бадном карда ва нақшашро дар ҷомиа пойин бибаранд. Гурӯҳе “Шайх Темур”-у муридонаш ва дигар рӯҳониёни мисли ӯро ба боди интиқод мекашанд, ки аз бесаводию гумроҳии мардуми авом ба сӯди худ сӯиистифода мекунанд. Гурӯҳе ҳам мақомоти давлатиро мазаммат кардаанд, ки дар вақташ масҷиду мадарасаҳоро бастанду рӯҳониёни мӯътабарро аз минбар дур карданд ва ҳоло меваҳои сиёсати динситезии худро дар мисоли чунин “Шайх Темур”-ҳо чашида истодаанд.

Як гурӯҳи дигар аммо аз сатҳи бесаводиву гумроҳии худи мардум ба даҳшат афтодаанд, ки барои мисол, чӣ гуна дар асри 21 як нафар метавонад оби ифлоси бозмонда аз таҳорати як мӯсафеди гӯё “авлиё”-ро барои “савоб” бинӯшад? Ваё бо кадом ақл духтар ё набераи ноболиғашро ба ин пири 65-сола “тортуқ”, яъне ҳадя мекунад?

Саҳнасозӣ ё воқеъият?

Хонандае бо номи Дилбин мӯътақид аст, ки ин филми мустанад сохтаи мақомот аст. Ба бовари ӯ, “баъд аз он ки ба дасти ин кормандони амният афтод, куштани Ленинро ҳам ба калла мегирад. Метарсам,ки ба сари ин рӯҳонии бечора наборидани барфи зиёдро низ бор накунанд. Аз дасташон меояд! Хеле саҳначаи дурӯғини ба ин домулло монандро сохтаанд. Аҳсан ! Шумо бояд коргардони театри Лоҳутӣ шуда кор кунед, ваё ягон балоя нақш офарида наметавонанд. Ку як ёрдамашон кунед...”

“Бенишон аз: Ломакон” низ бо “Дилбин” ҳамфикр аст ва ин қазияро “тӯҳмат” меҳисобад: “Ин одамро тамоми Тоҷикистон мешиносад. Ин ки даъвои Пайғамбарӣ дораду худро Эмом Маъдӣ меҳисобад, ин тӯҳмати маҳз аст. Дигар ин ки 8 зана буданаш ё кадом зане ба назди ӯ меравад, аввал ӯро ба никоҳи худ медарорад, инҳо ҳам тӯҳмати маҳз аст. Аввал хело ҷустуҷӯяш кардед, чун хостед, ки мисли дигар "муллоҳо" ба ҳаракатҳои шаҳвонӣ дароредаш, чун муваффақ нашуден, ин тӯҳматҳоро ба пояш печонидед !!!!!”

Бисёриҳо мегӯянд, гӯё даъвои "пайғомбарӣ" кардани "Шайх" собитношуда монд. Аммо Абдуллоҳ ном хонандаи Озодӣ мегӯяд, Ин шайх хакикатан хам аз руи накли бародароне ки уро дидаанд ва хатто муридони у хулоса кардан мумкин аст, ки хурофотгаре беш нест. Ин ки дар наздаш таъзим мекунанд, дасташро мебусанд хатто мошинашро мебусанд ва гайра ки ба ягон конуни Ислом ва шариати Расулуллох рост намеояд. Амалхои у монанди амалхои коҳинони маъбад ки дар асрхои пеш аз мусалмонон буданд бисёр шабохат дорад. “

Навбати "дуогирон" аз "Шайх"

Эшон ном хонанда ин суолро гузоштааст, ки чаро аз муридони мансабдори “Шайх Темур”, ки ҳар сари чанд вақт пешаш “дуогирӣ” мерафтанд, чизе нагуфтанд? Ӯ менависад, “Чанд тан аз вазирони хукумати Рахмон низ ба побус (на дастбус)-и ин Шайх мерафтанд. Онхоро чаро нишон намедихад ТВТ??? Ин вазирон маошашонро чамъ карда ба Шайх мебурдаанд, ки гуё пули халол аст. Акнун пурсида мешавад, ки пули харомро худашон ва зану кудаконашон мехурдаанд???Даркор шавад номхояшонро хам меовардаму афсус ки озоди чоп намена... “

Шоҳин аз Кӯлоб бо алам изҳори назар мекунад, ки “Дар хакикат аксарияти мардуми мо одампарастанд на худопараст,ин таъзимкуниро,напурс,як хелаш,дасташ пеши бар сараш кариб,ки дар замин мерасад,хох дар пеши мулло бошад,хох дар пеши мансабдор.Хазрати пайгамбар, масчид медарояд сахобагон аз чояшон мехезанд,ва хазрат таъкид кард,ки дигар бар омадани ман хеч гох нахезед,дар зикр бошед,манам мисли шумо одамам...”

Ба назари Mirasil аз: TJK, “Бовар кунед хамин мардум гумрох шудаги!
О кадом одами бо акл дидаву дониста хамин чизоба бовар мекунад! Капед махкам кунед ин хели муллохову шайхои охирзамона )))))”

Вале Ali назари дигар дорад: “Боз тухматхо нисбати шайххо сар шуд. Ба ана хаминхел пас занихоу тухмат хо мехоханд як кишри чомиьа ро паст зананду боварию ихтироми мардум ро коста кунанд то мардум ба онхо ихлосу ихтиром надошта бошад. Вале ин равиш окибати хуб надорад.
Ба фикрам бас будагист ин кадар тухматхоу сахтакорихои бе поя!!!”

5 метр “макони файзу баракат” дар хонаи “Шайх”

Хонандаи дигар бо номи Лео Месси аммо менависад, “ман хонаи ҳамин шайх рафта будам, дар деҳаи Пашми кӯҳнаи Ҳисор. Бо чашмҳои сарамон дидем, ки шайхро пойҳояшро мебӯсанд. Шайхт Темур ҳатто гуфт, ки намози ҷумъа аз сарои ман соқит аст, барои ман намози ҷумъа рафтан фарз нест. Дар ҳавлиаш то 5 метрро хат кашидагӣ аст, касе ҳамонҷо рост ибистад, файзу баракат меёбад. Онҷоро “макони файзу баракат” меноманд.”

Ҳақбин аз Шаҳринав низ хотираҳои худро аз дидор бо “Шайх Темур” ба хонандагони дигари Озодӣ қисса кардааст: “Банда "Шайх Темур"-ро дидаам ки аз бесаводи ё гумрохии мардум истифода бурда хатто дар маъракае шохид будам , оби дастони уро ки даст мешуст муридонаш бо навбат истода менушиданд. Хонае ки у менишаст хамаи хамаи косаву табаку наълихоро пеш аз омаданаш бо дархости муридонаш нав мекарданд ва пас аз рафтанаш дастархонро бо хама нозу неъматаш чамъ карда муридонаш бо худ мебурданд. Агар у олим,шайх, авлиё ва ё бузурги дигаре бошад чаро мардумро аз нушидани оби дастшустаи худ оби мустахаб ва бусидани пойу дастонаш боз намедорад. Ин амалхо дар динни мубини Ислом ва мазхаби Ханафи кабул нест. Аз суханони Темурхон ки баъдан номашро барои шухраташ боло шудан Эмом Махди эълон кард ,маълум буд, ки саводи кофии динни надорад ва бештари амалхои у гайришариати мебошад.Чизи асоси он аст ки чун дар дехаи Асбоби ш.Турсунзода икомат дорад ва масчиди панчвактаи деха ки аз хонааш 50 метр дуртар аст намозро он чо анчом намедихад ва боре хам ба намози чумъа намеравад....сухан зиёд аст, вале "Шунидан кай бувад монанди дидан"

"Эй миллати сода!"

Сино аз: Кӯлоб аз бесаводии мардуми тоҷик гила кардааст, ки чунин зудбоварона ба доми фиреби ҳар навъ “шайх”-у “ношайх” меуфтанд: “Мардуми соддаи тоҷикро як мусафед фаҳмидааст ки зудбоваранд истифода кардааст.Эй миллати содда наход нафаҳменд чи хел у пайгомбар аст ки аз китоби паембари охирини башарият Муҳаммад (с) истифода мекард, китоби ин ''паёмбар'' куҷост???”

Ҷомӣ аз Восеъ ба онҳое, ки ин наворро сохтаи мақомот ва тӯҳмат меноманд, чунин навиштааст: “Наход, ки инсон одами олимро аз чохил фарк накунад ин Шайх темур як чохил ва мунофикест, ки дар либоси Исломи даромада аз надонистани мардуми худ беш аз хад истифода кардааст. Бубинед боз як муриди бесаводаш шарм накарда мегуяд, ки амниятихо онхоро мачбур карданд!!! Ман хайронам ое шуморо кормандони кумитаи амният мачбур сохт, ки мошин ва балони мошинро буса кунед? Ое кормандони кумита шуморо мачбур кард, ки таьзим кунон аз назди шайхи чохилатон бароед? Ое дар ислом ба гайри Алох таьзим кардан ба касе дигар куфр нест? Ое кормандони кумитаи Амният шуморо мачбур сохт, ки духтари ба сини шавхар норасидаро ба касе дихи, ки аз худаш зиеда аз 50 сол калонтар аст?”

Ва дар поёни ин хулосаи назарҳо чанд пора аз назариёти Завқибеки Маҳмадаминӣ, хабарнигори Шабакаи аввали телевизиони давлатиро меорем, ки дар шабакаи Фейсбук изҳор кардааст:

«ОДАМПАРАСТ ТО БА КАЙ????

Ҳамон гунае, ки дидем, ҳоло чанд хатиби ин минтақа гирдиҳам ҷамъ омада, амалҳои ин "шайхак"-ро дар рӯяш маҳкум мекарданд! Директори мактаби деҳаи ин "шайх" мегуфт, ки ӯ намегузоштанд фарзандонаш ба мактаб раванд!

Акнун суоли ман ин аст, ки то ин вақт ин хатибоне, ки ҳоло булбулаконашон дар хондан буд, куҷо буданд?????

Магар намедонистанд, ки "шайхаке" дар минтақаашон аз худ "авлиёву пайғомбар" сохтаасту инсонҳо алакай ба ӯ саҷда мекунанд????

Дар деҳаи мо чанд соли пеш як нафар камбағалро танхо барои он ки як фарзандашро ба мактаб рафтан намемондааст, қариб суд мекарданд! Вале куҷо буданд то ин дам масъулини ҳукуматҳои Турсунзодаву Ҳисору Шаҳринав ва мақомоти тафтишотии маҳаллӣ, ки ин ҳамаро нодида гирифтанд? Ё шояд онҳо ҳам алакай муридони ин "шайх" гашта буданд????

Ман ҳамеша зидди тӯҳмату сиёҳ кардани муллоҳо будам ва ҳастам! Вале дар мавриди ин "шайх" мегӯям, дасти барномасозон дард накунад! Онҳо кореро карданд, ки бояд масъулини ҳукуматҳои маҳаллӣ, мақомоти қудратии маҳал, хатибони масоҷиди маҳал (ки ҳоло булбул шудаанду забон бароварданд) ва мардуми маҳалли истиқомати "Шайх Темур" мекарданд!!!!»

Шакли пурраи филми “Ривояти “Шайх Темур”-ро, ки Шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон шоми 6 феврал намоиш дод, инҷо тамошо кунед: