Артиши Амрико эълон кард, ки дастаи дигаре аз киштиҳои ҳавопаймобарро барои муқобила бо таҳдидҳо ба Ховари Миёна хоҳад фиристод.
Ба гузориши Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, ин иқдом дар ҳолест, ки нерӯҳои амрикоӣ ҳамчунон ба макони шӯришиёни ҳусии Яман аз киштиҳои худ дар Баҳри Сурх ҳамла мекунанд.
Шӯришиёни ҳусиҳои Яман аз пуштибонии Эрон баҳравар ҳастанд.
Шон Парнел, сухангӯйи Вазорати дифои Амрико ё Пентагон, рӯзи якуми апрел гуфт, киштии ҳавопаймобари “Карл Винсон” ба “Ҳарри Труман” дар Ховари Миёна хоҳад пайваст.
Вай афзуд, ҳадаф идомаи мусоидат ба суботи минтақа, пешгирӣ аз таҷовуз ва ҳифзи гардиши озоди тиҷорат дар минтақа аст.
Ин эълон дар ҳолест, ки нерӯҳои амрикоӣ тақрибан ҳамарӯза ба мавқеи ҳусиҳо дар Яман ҳамлаҳои ҳавоӣ мекунанд, то таҳдиди онҳо ба киштиҳои ғайринизомӣ ва киштиҳои низомӣ дар минтақа бас гардад.