Харитаи “бачабозҳо” дар дастрасии ҳамагон

Дар Қазоқистон харитаи электронии нафароне дастраси умум шудааст, ки барои озори ҷинсии кӯдакон (педофилия) ҳукм гирифтаанд. Аз ин хабар агар бархе тарафдорӣ кунанд, нафароне ҳастанд, ки ин қарори додситонии куллро баҳсбарангез меҳисобанд. Яке аз ин нафарон сокини Алмаато Кенҷабек Исломов аст. Баъди пайдо кардани исми худ дар ин харита ӯ аз ходимони додситонии кулли Қазоқистон талаб дорад, ки исми “иштибоҳан” ба харита навишташудаи ӯро пок ва барои беобрӯ карданашон узрхоҳӣ кунанд. Исломов дар сӯҳбат бо телевизиони маҳаллии “31 канал” гуфт, ки ҷинояти 25 сол пеш содиркардаи ӯ на марбут ба “педофилия” буд, балки “таҷовузи гурӯҳӣ” ва бо назардошти собиқаи баъди ин поки худ, нашри исмаш дар ин харитаро ӯ таҳқиромез ва ноодилона арзёбӣ мекунад.

Ҳафтаи гузашта Кумитаи омори ҳуқуқӣ ва қайдҳои вижаи додситонии кулли Қазоқистон дар бораи нашри харитаи электроние хабар дод, ки, ба

қавли мақомот, барои ҳифзи атфол аз доми озордиҳандагони ҷинсии кӯдакон мусоидат мекунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки масъалаи озори ҷинсии кӯдакон дар ин ҷомеа то рафт доғ мешавад. Дар харита акс, ному номи падар, санаи таваллуд ва ҳамчунин суроғаи зисти афроде нашр шудааст, ки барои озори ҷинсии кӯдакон ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудаанд.

Дар кумитаи омори ҳуқуқии додситонии кулл мегӯянд, тасмими таҳияи харитаи электронии педофилҳо бо бардошт аз таҷрибаи бархе кишварҳои дигари хориҷӣ омода шудааст. Аз ҷумла, чунин қонун дар ИМА баъди таҷовуз ва куштори ваҳшиёнаи духтари 7-сола Меган Канка дар соли 1994 қабул шуд ва ба номи ин духтар ҳам қонуни Меган номгузорӣ шуд. Дар содир кардани ҷиноят нисбати ин духтар як ҳамсояи рӯбарӯяш иқрор шуд, ки дар гузашта барои озори ҷинсии кӯдакон ҳукм гирифта буд. Ин шахс ба ҳукми абади зиндон маҳкум шуд ва бо ташаббуси як вакили маҷлис баъдан дар Калифорния ва дар дигар иёлоти Амрико харитае бо маълумот дар бораи маҳалли буду боши афроди муҷрим дар педофилия таҳия гардид.

Муаллифи ин матлаб Казис Тогузбаев, хабарнигори бахши Қазоқии радиои Озодӣ (rus.azattyq.org) менависад, айни замон дар Қазоқистон бархе суол медиҳанд, ки дар сурати мисли Кенҷабек Исломов ба феҳрасти афроди хатарнок ворид шудани исми афроди бегуноҳ барои ин кӣ ҷавоб медиҳад? Бархе ҳуқуқшиносон дар ин кишвар мегӯянд, ки на дар ҳама ҳолатҳо нафарони барои озори ҷинсӣ ҳукмгирифта дубора даст ба чунин ҷиноят мезананд ва сохторҳои ҳифзи қонун наметавонанд шонси ин шахсро барои бозгашт ба зиндагии солиму осоишта халалдор созанд.

Дар Тоҷикистон: Ташаббуси бад нест, ба шарте ки...

Дар Тоҷикистон дар солҳои 2014 ва 2015, бино ба иттилои вазорати умури дохилаи кишвар, 38 ҳодисаи таҷовузи ҷинсӣ ба қайд гирифта шудааст. Омори таҷовузи кӯдакон дар даст нест. Соли 2016 матбуот дар бораи чанд ҳодисаи дастдарозии мардон ба кӯдакони ноболиғ хабар дода буд. Яке аз онҳо – омӯзгори мактабе дар ноҳияи Шаҳринав буд, ки ба номуси ҳадди аққал 3 тифли мактабхони 9 то 11-сола дастдарозӣ кардааст. Нигаронии худро дар ин масъала боре вакили собиқи маҷлис Саодат Амиршоева ҳам дар парлумон бардошта буд ва гуфт, ки муҷозот барои озории ҷинсии кӯдакон дар Тоҷикистон бояд шадидтар шавад.

Қонунҳои Тоҷикистон педофилия ё озори ҷинсии кӯдаконро ҳамчун ҷинояти сангин арзёбӣ мекунад ва барои муҷримон то 25 соли зиндонро дар назар мегирад. Ба андешаи Дилшод Муллоев, ҳуқуқшиноси маъруфи тоҷик, намунаи ҷорӣ кардани харитаи электронии педофилҳо дар Қазоқистон - аввалин дар Осиёи Марказӣ буда, аз таҷрибаи ҷаҳонӣ,

аз ҷумла аз Аврупо ва Амрико гирифта шудааст. Вай мегӯяд, агар ҳам дар Тоҷикистон барои амалӣ кардани ин ташаббус иқдоме андешида шавад, бояд ҳамаҷониба ва бо назардошти маҷмӯи тадбирҳо амалӣ шавад.

Вай гуфт: “Сохтани харита бештар хусусияти маъмурӣ дорад, вале панатсея ё давои ин дард буда наметавонад. Бо ин роҳ гуфта наметавонем, ки мо падидаи педофилияро мутлақ аз байн мебарем. Ин як тадбири огоҳонидани мардум аст. Илмҳои криминология ва тиб кайҳо собит кардааст, ки аксари педофилҳо ба таври комил аз ин ҷиноятҳо даст бардошта наметавонанд ва баъди муддате ҳатман онро дубора содир мекунанд”.

Айни замон, ин ҳуқуқшинос таъкид мекунад, ки масъала бояд хеле боназокат ва ҳам бо риояи меъёрҳои ҳуқуқиву ахлоқӣ пиёда шавад. Вагарна хатари ин вуҷуд дорад, ки баъзе афрод танҳо ба хотири бадномкунии “душманҳои худ” одамони бегуноҳро ба ин рӯйхати сиёҳу беобрӯкунанда ворид ва барои як умр ин шахсро раддимаърака мекунанд.

Масъалаи ҷиноятҳои ҷинсӣ, бахусус дар нисбати кӯдакон дар ҳама ҷомеаҳои ҷаҳон аз навъи ҷиноятҳои сангин ба ҳисоб мераванд. Таҷриба нишон медиҳад, ки дар аксар ҳолатҳо ҷиноятҳои мазкур аз ҷониби шахсони барои тифл шинос, мисли падар, бародар, сарпараст, муаллим, ҳамсоя ва ё нафари дигар содир мешаванд, чунки онҳо ба бовари кӯдак даромада тифлро фиреб ва ба доми худ медароранд. Дар баъзе мавридҳо қурбониёни ин ҷиноятҳо аз тарси шармандагиву ангуштнамо шудан исми озордиҳандаи худро пинҳон мекунанд.

Охири солҳои 1980-ум матбуоти расмии Тоҷикистон дар бораи ҳодисаи озории ҷинсии се духтаре гузориш дода буд, ки таи чандин сол зери мушту лагад ва таҳдидҳои падари биологии худ ҳамхобаҳои ӯ шуданд. Ин ҳодиса танҳо баъди он ошкор шуд, ки яке аз духтарҳо ба модарашон аз ин ҳодиса шикоят кард ва ин мард баъдан боздошт ва пушти панҷара рафт.