Бино ба гузориши нави "Шохиси ҷаҳонии фақр", ки аз ҷониби коршиносони Пажӯҳишгоҳи байналмилалии сиёсати ғизо таҳия шудааст, 8,7 дарсад аҳолии Тоҷикистон бо камбуди доимии ғизо рӯбарӯ аст.
Тибқи ин раддабандӣ, Тоҷикистон дар байни 127 кишвар дар зинаи 65-ум - байни Никарагуа ва Ғана ҷойгир шудааст.
Гуфта мешавад, ин таҳқиқот бар асоси чаҳор меъёр, аз ҷумла, марги кӯдакони то панҷсола ва лоғарӣ, омода шудааст.
Муаллифони пажӯҳиш гуфтаанд, 18,4 дарсади кӯдакони то панҷсола дар Тоҷикистон бар асари камғизоӣ қадпаст буда, 5,1 дарсади кӯдакони то панҷсола лоғаранд ва 3,0 дарсади кӯдакон то панҷсолагӣ мемиранд.
Дар байни ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ Белорус, Эстония, Литва, Латвия, Гурҷистон, Русия ва Узбакистон дар қатори 22 кишваре ҷойгир шудаанд, ки мизони камғизоӣ дар онҳо камтар аст.