Назира Алмуҳаммедова, сокини 76-солаи Қирғизистон, барои наҷоти фарзандонаш аз ғарқшавӣ дар шаҳри Душанбе ба як марди тоҷик изҳори сипос кард. Ҳодиса тобистони соли 1994 иттифоқ афтодааст. Алмуҳаммедова мегӯяд, номи мардро намедонад, аммо дар сӣ соли гузашта ёрии ӯро аз ёд набурд.
"Ин одам номашро нагуфта буд. Шояд хоксорӣ кард, аммо мехоҳам дигарон ҳам дар бораи ӯ бидонанд. Бидонанд, ки чунин шахсиятҳои фарзонае ҳастанд, ки дар бадбахтии дигарон бепарво нестанд. Ман дар симои ин шахс ба тамоми мардуми тоҷик сипосгузорӣ мекунам," – гуфт ин зан рӯзи 6-уми январ.
Назира Алмуҳаммедова, ки соли 1971 факултаи забони русии Донишгоҳи омӯзгории Душанберо хатм кардааст, аз соли 2012 дар шаҳри Токмаки вилояти Чуйи Қирғизистон зиндагӣ мекунад. Пеш аз он дар деҳаи Қарашӯри ноҳияи Ҷиргатол (Лахши ҳозираи Тоҷикистон) мезист. Дар яке аз мактабҳои маҳаллӣ омӯзгори забони русӣ буд. Ҳикоя ҳам менависад ва қиссаҳояшро дар маҷаллаи адабии "Помир" дар Душанбе нашр кардааст. Маҷмӯаи аввалини ҳикояҳояш соли 1990 бо номи "Ёддоштҳои омӯзгори деҳотӣ" (Записки сельской учительницы) чоп шуд.
"Фаҳмидам, ки бачаҳо ғарқ мешаванд"
Ин модари шаш фарзанд рӯзи 6-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз Қирғизистон иқрор шуд, ки воқеаи такондиҳандае аз соли 1994 то ҳол ӯро ором намегузорад. Имрӯз мехоҳад, ба як марди тоҷике, ки исмашро намедонад, сипосгузорӣ кунад.
Ба нақли ӯ, яке аз рӯзҳои моҳи августи соли 1994 ҳамроҳи фарзандонаш аз Ҷиргатол ба Душанбе ба хонаи хешовандон меҳмонӣ рафт. Хонаи онҳо дар маҳаллаи Шаҳраки ҳарбӣ, дар наздикиҳои обанбори минтақаи Гипроземи Душанбе ҷойгир буд, ки мардум онро бо номи "Карйер" ҳам мешиносанд. Ин обанбори сунъӣ дар ҷойи шағалкашии бинокорон сохта шуда, пури об буд ва дар дохили кӯл кӯдакон гоҳо оббозӣ мекарданд.
Алмуҳаммедова он рӯзро чунин ба ёд овард: "Барои сайругашт баромадем. Ман, ду ҷиянам ва панҷ фарзандам. Аз назди "Карйер"-и пур аз об мегузаштем, ки бачаҳо гуфтанд, ки мехоҳанд шиноварӣ кунанд. Се калонӣ ба об даромаданду ду фарзанди ман ва ду ҷиянам дар рӯи рег бозӣ мекарданд. Оббозии онҳо тӯл кашид. Ман дар тараддуди рафтан шудам. Ногаҳон ба назарам намуд, ки чизе рӯй медиҳад. Бачаҳо хеле аҷиб дар рӯи об дастак мезаданд. Он ҷо баъди соҳил якбора об чуқур будааст. Фаҳмидам, ки бачаҳо ғарқ мешаванд."
"Худам шиновариро наметавонистам, -- ба нақлаш идома дод зан. Ба назди соҳил рафта, дастамро ба яке аз бачаҳо, ки наздиктар буд, дароз карда, ӯро кашидам. Чашмам ба марди тахминан 30-солае афтод, ки аз самти Шаҳраки ҳарбӣ меомад. Тоҷик буд ва ду писар ҳамроҳаш. Вақте “Наҷот диҳед! Кумак кунед!” гуфта, фарёд кардам, ӯ зуд ба самти бачаҳо нигоҳ кард. Пойафзолашро кашида, худро ба об андохт. Бачаҳоро яке пайи ҳам ба соҳил баровард. Ба ӯ гуфтам, "номатонро гӯед, дар намозҳоям шуморо дуо кунам", ӯ рад карду ба роҳаш давом дод."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
“Одамони олиҷаноб”
Мегӯяд, он лаҳза дар дуртари соҳил ду зани дигар бо кӯдаконашон ин саҳнаро назорат мекарданд. "Тамоми умр дар дилам миннатдориямро ба он шахс ҳифз кардам", -- афзуд ӯ.
Назира Алмуҳаммедова иқрор шуд, ки тамоми ин солҳо ҳодисаро аз ҳамсараш ҳам пинҳон доштааст, чун бовар дошт, ки ӯ аз ин ҳодиса ба хашм меояд. Ҳамсараш ду сол пеш даргузашт. "Бале, бисёр ваҳшатзада шудам. Чунин хаёл мекардам, ки ман гунаҳкорам, чун бо бачаҳо барои сайругашт баромадам, онҳо қариб буд ғарқ мешуданд. Ман худро гунаҳкор мекардам. Метарсидам," – мегӯяд Алмуҳаммедова.
Айни замон, ба гуфтаи ин модар, фарзандони аз ғарқшавӣ наҷотёфтааш, ки он вақт 9, 11 ва 13-сола буданд, ҳодисаро хуб ба ёд доранд, аммо ӯ ҳамеша талош кардааст бо онҳо дар бораи ин воқеаи дардовар гап назанад.
Назира Алмуҳаммедова мегӯяд, бисёр мехоҳад, ки садои сипоси ӯро он марди тоҷик ва ду кӯдаке, ки ҳамроҳаш он лаҳзаҳо дар назди "Карйер" буданд, бишунаванд ва бидонанд, ки ӯ ҳеч гоҳ ин корнамоии ӯро фаромӯш накардааст.
"Қирғизистон акнун ватани ман аст, вале Тоҷикистон тамоми умр ватани ман буд... Ман фақат мехостам, ки одамони зиёде дар бораи қаҳрамонҳое бидонанд, ки дар байни мо зиндагӣ мекунанд – одамони олиҷаноб," – хулоса кард ӯ.