Гӯри танҳо. Парвандаи куштори Қадриддин Аслонов боз нашудааст. ВИДЕО

Қадриддин Аслонов

Бо гузашти 28 сол аз қатли Қадриддин Аслонов, раиси пешини Шӯрои олии Тоҷикистон, то ҳол ҷузъиёти кушта шудани ӯро эълон накардаанд.

Ба қавли шоҳидон, ӯро моҳи декабри соли 1992, замони авҷи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, пас аз чанд муддати асорат куштаанд. Гӯри ӯ дар теппае дар шаҳри ҳозираи Леваканд боқист.

АСЛОНОВРО КӢ ГӮРОНД?

Сайёфи Мизроб, сардабири нашрияи “СССР”, ки дар гузашта қазияи марги Қадриддин Аслоновро таҳқиқ карда буд, гуфт, ҷасади ӯро се сокини кӯҳансоли Леваканд ёфтаву дафн кардаанд.

Сайёфи Мизроб

"Насаби яке аз онҳо Сармисоқов буд. Дигаре бобои Бӯрихон ва сеюмӣ эшони Чилла. Чун солхӯрда буданд, ба онҳо чизе намегуфтанд. Мурдаҳоро таги хок мекарданд. Гуфтанд, шинохтем, ки одами саршинос аст, сарвари Тоҷикистон буд ва декларатсияи истиқлолро имзо гузошта буд, алоҳида гӯр кардем", -- нақл кард ӯ.

Тоҳир Сармисоқов, сокини шаҳри Леваканд ва писари яке аз онҳое, ки Аслоновро ба хок супурдааст, он рӯзҳоро хуб ба ёд дорад: "Падарам иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд ва омада, ҷасадҳоро дафн мекард. Яке аз онҳо раҳматии Аслонов буд. Гирифту дар болотар гӯр кард. Ҳамаи ҳуҷҷатҳояш дар кисааш буданд, дар зери сараш монд."

СУКУТИ ФАРЗАНДОН

Бо гузашти солҳо, фарзандони Қадриддин Аслонов аз ин ҳодиса огоҳӣ ёфта, болои қабри падар санги мазор гузоштаанд. Ҳоло бештаре аз онҳо берун аз Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд ва нафароне, ки мондаанд, нахостанд, дар ин бора суҳбат кунанд.

Зулхумор Аслонова, ҳамсари Қадриддин Аслонов ба далели беморӣ нахост, дар ин бора чизе бигӯяд.

Қадриддин Аслонов соли 1947 дар Ғарм (ҳозира Рашт) таваллуд шуда, бештар дар вилояти собиқ Қӯрғонтеппа кору зиндагӣ кардааст. Моҳи майи соли 1992 нирӯҳои исломиву демократӣ пас аз тазоҳуроти тӯлонӣ қудратро дар Тоҷикистон ба даст гирифта, ҳукумати муросои миллӣ таъсис доданд. Дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ шуруъ шуд ва дар авҷи он Аслонов ҳамчун раиси вилояти Қӯрғонтеппа ба ин минтақаи ҷангзада рафт ва нопадид шуд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Қатли Қадриддин Аслонов кори кӣ буд?

ТААҶҶУБИ УСМОНОВ

Иброҳим Усмонов, таърихнигор ва сиёсатшиноси тоҷик, бо тааҷҷуб ин суолро матраҳ мекунад, ки намедонад чаро Қадриддин Аслонов ба қабули ин вазифа розӣ шудааст.

“Чун медонистанд, дар вилояти Қӯрғонтеппа мардуме, ки зодгоҳашон водии Рашт аст, роҳбарӣ карда наметавонанд. Муқовимат дар он минтақа хусусияти маҳаллӣ пайдо карда буд. Аввалин ҷое, ки рафт ноҳияи Панҷ буд. Онҳое, ки бо умед ба наздашон рафта буд, Аслоновро бандӣ карданду ба қувваҳои мухолиф супурданд”, -- афзуд ӯ.

Иброҳим Усмонов

Дар бораи рӯзҳои дар асорат будани Қадриддин Аслонов иттилои расмӣ вуҷуд надорад. Он замон аз сарнавишти Қадриддин Аслонов чизе мушаххас набуд. Танҳо гуруҳе огоҳ буданд, ки дар асорати нирӯҳои Фронти Халқии зери раҳбарии Файзалӣ Саидов дар шаҳри Сарбанд (Леваканди ҳозира) аст.

Таърихнигор Нуралӣ Давлатов мегӯяд: “Бархеҳо мегӯянд, Сангак Сафаров аз ӯ барои дар Душанбе куштани Рустами Абдураҳим шахсан қасос гирифтааст, аммо санаи кушта шуданаш маълум нест.”

РАҲМОНОВА: ГУФТА БУДАМ, АСЛОНОВ ЗИНДАВУ САЛОМАТ ҲАСТАНД

Адолат Раҳмонова, вакили собиқ Шӯрои олӣ гуфт, то замони баргузории иҷлосияи 16-ум дар наздикии шаҳри Хуҷанд Қадриддин Аслонов зинда буд.

Адолат Раҳмонова

Ӯ гуфт: "16-уми ноябри соли 1992 иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистонро оғоз кардем. Таклифҳо шуд, ки раисони ноҳияву вилоятҳо биёянд. Дар бораи Қадриддин Аслонов бисёр гап заданд. Гуфтанд, то вақте наояд, иҷлосия оғоз нашавад. Ман хеста гуфтам, ки бародарон, депутатҳои азиз, шунидам, ки Аслонов зиндаву саломат ҳастанд. Чаро Шумо дар бораи 5 депутати дигар, ки ба таври ваҳшиёна ба қатл расонда шуданд, аз ҷумла Нуруллоҳ Ҳувайдуллоев, Олими Мавлон, Муродуллоҳ Шерализода намепурсед? Магар инҳоро 15 ҳазор нафарӣ халқи Тоҷикистон интихоб накарда буданд?"

ФАРЗИЯИ ДИГАРИ ҚАТЛИ ҚАДРИДДИН АСЛОНОВ

Дар ҳамин ҳол, арзияҳои дигари куштани Қадриддин Аслонов ҳам вуҷуд дорад. Нуралӣ Давлат, таърихнигори тоҷик, ба ин назар аст, ки қатли Қадриддин Аслонов аз манъи фаъолияти Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва миллисозии моликияти он сарчашма мегирад.

Нуралӣ Давлат

"Аслонов аз Ҳизби коммунист баромад, моликияти ҳизби коммунистро дар Тоҷикистон миллӣ кард. Ҳизби коммунистро бо пайравӣ аз президенти Русия ва баъзе кишварҳои дигар фаъолияташро дар Тоҷикистон мамнӯъ кард. Аслан, омилҳое, ки сари Аслоновро хӯрданд, ҳамин чиз буданд", -- шарҳ дод ӯ.

Биҳоҷал Раҳимова, ки дар оғози даҳаи 1990 дар вазифаи муовини сарвазири Иттиҳоди Шӯравӣ ифои вазифа мекард, гуфт, Қадриддин Аслонов дастпарвари мактаби комсомол ва Ҳизби коммунисти Шӯравӣ буд. Вай мегӯяд, ҳарчанд Аслонов инсони хубе буд, дар шароити истиқлол ва гуногунандешӣ натавонист, тавозуни манфиатҳои гурӯҳҳои гуногунро риоя кунад.

Қабри Қадриддин Аслонов

Дар гузашта нерӯҳои гуногуни ҷомеа пешниҳод карда буданд, ки ба Қадриддин Аслонов унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода шавад, зеро маҳз ӯ эъломияи истиқлолро имзо гузоштааст. Аммо мақомот дар ин бора ҳеч вақт ишорае накардаанд. Ҳоло оромгоҳаш дар ҳамон ҷое танҳо аст, ки он замон дафн шуда буд. Баъзан наздикону дӯстон ба зиёрати мазораш мераванду бас.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Тоҷикистон то Эмомалӣ Раҳмон чанд президент дошт? ВИДЕОМиллати озод аз онҳо ҳатман ёдоварӣ мекунад"Ота", пешво... Ё Сангак Сафаров кӣ буд?Ҳабибулло Табаров: “Аз дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ сахт гиламандам”Солеҳҷон Ҷӯраев: "19 сол боз дар ҷустуҷӯи адолатам"Истиқлол: Пешниҳоди Т.Абдуҷаббор буд ё "тӯҳфа"-и Горбачев?Тире, ки синаи Қадриддин Аслоновро шикофт, тири кӣ буд?Демократҳо: “Аслонов Қаҳрамони миллӣ эълон шавад.”Пас аз даҳ соли террори Сафаралӣ Кенҷаев