Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пас аз даҳ соли террори Сафаралӣ Кенҷаев


Бо гузашти даҳ сол аз террори Сафаралӣ Кенҷаев, раиси собиқи Шӯрои олии Тоҷикистон ва аз муассисони Ҷабҳаи халқӣ ва бунёдгузори Ҳизби сосиалист ва раиси собиқи кумитаи Маҷлиси Олии ин кишвар то ҳанӯз омилони ин куштор ошкор ва шиносоӣ нашудааст.

Ҷиноҳи ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон бо роҳбарии Мирҳусейн Назриев бо интишори як баёния аз додситонии кулли кишвар тақозо кардааст, ки таҳқиқи парвандаи куштори Кенҷаевро аз сар гирифта ҳарчи зудтар қотилон ва фармоишгарони ин кушторро ба ҷомеа маълум созад.

Аммо куштори Кенҷаев танҳо мавриди террори шахсиятҳои шинохта дар замони нооромиҳои дохилии кишвар нест, ки нокушуда боқӣ мондааст. Омилони қатли шахсиятҳои маъруф чун Юсуф Исҳоқӣ, Минҳоҷ Ғуломов, Муҳамад Осимӣ ва чанди дигар маълум нашудааст.

Ҷиноҳи ҲСТ дар баёнияи худ аз ниҳодҳои интизомӣ ва тафтишотии Тоҷикистон интиқод кардааст, ки натавонистаанд тайи даҳ соли гузашта омилони куштори Сафаралӣ Кенҷаев - бунёдгузори ин ҳизб ва раиси пешини Шӯрои Олии Тоҷикистонро боздошт ва ба ҷазо кашанд. Мирҳусейн Назриев, раиси яке аз ҷиноҳҳои Ҳизби сосиалисти Тоҷикистон, ки аз сӯи давлат эътироф намешавад, дар як сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки додситонӣ ва дигар аз масъулони тафтишотӣ таҳқиқи ин ҳодисаро ба дасти фаромӯшӣ супоридаанд. Дар ҳоле, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дафъатан баъди ҳодисаи террори раиси Ҳизби сосиалисти Тоҷикистон ҷаласаи изтирорӣ ташкил дода ва барои таҳқиқ даҳ рӯз фурсат дода буд.

Сафаралӣ Кенҷаев 30 марти соли 1999 замоне мавриди террори афроди номаълум қарор гирифт, ки раёсати кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсонро дар Маҷлиси Олии Тоҷикистон бар ӯҳда дошт. Ӯ, ронанда ва муҳофизонаш дар рӯзи равшан дар маҳаллаи 82-и пойтахт бо тири туфанг кушта шуданд.

Дар баёнияе, ки аз сӯи оқои Нарзиев нашр шуд, гуфта мешавад, ки чанд дақиқае пеш аз ҳодиса мушовири президенти Тоҷикистон Қурбон Восиев, ки он вақт муовини раиси ҲСТ буд, ба телефони кории Кенҷаев занг зада, ӯро барои кадом маслиҳати муҳим ба ҷои ҳодиса даъват мекунад. Аммо баробари расидан ба маҳалли даъватӣ ӯ ҳадафи ҳамла қарор мегирад.

Дар ҳамин ҳол Шералӣ Кенҷаев, яке аз фарзандони Сафаралӣ Кенҷаев, гуфт, ки тӯли ин ҳама солҳои баъди фоҷеа мақомоти тафтишотӣ танҳо як маротиба ӯро даъват ва мавриди пурсуҷӯ қарор додаанд. Оқои Шералӣ гуфт, ки дар он вақт муфаттиши кумитаи амният акси се нафар аз афроди мазнун дар ин кушторро манзур кард, ки сокинони вилояти Хатлонанд ва гӯиё аз пайравони афсари шӯришӣ Маҳмуд Худойбердиев будаанд. Аммо, афзуд оқои Шералӣ, ин фарзия боварибахш набуд. Чаро ки худи падари ӯ қабл аз террор бо нашри изҳороте расмӣ аз масъулони кумитаи амнияти миллӣ хоста буд, то аз таъқибу назорати ӯ даст бардоранд.

Нигаронии масъулони ҷиноҳи Ҳизби сосиалисти Тоҷикистон бо роҳбарии Мирҳусейн Нарзиев аз фаъолияти номуассири мақомоти тафтишотии кишвар ҷиҳати ошкор ва боздошт кардани қотилони Сафаралӣ Кенҷаев дар ҳоле садо медиҳад, ки то ба имрӯз сарнавишти парвандаҳои куштори чеҳраҳои маъруфе, чун Қадриддин Аслонов - раиси собиқи Шӯрои Олии Тоҷикистон, Ҷӯрабек Аминов - муовини раиси КАМ, Сайф Раҳим – нависанда, Моёншо Назаршоев - вакили Шӯрои олӣ, Баширхон Исҳоқӣ, Минҳоҷ Ғуломов ва Муҳаммад Осимӣ ва дигар олимону равшанфикрони тоҷик рӯшан нест. Аз сӯи дигар таҳқиқи кушторҳои пурсарусадои замони даргириҳои дохилӣ ва муҳокимаҳои додгоҳии бархе аз ин парвандаҳоро бархе аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар ва коршинсон боварибахш наҳисобидаанд. Ба боварии онҳо, таҳқиқи чунин парвандаҳо натавонистааст ҳақиқати воқеиро ошкор кунад.

Аммо Абдусамӣ Додобоев, муовини аввали додситони кулли Тоҷикистон, гуфт, ки ҳарчанд таҳқиқи бархе аз ин парвандаҳои ҷиноӣ муваққатан боздошта шудааст, аммо бо дастрасии далоили тоза тафтишот идома хоҳад кард.

Ва аммо дар баёнияи ҷиноҳи ҲСД ҳамчунин аз додситонии кулли Тоҷикистон дархост шудааст, ки барои идомаи таҳқиқоти парвандаи куштори Сафаралӣ Кенҷаев афроди босалоҳиятеро аз мақомоти тафтишотӣ ҷалб карда ва аз натоиҷи кори онҳо ҷомеаро огаҳ созад.
XS
SM
MD
LG