"15 парвандаи ҷиноӣ дорад." ВКД боздошти "Боим"-ро тасдиқ кард

Иброҳим Сафаров. Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ боздошт ва истирдоди Иброҳим Сафаров, машҳур бо лақаби "Боим"-ро аз Туркия ба Тоҷикистон тасдиқ карданд. Радиои Озодӣ дар ин бора дар аввали моҳи декабри соли 2024 хабар дода буд.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ, рӯзи 13-уми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, Иброҳим Сафарови 53-сола аз рӯйи 15 парвандаи ҷиноӣ таҳти ҷустуҷӯй қарор дошт.

"Ҳамаи парвандаҳо барои ба муомилот баровардани маводи мухаддир. Пештар дар Русия барои ин ҷиноят ба ҷавобгарӣ кашида шуда буд. Ҳоло дар Истанбули Туркия дастгир ва ба Тоҷикистон оварда шудааст ва тафтиши парвандаҳояш идома дорад," – афзуд вазир.

Ҳарчанд Раҳимзода дар бораи парвандаҳои Иброҳим Сафаров ҷузъиёт надод, пештар манбаъҳои Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки ӯ "ба таъсиси шабакаи фурӯши ҳабҳои экстазӣ" ва "нигаҳдории силоҳ айбдор мешавад". Мавқеи наздикон ё вакили мудофеаш ба иттиҳом маълум нест.

Исми Иброҳим Сафаров (Боим) дар гузашта низ борҳо бо интиқолу фурӯши миқдори бузурги маводи мухаддир расонаӣ шуда буд. Расонаҳои русӣ аз ӯ “Пабло Эскобари Тоҷик” ном мебурданд.

Вай, ки дар гузашта ба баргузории консерт ва таҳияи суруд ба сарояндагон мадад мекард, соли 2006 бо беш аз 200 кило ҳероин дар Русия боздошт ва ба нуздаҳ сол зиндон маҳкум шуд. Соли 2020 дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки озод шудааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар соли 2024 дар умум нуҳ гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноии иборат аз 42 нафарро боздошт кардааст, ки аз онҳо 280 кило маводи мухаддир гирифта шудааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Манобеъ: "Боим" дар Туркия дастгир ва ба Тоҷикистон оварда шудааст