Қарор аст, тантанаҳои бахшида ба 20-солагии Иҷлосияи 16-и Шӯрои олӣ рӯзи душанбе дар Қасри Арбоб доир шавад.
20 сол пеш зимоми қудрат дар Тоҷикистон ба дасти Эмомалӣ Раҳмон (он вақт Раҳмонов) гузашт. Пешрафти ин марди барои кишвар ношинос дар майдони сиёсат барои бисёриҳо ғайриинтизор буд. Ҳукумати расмӣ ду даҳсола боз дар бораи бурузи Эмомалӣ Раҳмон дар майдони сиёсат қиссаҳо таҳия мекунад. Аммо ин таҳаввулот чигуна сурат гирифт ва оё дуруст аст, ки қабл аз нишастан ба курсии раҳбарӣ ӯ бо Маскаву Тошканд вориди муомилот буд?
Соли 1992. Бӯҳрони сиёсӣ ва комилан фалаҷ шудани ҳукумати иҷроия. Муқовимати гурӯҳҳои мусаллаҳ - Фронти Халқӣ аз як тараф ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин аз тарафи дигар. Президенти он давр Раҳмон Набиев маҷбуран ба истеъфо рафт ва акнун тасмимҳои сиёсӣ роҷеъ ба сарнавишти кишвар дар хориҷ гирифта мешуд.
Тақрибан ҳамаи вилоятҳои Тоҷикистон ба ҳукумати марказӣ тобеъ набуд. Маскаву Тошканд аз раиси Шӯрои олии Тоҷикистон талаб карданд, ки оташи бӯҳрони сиёсиро фурӯ нишонад. Он вақт Акбаршо Искандаров ба ҷуз даъвати сессияи фавқулода дар дар Хуҷанд чораи дигаре надошт. Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ таври маъмул на дар бинои парлумони вилоят, балки бинобар масоили амниятӣ дар канораҳои Хуҷанд, дар Қасри Арбоб, баргузор шуд.
Рисолати аслии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ ҳалли бӯҳрон ва хотима додан ба хунрезиҳо буд. Акбаршоҳ Искандаров бо ин роҳ мехост парлумони кӯҳнаро пароканда карда, парлумони навро рӯи кор биёрад. Ӯ бовар дошт, сабаби аслии бӯҳрон тақсими нобаробари салоҳиятҳо дар байни минтақаҳои Тоҷикистон буд.
Аммо ин сиёсатмадори камтарҷирба хабар надошт, ки дар пушти саҳнаи Иҷлосияи 16-ум коргардонҳое даст ба амал буданд, ки исми ӯро аз рӯйхати афроди даркорӣ хат задаанд. Интиригаи асосӣ дар Хуҷанд дар атрофи курсии раиси Шӯрои олӣ ҷараён гирифт. Вақте намояндагони мухолифин фаҳмиданд, ки депутатҳои минтақаи Кӯлоб барномаи аз бозӣ берун кардани Акбаршоҳ Искандаровро тарҳрезӣ кардаанд, дарҳол пешниҳоди ба вақти дигар гузаронидани ҷаласи Шӯрои олиро дар миён гузоштанд. Аммо намояндагони Фронти Халқӣ, ки аз пуштибонии Маскаву Тошканд бархӯрдор буданд, боитминон амал мекарданд.
Дар ин ҷаласа намояндагони Фронти Халқӣ, ки қабалан барқарор кардани «сохти конститутсионӣ»-ро талаб мекарданд, ғайриинтизори мухолифин, дигар дар фикри ба курсии раҳбарӣ баргардонидани президенти он давр Раҳмон Набиев набуданд. Баръакс, акнун онҳо номзадии Эмомалӣ Раҳмонов, намояндаи мардумӣ аз минтақаи Кӯлобро ба мақоми раиси Шӯрои олӣ пешниҳод карданд ва масъалаи муваққатан даст кашидан аз сохтори идораи президентиро матраҳ намуданд.
Рафтани Акбаршоҳ Искандаров аз курсии раиси Шӯрои Олӣ барои мухолифин дарднок буд. Аммо онҳо таъйини Эмомалӣ Раҳмон ба ин мақомро бо сари баланд пазируфтанд ва барои пуштибонӣ аз раиси нави Шӯрои олӣ изҳори омодагӣ карданд. Дар вақти танаффуси дурӯзаи парлумон, Эмомалӣ Раҳмон, ки акнун ба мақоми раиси Шӯрои олӣ интихоб шуда буд, аз назарҳо нопадид буд. Матбуоти расмӣ гуфт, ӯ дар ин муддат аз ноҳияи Шаҳритус дидан кардааст.
Нуқтаи авҷи Иҷлосияи 16-ум дар Хуҷанд, оштии тарафҳои даргир буд. Фармондеҳони Фронти Халқӣ ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин бо ҳам даст доданд, савганди бародарӣ хӯрданд ва парчами кишварро бӯсиданд. Аммо баробари ба поён расидани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ дар Хуҷанд, даргириҳо бо нерӯи дучанд шурӯъ шуданд. Сессияи 16-ум, ончунон ки интизор мерафт, сулҳофарин нашуд, аммо нуқтаи оғози давраи Эмомалӣ Раҳмон буд...