Чаро порлумон дар бораи боздошти баъзе мақомҳои Оҷонсӣ сукут кард? САДО

Дар ҳоле ки аз боздоштҳои пурсарусадои баъзе кормандони Оҷонсии зиддифасод се ҳафта мегузарад ва дар ин муддат раҳбари ниҳод ду дафъа дар иҷлосияи порлумон ҳозир шуд, вакилон боре ба ин масъала таваҷҷӯҳ накарданд. Бархе аз вакилон мегӯянд, ки дар ин замина парванда боз шуда ва намехоҳанд, бо матраҳ кардани қазия дар порлумон ба раванди тафтишот халал расонанд.

Боздоштҳои пурсарусадои кормандони Оҷонсии зиддифасод се ҳафта қабл, дар пайи дастгир шудани Фирӯз Холмуродзода расонаӣ шуд.

Вакилон... худдорӣ мекунанд

Қабл аз оғози иҷлосияи рӯзи 3 май, ки дар кори он Сулаймон Султонзода, раиси Оҷонсии зиддифасод ҳузур дошт, хабарнигорон аз баъзе вакилон хостанд, то аз ӯ дар мавриди боздоштҳои ахир суол кунанд. Ин иқдом ба хотири он буд, ки дар ҳошияи иҷлосияи ҳафтаи гузашта Сулаймон Султонзода дар суҳбат бо хабарнигорон аз шарҳи қазияи боздошти кормандони масъули Оҷонсӣ худдорӣ карда ва ин қазияро "махфӣ" хонда буд.

Сулаймон Султонзода

Сулаймон Султонзода

То ҳол на Оҷонсии зидди коррупсия ва на ниҳоди дигари ҳифзи қонун боздоштҳои пурсарусадоро шарҳ намедиҳанд ва ин ҳол боис ба пахши гузоришҳои санҷиданошудаи зиёд шудааст. Танҳо раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров буд, ки рӯзи 26 апрел дар ҳузури Султонзода ба хабари боздоштҳои ахири кормандони баландпояи Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ишора карда гуфт, онҳое, ки қонунро нақз кардаанд, бояд ҷавоб диҳанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Чаро порлумон дар бораи боздошти баъзе мақомҳои Оҷонсӣ сукут кард?

Дар иҷлосияи порлумонии рӯзи 3 май хабарнигорон умед доштанд, вакилон бо истифода аз ҳузури Сулаймон Султонзода дар мавриди ин қазия суол хоҳанд кард. Аз ҷумла, дар бораи онки асли қазия чист, чанд нафар боздошт шудаанд, ривояти ҷинояти онҳо чист ва дар таҳқиқи қазия тафтишот то имрӯз ба куҷо расидааст? Вале ҳеч кадом аз вакилони порлумон ба ин мавзӯъ муроҷиат накард.

Абдуҳалим Ғаффоров

Абдуҳалим Ғаффоров, раҳбари Ҳизби сотсиалист ва вакили Маҷлиси намояндагон баъди анҷоми иҷлосия далели ин амрро ба расонаӣ шудани мавзӯъ рабт дод ва гуфт, ки тафсилоти боздоштҳо дар нашрияву сайтҳои интернетӣ мунташир шудааст. "Боздоштшудаҳо дар давраи Сулаймон Султонзода ба кор наомадаанд. Агар ҳамин тавр мешуд, вакилон аз ӯ суол мекарданд”, - афзуд ӯ. Ҳамзамон, Ғаффоров таъкид кард, ки "дар порлумон касеро дар матраҳ кардани ин мавзӯъ манъ накардаанд."

Саидҷаъфар Усмонзода, раҳбари Ҳизби демократ ва вакили порлумон гуфт, матраҳ кардани ин мавзӯъ ҳанӯз барвақт аст. Зеро, ба гуфтаи вай, "дар мавриди кормандони боздоштшудаи агентӣ парванда боз шуда, аммо то ҳол дар бораи гунаҳкор будани онҳо қарори додгоҳ набаромадааст". Саидҷаъфар Усмонзода гуфт, "агар зарур мебуд, ин мавзӯъро худи раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия шарҳ медод".

Саидҷаъфар Усмонзода

Ба қавли вакили дигари порлумон Бахтовар Сафаров, ҳоло тафтишот идома дорад ва агар касе ҷиноят карда бошад, ҷазо мегирад. Ҳамзамон вай гуфт, "вакилон асосан дар атрофи масъалаи муҳокимашаванда баҳс мекунанду савол медиҳанд. Масалан, дар иҷлосияи имрӯз раиси Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия лоиҳаи ворид кардани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Оҷонсиро шарҳ дод ва вакилон ҳам дар атрофи ин масъала суҳбат карданд".

"Аъзои маҷлис бисёр вақт хомӯшанд"

Бархе аз коршиносон ва журналистони огоҳ аз кори порлумони Тоҷикистон мегӯянд, ки падидаи "хомӯшии" аъзои маҷлис дар баробари масоили доғу мавриди таваҷҷӯҳи ҷомеа нав нест. Интиқод дар ин замина бахусус баъд аз интихоботи соли 2015 бештар шуд, ки ба узвияти Маҷлиси намояндагон аксар ҳизбҳои рӯ ба ҳукумат роҳ ёфтанд.

Нуриддин Қаршибоев

Нуриддин Қаршибоев, раҳбари Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон, дар ин замина гуфт, "порлумони кишвар умдатан дар мавриди масоили доғи рӯз ибрози назар намекунад. Ба истилоҳи дигар, ҳадди ақал ба мисли порлумони Қирғизистон фаъол нест. Аз ин лиҳоз дар бештари масоил, ба мисли мушкили муҳоҷирон, баҳсҳои шадиди марзӣ ва ахиран боздоштҳои кормандони масъули Агентии зиддифасод хомӯширо афзал медонад".

Қаршибоев гуфт, далели ин вазъ дар он аст, ки "вакилон бештар аз манфиатҳои шахсиву гурӯҳӣ ҳимоят мекунанд". Вай гуфт, то имрӯз дар қазияи Оҷонсии зиддифасод на мавқеи мақомоти давлатӣ ва на порлумон рӯшан нест. "Ин дар ҳолест, ки порлумон дар баробари президент ҳаққи аз номи мардуми Тоҷикистон ба ҳодисаҳо вокуниш карданро дорад. Аммо дар чанд соли охир чунин вокунишҳо дар роҳи ҳимоят аз ҳуқуқу манфиатҳои миллату давлати Тоҷикистон ба мушоҳида нарасидааст", - таъкид кард ӯ.

Алишер Зарифӣ

Хабарнигори парлумонии оҷонсии "Озодагон" Алишер Зарифӣ мегӯяд, дар муқоиса ба кишварҳои дигари пасошӯравӣ порлумони кишвар чандон фаъол нест ва ба ҳодисаҳое, ки ба манфиату ҳуқуқи миллат ё давлат рабт мегирад, билофосила вокуниш намекунад. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ӯ, "дар бархе аз кишварҳои пасошӯравӣ дар сурати рух додани ҳодисаи таркиш ё ошкор шудани мавриди порагирии мансабдорон ҳатман вазир ё раиси ниҳоди марбутаро ба порлумон хонда ва шарҳу тафсир талаб мекунанд."

Домани боздоштҳо то куҷо хоҳад кашид?

На танҳо вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, балки расонаву нашрияҳо ва радиову телевизионҳои давлатӣ ҳам дар мавриди боздошти баъзе кормандони собиқу амалкунандаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ба иттиҳоми ришвахӯрӣ иттилое пахш накардаанд.

Фирӯз Холмуродзода

Боздоштҳои пурсарусадои кормандони Оҷонсии зиддифасод се ҳафта қабл, дар пайи дастгир шудани Фирӯз Холмуродзода расонаӣ шуд. Масъулони Оҷонсии зидди коррупсияи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Фирӯз Холмуродзода бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноии кишвар -- 247, яъне "қаллобӣ" ва 391 - "сӯистифода аз мақом ё баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ", айбдор дониста шуда ва ҳамакнун дар СИЗО-и шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешавад. То имрӯз боздошти нафари дувум - Давлатбек Хайрзода, муовини собиқи раиси ин оҷонсӣ ҳам тасдиқ шудааст.

Ин афрод аз ҷониби ходимони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва додситонии кулли Тоҷикистон боздошт шудаанд. Як мақоми оҷонсии зиддифасод ба Радиои Озодӣ гуфт, дар маҷмӯъ то имрӯз 5 нафар дар боздошт ҳастанд ва дигарҳо барои посух додан ба саволҳои тафтишот даъват мешаванд. Сабаби боздошти ин афрод ва ҳамчунин мавқеи боздоштшудаҳо ба ин қазия ва иттиҳомоти ворида мушаххас нест.