Сармоягузорони покистонӣ ба Тоҷикистон чашм дӯхтаанд

Шералӣ Ҷононов, сафири Тоҷикистон дар Покистон

Соҳибкорони покистонӣ барои сармоягузорӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон воқеъ дар вилояти Суғд, ноҳияи Ишкошим, Данғара ва Панҷ таваҷҷӯҳ нишон медиҳанд.

Рӯзи 3 март Шералӣ Ҷононов, сафири Тоҷикистон дар Покистон дар шаҳри Ровалпиндӣ бо намояндагони Утоқи тиҷоративу саноатии Покистон, ки бештар аз 6 ҳазор узв дорад, имкони сармоягузориҳои онҳо дар бахшҳои мухталифи иқтисоди Тоҷикистонро баррасӣ кард. Онҳо изҳори омодагӣ кардаанд, ки дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар вилояти Суғд, дар Ишкошим, дар Данғара ва ноҳияи Панҷ сармоягузорӣ кунанд.

Соҳибкорони покистонӣ мехоҳанд дар бахшҳои бофандагӣ, дорусозӣ, коркарди пашму пӯст, коркарди сангҳои гаронбаҳо низ бо Тоҷикистон ҳамкории худро густариш диҳанд. Намояндагони баъзе аз ширкатҳо хостаанд, ки аз Тоҷикистон боздид ва бахшҳои мавриди назари худро дар ин кишвар аз наздик бубинанд. Ҷониби Тоҷикистон мехоҳад, ки онҳо бештар ба Тоҷикистон сармоя ворид кунанд ва корхонаҳои хурду миёна созанд. Барои ин кор Тоҷикистон ба онҳо баъзе сабукиҳои ҳуқуқӣ ва гумрукӣ хоҳад дод. Ин мулоқот ба ибтикори ҷониби Покистон сурат гирифт ва онҳо бо назардошти дурнамои рушди корхонаву ширкатҳои худ мехоҳанд дар оянда аз нируи барқи Тоҷикистон истифода кунанд.

Оқои Ҷононов мегӯяд, дар шароити кунунӣ Покистон ба 6 000 MW нируи барқ эҳтиёҷ дорад, вале бо назардошти рушди иқтисод, сохтмони корхонаҳо ва афзоиши аҳолӣ ин рақам дар солҳои оянда афзоиш хоҳад ёфт. Коршиносон ҳисоб кардаанд, ки то соли 2021 камбуди нируи барқ дар Покистон ба 10 000 MW хоҳад расид. Бинобар ин, корхонадорону соҳибкорон аз ҳоло барои бароварда сохтани ниёзмандиҳои худ бо барқ сарчашмаҳои онро ҷустуҷӯ мекунанд. Ҳоло 70 дарсади барқи Покистон аз газу нафт ва ангиштсанг тавлид мешавад ва он барои ин кишвар хеле гарон тамом мешавад. 30 дарсади боқимонда ба нируи барқи обӣ дуруст меояд.

Бо назардошти чунин вазъ, на танҳо соҳибкорону корхонадорон, балки ҳукумати Покистон нигоҳашро бештар ба кишварҳое дӯхтааст, ки дурнамои хуби имконоти тавлиди барқ доранд. Масалан, Навоз Шариф баъд аз интихобаш ба мақоми нахуствазирӣ аввалин сафараш ба кишварҳои Осиёи Миёнаро аз Тоҷикистон анҷом дод. Вай рӯзҳои 17-18 июни соли 2014 дар ҷараёни ин боздид ҳамкориҳои баъдиро баррасӣ кард, ки он нишонаи таваҷҷуҳи Покистон ба сарчашмаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон буд.

Сипас, моҳи декабри соли 2014 Покистон дар Истамбули Туркия бо Тоҷикистону Афғонистон ва Қирғизистон қарордоди интиқоли барқ имзо кард, ки бар асоси он, Тоҷикистону Қирғизистон зери чатри Бонки Ҷаҳонӣ ба арзиши 9,35 сент 1000 МW барқ аз тариқи тарҳи CASA-1000 ба Покистон содир хоҳанд кард. Ба ин нарх ҳамаи хадамоти дигари марбут ба интиқол ва тақсими барқ низ дохил мешавад. Дар ин муомила саҳми Тоҷикистон 70 дарсад ва саҳми Қирғизистон 30 дарсадро ташкил хоҳад дод, яъне мизони бештари барқи ин хат аз Тоҷикистон хоҳад буд.

Оқои Ҷононов мегӯяд, мизони умумии барқи содиротӣ 1300 МW-ро ташкил медиҳад. Аз он 1000 МW -ро Покистон ва 300 МW-ро Афғонистон хоҳад гирифт. 4 декабри соли 2014 ҳангоми имзои ин қарордод дар Истанбул Сартоҷ Азиз, мушовири нахуствазири Покистон дар умури хориҷӣ таъкид кард, ки бо назардошти эҳтиёҷоти рӯзафзуни Покистон ба нируи барқ, кишвараш мехоҳад интиқоли барқ аз тариқи CASA-1000 ба 4000 МW расонда шавад, зеро 1000 МW танҳо 20 дарсади камбуди нируи барқро метавонад зери пӯшиш бигирад. Албатта, мушовири нахуствазир Навоз Шариф дар ин маврид бо назардошти имконоти ояндаи тавлиди барқи обӣ ё имконоти гидроэнергетикии Тоҷикистону Қирғизистон ин суханонро ба забон овард.

Бар асоси тарҳи мавҷуда, хати CASA-1000 масофаи 1200 километрро ташкил медиҳад ва аз қаламрави 4 кишвар-яъне Қирғизистону Тоҷикистон ва Афғонистону Покистон мегузарад. Хати интиқоли барқ дар баъзе ҷойҳо аз манотиқи кӯҳистонии ин кишварҳо мегузарад ва сохтмони он мушкил хоҳад буд.

Бо вуҷуди ин, Шералӣ Ҷононов-сафири Тоҷикистон дар Исломобод мегӯяд, қарор аст, ки то поёни соли 2017 ё дар оғози соли 2018 сохтмони ин хат ба поён расад ва интиқоли нируи барқ тавассути он оғоз шавад. Ҳоло аз ҳисоби намояндагони ин чаҳор кишвар Шӯрои байниҳукуматӣ ташкил шудааст ва сохтмони CASA 1000 -ро назорат мекунад.

Бо омадани Навоз Шариф бар сари ҳукумат кор дар иҷрои тарҳи CASA-1000 фаъолтар шудааст ва ташкили Шӯрои байниҳукуматӣ ва ҳамчунин тавсеаи ҳамкориҳо бо Тоҷикистон ва умуман бо кишварҳои Осиёи Миёна аз ташаббусҳои вай ба шумор меравад.