Аз 897 маҳбуси озодшуда 87 нафарашон зан ва 30 каси дигар ноболиғ мебошанд.
Аммо ному насаби зиндониҳои озодшуда нашр нашудааст. Аз ин рӯ маълум нест, дар миёни озодшудаҳо шахсоне низ ҳастанд, ки ба қавли наздиконашон бо иттиҳомҳои сохта ва ё дорои ангезаҳои сиёсӣ ба маҳбас андохта шудаанд?
Танҳо дар се соли гузашта, беш аз даҳ хабарнигору блогер дар Тоҷикистон бо иттиҳомҳои гуногун зиндонӣ шуданд, ҳарчанд худашон гуфтаанд, ки гуноҳе надоранд.
Радиои Озодӣ бо наздикони ҳадди ақал се хабарнигори зиндонӣ суҳбат кард ва ҳамаи онҳо гуфтанд, азизонашон аз маҳбас набаромаданд.
Ба қавли мақомот, бахшиш ба муносибати ҷашни Навруз сурат мегирад, вале ҳомиёни ҳуқуқ ба дигар сабабҳо низ ишора мекунанд. Аз ҷумла зиндонҳои пур аз маҳкумшуда дар Тоҷикистон.