Озарбойҷон як украиниро ба Узбекистон супурдааст

Акс аз бойгонӣ

Ду нафаре, ки бо дархости Тошканд таҳти пайгарди қонуни байнулмилалӣ қарор доштанд, дар Озарбойҷон боздошт ва ба Узбекистон истирдод шудаанд.

Додситонии кулли Озарбойҷон хабар дод, ки дархости ҷониби Узбекистонро дар бораи боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашидани шаҳрванди 32-солаи Украина Арсен Калдарар ва узбекистонии 44-сола Абдураҳмон Қаюмов қонеъ кард.

Калдарар ва Қаюмов ба гумони қаллобӣ таҳти ҷустуҷӯ қарор доштанд. Онҳо дар моҳи феврали имсол дар Озарбойҷон боздошт ва ҳабс шуда буданд.

Боздоштшудаҳо ба мақомоти Узбекистон таслим карда шудаанд.