Баъди маълум шудани исми барандаи интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон, Ҳомиди Карзай қудратро ба ӯ таслим хоҳад кард. Аммо суоле ҳам матраҳ аст, ки Карзай баъди тарки мақом куҷо хоҳад рафт?
Се номзади пешсаф дар интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон гуфтаанд, ки раисиҷумҳури кунунӣ Ҳомиди Карзайро дар ҳукумати оянда ба ҳайси мушовир кор хоҳанд гирифт. Коршиносон мегӯянд, новобасата аз ин ки кадоме аз номзадҳо дар интихобот пирӯз мешавад, ӯ ҳатман ба таҷриба ва кордонии Ҳомид Карзай ниёз хоҳад дошт.
Баъди ҳудудан 12 соли раҳбарӣ бар Афғонистон Ҳомиди Карзай билохира курсии раҳбариро ба ҷойгузини худ месупорад. Аммо гумон намеравад, ки бо раҳо шудани зимоми давлат аз дасти Карзай нуфузи ӯ дар саҳнаи сиёсии Афғонистон коҳиш ёбад. 3 номзади пешсафдар сабқати интихоботи раёсати ин ҷумҳурӣ - собиқ вазири молия Ашрафғанӣ Аҳмадзай ва ду вазири собиқи умури хориҷӣ Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Зулмай Расул аз пешниҳоди мақоми мушовир ба Ҳомиди Карзай пуштибонӣ кардаанд. Карзай, ки бар пояи Қонуни асосии Афғонистон, ҳаққи танҳо ду давраи президентиро дошт, алакай аломат додааст, ки мехоҳад дар оянда низ аз бозигарони муҳим дар саҳнаи сиёсӣ боқӣ бимонад.
Ашрафғанӣ Аҳмадзай гуфтааст, ки агар дар интихоботи раёсати ҷумҳур пирӯз шавад, ба Ҳомиди Карзай нақши мушовирро пешниҳод хоҳад кард. Ӯ гуфтааст, барои Карзай мақомеро таъсис хоҳад дод, ки дар он Карзай дар умури миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ ҳаққиӣ райъ ва нақши умда дошта бошад.
Зулмай Расул ҳам, ки номзади мавриди назари Карзай ба шумор мерафт, гуфтааст, ки Карзай ҳоло ҷавон аст ва бо нақши калидие, ки дар кишвар дошт, ҳанӯз ҳам аз пуштибонии зиёде бархӯрдор аст. «Ҳама чӣ ба худи Карзай бастагӣ дорад. Вақте ман бо ӯ дар ин бора сӯҳбат мекунам, мегӯяд, ки феълан ба истироҳат ниёз дорад,»- гуфтааст Зулмай Расул.
Ҳатто рақиби қадимии Карзай - доктор Абдуллоҳ, ки сабқати ҷанҷолбарангези соли 2009-ро бо ӯ пушти сар кардааст, аз Ҳомиди Карзай, ки бо эҳтиром ва риояи Қонуни асосии Афғонистон аз мақом меравад ва раёсаташро чун ҳокимони Осиёи Марказӣ маҷбуран ба дӯши афғонҳо бор намекунад, ситоиш намуд. Доктор Абдуллоҳ рӯзи 8-уми апрел ба бахши паштуи радиои ББС гуфт, ки нақши боризеро барои Ҳомид Карзай дар назар дорад.
Зубайр Шафиқӣ, таҳлилгари умури сиёсӣ дар Кобул мегӯяд, бо онки номзадҳо ба раёсати ҷумҳур аз ҳузури Карзай дар саҳнаи сиёсӣ ҳарос доранд, вале боз ҳам медонанд, ки дар ин кишвари бесубот ва тақсимшуда ба қавмҳо ба таҷрибаи президенти гузашта мӯҳтоҷ хоҳанд буд. «Карзай аз онҳоест, ки бар қавми худ (паштунҳо) ва умуман дар манотиқи ҷануби кишвар нуфуз дорад. Бар илова, ӯ тавонистааст равобити хуберо бо тоҷикҳо ва ҳазораҳо бунёд кунад. Карзай чун пештара дар нуқоти мухталифи кишвар эътироф мешавад, махсусан дар ҳоле ки нирӯҳои байналмилалӣ аз кишвар хориҷ мешаванд ва афғонҳо дар рӯбарӯи Толибон танҳо мемонанд,» - мегӯяд Зубайр Шафиқӣ.
Кейт Кларк, таҳлилгари аршади бунгоҳи таҳлилии Afghanistan Analysts Network мегӯяд, ки ҳеҷ як аз номзадҳои пешсаф намехоҳанд, ки Карзай аз мадди назари онҳо дур бимонад. «Ҳомиди Карзай аслан «мурғобии ланг» нест ва президенти оянда ҳатто агар бихоҳад ҳам, ӯро аз саҳна берун карда наметавонад,»- мегӯяд Кейт Кларк .
Карзай - нахуствазир?
Бисёре аз нозирон мегӯянд, Карзай кайҳо боз ноаён бар сари дурнамои худ баъди интихобот меандешид. Дар ҳоле ки ӯ ба таври ошкоро аз ҳеҷ номзаде пуштибонӣ накардааст, вале аксаран мегуфтанд, ки ӯ мушовири собиқи худ Зулмай Расулро ҷойгузин и худ дидан мехоҳад. Гуфта мешавад, ки Карзай бародараш Қаюми Карзайро ҳам ба хотрии Зулмай Расул аз сабқат берун овард. Ин иқдом шоеаҳоеро ба миён овард, ки Ҳомид Карзай ба нақши нахуствазири қавӣ дар ҳукумати президенти зайиф чашм дӯхтааст - варианти Путин ва Медведев дар Русия. Ин ҳам дар ҳоле ки Карзай метавонад баъди панҷ соли нахуствазирӣ дубора президент интихоб шавад ва зимоми қудратро боз ба даст бигирад.
Аз сӯи дигар ҳар нақши Ҳомид Карзай дар умури Афғонистон ҳамчун зарба ба Ийолоти Муттҳаида ба назар мерасад. Моҳҳои ахир равобити Карзай бо Вашингтон он қадар сард шуд, ки қариб ба душманӣ гаравид. Ин мухолифат дар ҳоле зуҳур кард, ки Карзай қарордоди дуҷонибаи амниятӣ, ки ба низомиёни Амрико баъди соли 2014 ҳам иҷозаи буду бош дар Афғонистон медод, имзо накард ва гуфт, ки ин санадро бояд президенти оянда имзо кунад.
Аммо Насруллоҳ Станакзай, устоди риштаи сиёсатшиносӣ дар донишгоҳи Кобул мегӯяд, ки ба эҳтимоли қавӣ Вашингтон аз нақши мушовирии Карзай дар ҳукумати оянда пуштибонӣ мекунад ва розӣ хоҳад буд, агар президенти оянда аз таҷрибаҳои Карзай дар ҳамкорӣ бо Вошингтон ва НАТО истифода кунад.
Аз сӯи дигар, Карзайи 56-сола, вале то ҳадде харизматик, ки барои рафтан ба кунҷи фаромӯшӣ ва ё ба «нафақа» ҳанӯз ҷавон аст, дар бораи барномаҳои ояндаи худ хеле хоксорона сӯҳбат мекунад ва маъмулан танҳо бо як ибора, ки «омода ҳаст, ба Ватан хидмат кунад» ва он ҳам ба ин шарт ки агар ҷойгузинаш иҷозат бидиҳад, иктифо меварзад.