Нерӯҳои амниятии афғон аз субҳи имрӯз тадобири шадиди амниятиро барои таъмини амнияти ин интихобот рӯи даст гирифта буданд. То кунун аз даргирӣ ва ё ҳамла ба марокизи раъйдиҳӣ гузорише нарасидааст.
Миллионҳо тан аз афғонҳо рӯзи шанбе дар саросари ин кишвар, барои истифода аз ҳаққи раъйи худ дар беруни марокизи раъйдиҳӣ саф бастанд. Агарчӣ дар Кобул ва манотиқи мухталифи ин кишвар аз субҳи имрӯз борон меборид, аммо бар асоси гузоришҳо, резиши борон монеи таҷаммӯи бузурги мардум ба шумули занон ва мардон дар берун аз марказҳои раъйдиҳӣ нашуд. Ба далели ҳузури густурдаи мардум, раиси Комиссияи мустақили интихобот хабар дод, ки марказҳои раъйдиҳӣ як соат бештар аз замони таъйиншуда боз мемонанд.
Бархе аз сокинони дар манотиқи мухталифи Афғонистон дар паёмҳое, ки ба бахши афғонистонии радиои "Озодӣ" гузоштаанд, дар мавриди баргузории интихобот ибрози хурсандӣ кардаанд. Бинобар иштироки густурдаи мардум дар интихоботи имрӯз дар Афғонистон, дар баъзе аз марказҳои раъйдиҳӣ аз камбудӣ варақаҳои интихоботӣ гузориш шудааст. Аммо Юсуф Нуристонӣ, раиси Комиссияи мустақили интихоботии Афғонистон чанд соат пеш дар як конфронси хабарӣ гуфт, ин ниҳод талош дорад то варақаҳои раъйдиҳиро ба ин марокиз бирасонад.
Натоиҷи ниҳоии интихоботи Афғонистон 14-уми май эълон мешавад
Қарор аст натоиҷи аввалияи интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон дар таърихи 24-уми апрел ва натиҷаҳои ниҳоии он дар 14-уми май эълон шавад.
Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон мегӯяд, барои пирӯз шудан дар интихобот панҷоҳ дарсади орои интихобкунандагон ниёз аст. Дар сурате, ки интихобот ба даври дувум роҳ ёбад, он дар 28-уми май миёни ду номзади пешсаф баргузор мегардад.
Дар ҳамин мақомоти афғон мизони мушорикати мардум дар интихоботро густурда гуфтаанд. Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон гуфтааст, то қабл аз зуҳри рӯзи шанбе дар интихоботи президентӣ ва шӯроҳои вилоятии он кишвар, се миллиону 800 ҳазор нафар раъй додаанд. Ин буд, ки ин ниҳоди масъули баргузории интихобот дар Афғонистон, мӯҳлати замони раъйдиҳиро як соат тамдид кард.
Мақомоти афғон, масъулони интихоботӣ ва хабарнигорони бахши афғонистонии Радиои Озодӣ аз ҳавзаҳои интихоботӣ хабар медиҳанд, ки раванди интихобот бидуни ҳеҷ мушкили ҷиддӣ ва рӯйдоди амниятии муҳим, ба таври ором пеш меравад.
Соати ҳафти субҳ имрӯз ба вақти маҳаллӣ, интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон ва ҳамчунин шӯроҳои вилоятӣ дар ин кишвар оғоз шуд. Бо баргузории ин интихобот, барои аввалин бор дар таърихи ин кишвар интиқоли қудрат ба таври демократӣ сурат мегирад. Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури феълии Афғонистон пас аз андохтани раъйи худ ба сандуқ, аз мардум хост, ки бо вуҷуди ҳавои хунук ва бориши борон дар раъйгирӣ ширкат кунанд.
Ин интихобот дар ҳоле баргузор мешавад, ки гурӯҳи Толибон аз қабл таҳдид карда буд, ки раванди интихоботро ба ҳам мезанад. Дирӯз дар остонаи ин интихобот як пулиси афғон дар вилояти Хуст ба сӯи ду хабарнигори хабаргузории Ассошиэйтед Пресс оташ кушод, ки дар натиҷа аксбардори олмонии ин хабаргузорӣ кушта ва як гузоришгари дигар, ки шаҳрванди Канада мебошад, захмӣ шуд.
Дар ин ҳол мақомоти афғон мегӯянд, беш аз 350 ҳазор аскар барои таъмини амнияти интихоботи имрӯз сафарбар шудаанд. Дар ин интихобот 12 миллион афғон ҳаққи раъйдиҳӣ доранд ва ҳудуди 200 ҳазор нозири афғон интихоботи имрӯзро назорат мекунанд. Нозирони хориҷӣ баъд аз ҳамлаи моҳи гузаштаи Толибон ба меҳмонхонаи "Серена"-и Кобул, ки дар он шумори зиёди хориҷиҳо ба шумули нозирони байналмилалӣ зиндагӣ мекарданд, Афғонистонро тарк карданд.
Барои курсии Ҳомид Карзай ҳашт номзад -- Абдуллоҳи Абдуллоҳ, Абдураб Расули Сайёф, Қутбиддин Ҳилол, Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, Зулмай Расул, Гул Оғо Шерзай, Ҳидоят Амин Арсало ва Довуд Султонзай мубориза мебаранд.
Карзай аз соли 2001, яъне аз соли вуруди нируҳои Амрико ва эътилофи байналмиллалӣ ба Афғонистон ва шикасти Толибон дар Кобул раҳбарии ин кишварро бар ӯҳда дорад ва тибқи қонун Карзай ҳаққ надорад бори севвум худро номзад пешбарӣ кунад.
Ба гуфтаи коршиносон, рақобати ҷиддӣ миёни Абдуллоҳи Абдуллоҳ -- аз ёрони Аҳмадшоҳи Масъуд ва намояндаи Эътилофи шимол ва миёни Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ва Зулмай Расул, ки аз пуштибонии низоми ҳоким дар Кобул бархӯрдоранд, сурат мегирад. Интихоботи президентии Афғонистон дар ҳоле сурат мегирад, ки қарор аст, то поёни соли равон нирӯҳои Амрико ва эътилофи таҳти фармони НАТО аз ин кишвари ҷангзада хориҷ шаванд.