Агар умр вафояш мекард, Отахон Латифӣ рӯзи 18 март 80-сола мешуд. Ин журналист ва сиёсатмадори шинохтаи тоҷик 22 сентябри соли 1998 дар назди манзилаш дар маркази Душанбе дар як сӯиқасди мусаллаҳона бо се тири туфанг кушта шуд. Ин се тир риштаи умре нафареро канд, ки аз ангуштшумор журналистони тоҷики соҳибмактаб дониста мешуд.
Латифиро дар синни 62 ва замоне куштанд, ки ӯ баъди имзои созишномаи сулҳи соли 1997 тоза як сол боз ба Ватан баргашта буду дар Кумиссиюни оштии миллӣ аз ҷониби оппозисиюн намояндагӣ мекард ва мӯътақид буд, ки Тоҷикистон бебозгашт пой ба роҳи сулҳ гузоштааст.
Латиф Латифӣ, писари Отахон Латифӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз охирин гуфтугӯяш бо падар чунин қисса кард: “Ман он замон дар сафорати Тоҷикистон дар Тошканд кор мекардам. Ду рӯз пеш аз қатлаш телефонӣ сӯҳбат кардем. Ягон эҳсоси ташвишу нигаронӣ надошт, балки мегуфт, Тоҷикистон хеле орому осуда шудааст. Мегуфт, даъвои ягон мансабу мақом ҳам надорам, ки касе ба ман ғараз бигирад. Чун манзили мо дар фосилаи пиёдароҳ аз меҳмонхонаи “Вахш” – қароргоҳи Куммиссиюни оштии миллӣ воқеъ буд, пиёда мерафту меомад ва аз хидмати ронандаву ду муҳофизаш ҳам даст кашида буд.”
Он шабу рӯз манзили Латифӣ дар дасти тармим қарор дошт ва субҳи 22 сентябри соли 1998, ӯ қабл аз рафтан ба ҷои кор устоҳояшро хабар гирифт. Вақте ки аз даромадгоҳи бино берун шуд, ду нафар бо Отахон Латифӣ саломуалейк карданд. Вале маълум шуд, ки онҳо ҳарду мусаллаҳанд ва ба қасди ҷони ӯ омадаанд...
Отахон Латифӣ 18 марти соли 1938 дар шаҳри Панҷакент ба дунё омада, соли 1963 риштаи журналистии Донишгоҳи Ленинград, Санкт-Петербурги имрӯзаро хатм кардааст. Ӯ 4 сол дар рӯзномаи “Комсомолетс Таджикистана” ва аз соли 1967 то 1973 ба ҳайси хабарнигори рӯзномаи “Комсомолская Правда” дар Тоҷикистон фаъолият кардааст. Аммо нуқтаи авҷи маъруфияти Латифӣ ҳамчун журналист 16 соле буд, ки ӯ аз соли 1973 то 1989 дар рӯзномаи “Правда” – нашрияи асосии ҳизби ҳокими коммунисти СССР дар Тоҷикистон кор кард.
Дар интихоботи вакилони Шӯрои олии СССР дар баҳори соли 1989 аз ҳавзаи Роҳи Оҳан (Шоҳмансури имрӯза)-и Душанбе номзадиашро пешбарӣ кард, вале ба мақомоти вақт, ки ӯро барои фошгӯиҳояш зиёд хуш надоштанд, муяссар шуд, ки дар даври дувуми овоздиҳӣ ва он ҳам бо фарқи андаке рақиби Латифиро пирӯз кунанд. Дар поёни соли 1989 раҳбари вақти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов Латифиро муовини сарвазир таъин кард. Соли 1991 Латифӣ довталабона аз ин мақом истеъфо дод ва ба журналистика баргашта, дар рӯзномаи “Известия” ба кор пардохт. Ӯ ҳамзамон раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон интихоб шуд ва ҳамроҳ бо Алексей Сафаров, як соҳибкори тоҷики муқими Финландия ширкати “ЗарФин”-ро таъсис дод.
Дар баҳори соли 1992 Отахон Латифӣ ҳамроҳ бо Акбари Турсон ва Лоиқ Шералӣ байни тазоҳургарони ҷамъшуда дар ду майдони Шаҳидон ва Озодӣ миёнарав шуданд ва бо миёнаравии онҳо ҳукумати муросои миллӣ таъсис ёфт. Дар поёни соли 1992, дар пайи ба Душанбе ворид шудани нирӯҳои Фронти халқӣ – яке аз тарафҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, Латифӣ тарки кишвар кард ва муддате дар Маскаву баъдан дар Теҳрон ба сар бурд. Ӯ он солҳо раҳбари Шӯрои ҳамоҳангсози нирӯҳои демократии Тоҷикистон дар кишварҳои муштаракулманофеъ буд ва то замони ба музокироти сулҳ расман пайвастани Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ва Саид Абдуллоҳи Нурӣ раҳбарии ҳайъати мухолифинро дар нахустин давраҳои музокироти сулҳ бо ҳукумат бар ӯҳда дошт. Моҳи сентябри соли 1997, баъди се моҳи имзои созишномаи сулҳ, вақте барои иҷрои он Кумиссиюни оштии миллӣ таъсис ёфт, Латифӣ ба Душанбе баргашт ва то рӯзи кушта шуданаш ба ҳайси раҳбари зеркуммиссиюни ҳуқуқии ин ниҳоди нозири раванди сулҳи Тоҷикистон кор кард.
Онҳое ки Отахон Латифиро мешинохтанд, аз ӯ ба унвони як журналисти ҳақиқатҷӯву қолабшикан ва пурнуфуз ёд мекунанд. Ба бовари шогирдонаш, Латифӣ дар аҳди Шӯравӣ ба сари худ як оппозитисия дар дохили системаи шадиди коммунистӣ буд ва дар атрофаш тақрибан ҳама афроди озодандешу рӯҳияашон миллиро муттаҳид карда буд. Бо онки ҳизби ҳокими коммунисти Тоҷикистон он замон ҳамагӣ се котиб дошт, Латифиро ба хотири нуфузе, ки бар марказҳои қабули қарори ин ҷумҳурӣ дошт, ҳатто “котиби чоруми СеКа” ном мебурданд.
Абдурофеъ Рабизода, адиби тоҷик ва аз шогирдони Отахон Латифӣ мегӯяд, ҳокимони вақти ҷумҳурӣ аз ӯ метарсиданд, зеро Латифӣ нотарсона масоили барои ин ҳокимон нохушояндро аз минбари “Правда” матраҳ мекард ва мақомоти Душанбе ночор буданд, ки ин мушкилоти матраҳшударо ислоҳ кунанд: “Отахон Латифӣ ҳамин тавр, як пушту паноҳи мардуми қаламкашу эҷодкор буд. Лоиқ Шералӣ, ҳар боре ки таҳти фишор қарор мегирифт, ба Латифӣ муроҷиат мекард. Вақте Одина Ҳошимро барои хондани як шеъри Лоҳутӣ ҳабс карданд, Латифӣ буд, ки ӯро аз зиндон наҷот дод. Касе ба котиби дуюми СеКа, ки рус буд ва аз котиби якум нуфузи зиёдтар дошт, гуфтааст, ки Одина Ҳошим “Фалак” мехонад ва “Фалак” мазҳабист. Латифӣ аз ин котиб пурсид, ки ҳадафи аз ҳама олии Шӯравӣ кадом аст? Ӯ гуфт: Фатҳи кайҳон. Латифӣ аз ҷайбаш қуттии сигори “Космос”-ро баровард ва гуфт, маънои “Фалак” ҳамин кайҳон аст. Ҳамин ҳимояти Латифӣ боис шуду Одина Ҳошимро озод карданд.”
Абдурофеъ Рабизода меафзояд, вақте ҷараёни сохтмони нирӯгоҳи Норак кунд шуд, Латифӣ аз минбари “Правда” ташаббуси “эстафетаи коргарӣ”-ро дар миён гузошт, ки ба ин сохтмон ҷони нав дамид. Масъалаи дигаре, ки Латифӣ истодагарӣ кард, тарҳи сохтани обанбор дар қаламрави водии Вахш ва ба Қаршии Узбакистон кӯчондани сокинони ин водӣ буд, ки баъди мақолаи Латифӣ сарвазири СССР Николай Косигин иҷро ин тарҳро боздошт.
Абдурофеъ Рабизода мегӯяд: “Дар он даврон Латифӣ агар ба ноҳияе сафар мекард, мақомоти он минтақаро ларза мегирифт. Ба ин ҳад аз ӯву қаламаш тарс доштанд. Аз тариқи “Правда” масъалаҳоеро мегузошт, ки мухолиф бо хатти машши раҳбарони ҳизби коммунисти Тоҷикистон буд ва ҳокимони маҳаллиро маҷбур ба ҳаракати бештар мекард.”
Латифӣ ҳамин тавр, дар ҷараёни музокироти сулҳи солҳои 90 низ яке аз мӯҳраҳои муҳим ба шумор мерафт ва қатли ӯ дар таърихи 22 сентябри соли 1998 боис шуд, ки ҳайъати Иттиҳоди нирӯҳои мухолифин дар ин куммиссиюн бо талаби таъмини амнияти аъзояш як ҳафта корпартоӣ кунад. Мухолифин танҳо рӯзи 30 сентябр баъди чанд рӯзи музокирот бо президент Эмомалӣ Раҳмонов ва даст ёфтан ба тавофуқ дар бораи ташкили як кумиссиюни муштараки назорат ба ҷараёни таҳқиқи куштори Отахони Латифӣ дубора ба кор баргаштанд.
Рӯзи 26 январи соли 1999 телевизиони давлатии Тоҷикистон навореро намоиш дод, ки дар он Равшан Ғафуров, яке аз фармондеҳони саркаши марбут ба гурӯҳи Саидмухтор Ёров, ки дар минтақаи Ҳазрати Мавлонои шарқи пойтахт амал мекард, баъди боздошт шуданаш масъулияти қатли Отахони Латифиро ба гардан гирифт ва гуфт, ӯро бо амри раҳбарони мухолифин ва барои “хиёнат ба оппозисиюн” куштаанд. Аммо баъди ҳамагӣ ду ҳафтаи нашри ин навор Равшан Ғафуров худ ба таври мармуз зимни анҷоми як амалиёти тафтишотӣ кушта шуд.
Саидмухтор Ёров ва Нозим Воҳидов, як фармондеҳи дигари мухолифин дар ноҳияи Ваҳдат, ки ба гуфтаи мақомот, дар сӯъиқасд ба ҷони Латифӣ мустақиман ширкат дошт, низ дар ҷараёни амалиётҳо нирӯҳои интизомӣ кушта шудаанд. Аз ҷамъи афроди муттаҳам ба қатли Отахони Латифӣ танҳо парвандаи Абдуллоҳ Турсунов ба додгоҳ расид ва Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар таърихи 7 июни соли 2000 ӯро ба 17 соли зиндон маҳкум кард.
Бар асоси ҳукми додгоҳ, маҳз Абдуллоҳ Турсунов ба Латифӣ тир холӣ кардааст. Абдуллоҳ Турсунов дар соли 1998, ки Латифӣ кушта шуд, ҳамагӣ 18 сол дошт. Латиф Латифӣ, писари Отахон Латифӣ мегӯяд: “Ин як нафаре ҳам, ки бо ҷурми қатли падарам маҳкум шуд, то ҷое медонем, алакай бар асоси яке аз қонунҳои афв раҳо ёфта, дар озодист. Вале суолҳои беҷавоби зиёде дар мавриди ин парванда боқӣ мемонад. Аз ҷумла инки оё дар пушти ин куштор кӣ меистод ва фармоишгар кӣ буд?”
Ба муносибати 80-солагии Отахон Латифӣ дар Тоҷикистон баргузории кадом маросиме дар сатҳи расмӣ дар назар гирифта нашудааст. Пайвандони Латифӣ мегӯянд, зодрӯзи ӯро бо як маросим дар ҳалқаи хонавода ва ёрону дӯстони наздикаш таҷлил хоҳанд кард.
Манзура Яъқубова, ҳамсари Отахон Латифӣ гуфт, тӯли ин ҳама 18 соле, ки ӯ нест, ҳар сол ду маротиба – рӯзҳои 18 март дар зодрӯзаш ва рӯзҳои 22 сентябр дар рӯзи қатлаш ба ёди ӯ дастурхон мекушояд.
Ҳамин тавр, ба муносибати 80-солагии Латифӣ рӯзи 15 март дар риштаи журналистикаи Донишгоҳи миллӣ як нишасти илмӣ дар мавзӯи таъсири осори ӯ ба насли нави журналистикаи тоҷик доир шуда ва рӯзи 17 март, маҳфили навбатии “Гуфтугӯи тамаддунҳо”-и Иброҳим Усмон низ ба Отахон Латифӣ бахшида хоҳад шуд.