Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёде аз Латифӣ, хабарнигорӣ ва сиёсатмадории ӯ


Марҳум Отахон Латифӣ
Марҳум Отахон Латифӣ

Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон озмуни бахшида ба 75-солагии Отахон Латифиро ҷамъбаст кард.

Иттиҳодия китоби нависанда ва публисисти тоҷик Абдурофеъ Рабиев ва китоби ба русӣ навиштаи Саломиддин Мирзораҳматов, рӯзноманигори тоҷики муқими Қазоқистонро барандагони озмун донист.
Ин террор ва куштори сиёсӣ буд. Дар паси ин амал кӣ ва кадом гурӯҳ меистад, то ҳол пинҳон мондааст. Ҳоло "дело"-ро бастаанду бо ҳамин тамом аст...


Диплом ва тӯҳфаҳои барандагон дар як маросими начандон бузург дар ҳузури шогирдони зиндаёд Отахон Латифӣ ва публисистону рӯзноманигоргон супорида ва аз ӯ ба унвони рӯзноманигору публисисти соҳибмактаб ва сиёсатмадору ходими ҷамъиятии Тоҷикистон ёдоварӣ карда шуд.

ХОТИРАҲОИ ЛАТИФӢ

Адиби шинохта Абдурофеъ Рабиев мегӯяд, ҳанӯз аз овони наврасӣ ба хонаводаи Устод Латифӣ рафтуомад дошта, бардоштҳоеро дар китобаш овардааст, ки то кунун дар хотираҳову навиштаҳо дар бораи ӯ гуфта нашудаанд.

"Хурдсол будам ва ба ҳавлии амаки Маҳмадлатиф (падари Отахон) меомадам. Мисли ин ки дар ҳамин хонавода бузург шуда будам. Бобои Отахон Латифӣ аз тарафи модарӣ хамсабақи устод Айнӣ ва бисёр донишманду огоҳ буданд. Латифиро бештар ахлоқу муҳити адабии хонаводагӣ ба ин мартабаву устодӣ расонид. Дар китоби худ сатрҳои нонавиштаро кӯшидаам рӯи варақ биёрам ва ҳоло ба навиштани қисмати баъдии он машғулам",-афзуд Рабиев.

Барандаи дигари ин озмун Саломиддин Мирзораҳматов, рӯзноманигори тоҷики муқими,Қазоқистон мегӯяд, ки дар даврони Шӯравӣ бо Устод Латифӣ робитаи дӯстӣ дошта, бо навиштаву мақолаҳои эшон ошноӣ доштааст.

"УСТОДИ ЖУРНАЛИСТОНИ ТОҶИК"

Вай гуфт, "хушҳолам, ки навиштаи маро қадрдонӣ карданд. Устод Латифӣ устоди журналистон буд ва аз худ як мактаби бузурги хоси журналистиро боқӣ гузошт, ки аксари рӯзноманигорони маъруфи мо аз ин мактаб баҳра бардоштаанд. Китоби ман "Отахон зист, офарид ва мубориза бурд" аст, ки бахше аз он дар ҳафтаномаи мустақили "Азия-Плюс" ба нашр расида, инъикоси муборизаҳои Латифӣ дар пайроҳаҳои мухталифи ҷомеаро фаро гирифтааст."

Натиҷаи озмуни Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон як рӯз қабл аз баргузории бузургдошти Отахон Латифӣ эълон карда шуд.

Рӯзи 18-уми март ба муносибати зодрӯзи зиндаёд Латифӣ Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон низ як ҳамоиш баргузор хоҳад кард. Ба ин нишаст муаллифи ду китоб дар бораи устод Латифӣ ва ҳамсари эшон Манзура Яъқубова даъват шудаанд.

"ДЕЛО"-И БАСТАИ ЛАТИФӢ

Як нуктае, ки то кунун Манзура Яъқубова, ҳамсари Латифиро нороҳат мекунад, норӯшан боқӣ мондани фармоишгарони куштори Отахон Латифӣ дар соли 1998 дар шаҳри Душанбе будааст.

"Мехостам, ки фармоишгарони қатли Отахон Латифӣ фош карда мешуд. Ин террор буд ва куштори сиёсӣ буд. Дар паси ин амал кӣ ва кадом гурӯҳ меистад, то ҳол пинҳон мондааст. Ҳамин тавр, "дело"-ро бастанду дигар тамом аст",-илова кард ӯ.

Отахон Латифӣ аз соли 1964 дар бонуфузтарин рӯзномаҳои Шӯравии собиқ кор кардааст. Дар охири солҳои ҳаштодуми асри гузашта ноиби сарвазири Тоҷикистон буд ва пас аз имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон то охири умраш дар Кумисюни оштии миллӣ дар зеркумисюни масоили ҳуқуқӣ кор кардааст.

Қатли Латифӣ дар 22-юми сентярби соли 1998, яке аз ҷиноятҳои пурасрор шумурда мешавад, ки то ҳанӯз фармоишгарони он фош нашудаанд.
XS
SM
MD
LG