Орбан бо раҳбари Чин сулҳ дар Украинаро баррасӣ кард

Виктор Орбан бо Си Ҷинпин дар Чин мулоқот кард

Виктор Орбан, нахуствазири Маҷористон (Венгрия) дар Пекин бо президент Си Ҷинпин мулоқот кард.

Ӯ гуфт, ин сафараш “Рисолати сеюми сулҳ” мебошал, вале шарикони ғарбӣ мегӯянд, ин сафари раҳбари Маҷористон, ки дар он мавзӯи ҷанг дар Украина матраҳ шудааст, бояд сирфан чун як дидори дуҷониба арзёбӣ шавад.

Сафари Орбан ба Чин дар ҳоле сурат гирифт, ки рӯзи 1-уми июл Маҷористон раҳбарии давраии Иттиҳоди Аврупоро ба ӯҳда гирифт ва мақомоти ин ниҳод гуфтанд, ки Орбан дар ин сафар аз мавқеи Иттиҳоди Аврупо намояндагӣ намекунад.

Орбан, ки аз сафари эълонношудааш ба Чин бо ҳадафи баррасии ҷанги Русия ва Украина бо ифодаи ин ки “Чин қудрати калидӣ дар эҷоди шароити сулҳ дар ҷанги Русияву Украина” ҳимоят кардааст, гуфт, “ман маҳз барои ҳамин ду моҳ баъди сафари расмии президент Си Ҷинпин ба Будапешт ба Чин омадам.”

Пеш аз ин, рӯзи 5-уми июл Орбан бо раҳбари Русия Владимир Путин дидор карда, 2-юми июл бо як пешниҳоди мармузи сулҳ бо президенти Украина Владимир Зеленский мулоқот намуд.

Сафари ӯ ба Чин инчунин як рӯз пеш аз ҷаласаи 75-солагии НАТО дар Вашингтон сурат мегирад, ки он ҷо ҳам ширкати Орбан дар назар гирифта шудааст. Дар ин ҷаласа ҳам мавзӯи ҷанги идомаёбанди Русия дар Украина меҳварӣ мешавад.

Си Ҷинпин баъди берун шудан аз мулоқот бо Орбан дар бораи ҷанги Украина гуфт, ки “ҷомеаи байналмилалӣ бояд барои азсаргирии муколамаи ду ҷониб шароит ва кӯмак фароҳам кунад.”

Раҳбари Чин ҷангро маҳкум кард, вале аз лиҳози дипломатӣ аз Путин ҳимоят намудааст.

“Танҳо дар сурате, ки ҳамаи қудратҳои калидӣ ба ҷои нерӯи манфӣ нерӯи мусбат хориҷ мекунанд, имкони дастёбии зудҳангом ба оташбас вуҷуд дорад,”--гуфт Ҷинпин.

Телевизиони давлатии Чин дар шарҳи мулоқоти Орбан ва Ҷинпин гуфт, “ҳоло тамаркуз сари се чиз аст, ки аз тавсеаи қаламрави ҷангҳо, идомаи низоъҳо ва дахолати дигар ҷонибҳо пешгирӣ кард, то ки вазъ зудтар ором шавад.”