Як кушта дар занозании байни тоҷикҳо ва узбакҳо дар шаҳри Тула

Акс аз сомонаи tulapressa.ru

Дар занозании байни муҳоҷирони тоҷику узбак дар шаҳри Тулаи Русия як ҷавони 24-сола аз Узбакистон кушта шудааст. Ба марги ӯ як мардикори тоҷик айбдор мешавад.

Дар натиҷаи як занозании гурӯҳӣ байни муҳоҷирони тоҷику узбак дар ноҳияи Пролетари шаҳри Тула, 180-километрии ҷануби пойтахти Русия, як шаҳрванди 24-солаи Узбакистон кушта шудааст. Шӯъбаи Кумитаи тафтишоти Русия дар ноҳияи Пролетари шаҳри Тула, маркази вилояти ҳамноми Русия алайҳи як шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистон бар асоси моддаи 105-уми Кодекси ҷиноии он кишвар (куштор) парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Муҳаммади Эгамзод, намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 17 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, сафорат аз ин ҳодиса тавассути матбуот огоҳ шуда ва аллакай расман ба мақомоти интизомии вилояти Тула муроҷиат кардааст. Ӯ афзуд, сафорату консулгарӣ ва намояндагии вазорати муҳоҷират аз тариқи каналҳои дипломатӣ аз мақомоти Тула дар бораи ин ҳодиса ҷузъиёти бештар хостаанд: "Азбаски мо дар вилояти Тула ягон ҷамъияти расмии муҳоҷирони тоҷикро надорем, намояндагони консулгарӣ ҳамчунин барои дарёфти ҷузъиёти ин муноқиша ва маълум кардани исми муҳоҷири тоҷики дастгиршуда бо муҳоҷирони тоҷик дар ин вилоят дар тамос мешаванд. Аммо мо фикр намекунем, ки дар пушти ин занозанӣ кадом ангезаи қавмӣ истода бошад. Ангезааш ғолибан ягон баҳси маишист."

Оқои Эгамзод мегӯяд, вазнин шудани вазъи муҳоҷирон дар Русия, бахусус афзоиши мавридҳои фиреби онҳо аз сӯи корфармоён ин қишри е ин ҳам осебпазирро дар як ҳоли асабонияти бештар қарор медиҳад, ки гоҳо, ба гуфтаи ӯ, бо чунин зуҳуроти номатлубе, чун занозании ду гурӯҳи муҳоҷирон дар Тула рӯ мезанад.

Кумитаи тафтишоти вилояти Тула мегӯяд, шоми 13 феврал дар ноҳияи Пролетари шаҳри Тула байни ду гурӯҳи нисбатан начандон бузурги муҳоҷирон аз Тоҷикистону Узбакистон занозанӣ ба амал меояд. Дар рафти ин моҷаро муҳоҷири 26-солаи тоҷик бо як лӯла(труба)-и оҳанӣ ба сари як ҷавони 24-солаи узбак задааст.

Сомонаи Tulapressa.ru аз қавли Кумитаи тафтишоти вилояти Тула менависад, баъди бо сари хуншор аз по афтидани ин ҷавон бақия аз маҳалли занозанӣ фирор кардаанд. Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, шаҳрванди 24-солаи Узбакистон бар асари захмҳое, ки дар ин занозанӣ бардошт, баъди чанде дар бемористон даргузашт.

Муҳоҷири тоҷики гумонбар дар куштор дастгир шудааст ва тафтиши қазия идома дорад. Сабабҳои муноқишаи шоми ҷумъа байни муҳоҷирони тоҷику узбак дар шаҳри Тула ҳанӯз рӯшан нест.

Ин нахустин мавриди занозаниҳои хунин байни гурӯҳҳои мутхалифи муҳоҷирон дар Русия нест. Аз ҷумла шаби 27 ба 28 октябр дар амбори ширкати “Рекстрой-2” дар маҳаллаи Сходняи шаҳри Химки, дар канори Маскав байни як гурӯҳи то 50-нафарии муҳоҷирони тоҷик ва афроди аз тарафи раҳбари ин ширкат ҷалбшуда занозанӣ сурат гирифта, пулиси Сходня 7 тан аз муҳоҷирони тоҷикро дар пайи ин муноқиша дастгир кард.

Рустам Алтубоев, зодаи рустои Зағиртути шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон, ба Озодӣ гуфт, азбаски ширкати “Рекстрой-2” аз моҳи ноябри соли 2013 ба ин тараф маоши онҳоро сари вақт намедод ва танҳо аз 21 коргари тоҷикаш 4 миллион рубл, қарздор буд, онҳо бо ҷалби тоҷикони дигар маоши худро талаб карда, монеи холӣ кардани амбори “Рекстрой-2” шудаанд. Аммо мақомот онҳоро ба ғасби моликияти ғайр айбдор карданд.

Ҳамчунин моҳи сентябри соли 2014 байни таксиронҳои тоҷик ва ронандаҳои як ширкати маҳаллии такси дар назди дарвозаи бозори "Садовод"-и шаҳри Маскав занозанӣ сурат гирифта буд. Ширкати маҳаллӣ бо имзои қарордод бо маъмурияти бозор таксиронҳои тоҷикро мехост аз ин минтақа биронад, вале ба муқовимати онҳо дучор шуд.

Афроди огоҳ мубориза барои густариши қаламрави нуфуз байни гурӯҳҳои ҷиноӣ ва ҳамин тавр, рақобати намояндагони қавмҳои гуногун барои дарёфти ҷойҳои кори муносибтарро аз ангезаҳои асосии чунин муноқишаҳо байни муҳоҷирон ном мебаранд.

Вале мавридҳое низ кам нест, ки муҳоҷирон аз кишварҳои мухталиф барои ҳодисаҳои дар назари аввал начандон боаҳамияте, чун баҳси лафзӣ байни ду нафар, бо лӯлаву калтаку бита ва дигар “силоҳ”-ҳои дастрас “мусаллаҳ” шуда, ба ҷони ҳамдигар дарафтодаанд. Мавридҳое ҳам мушоҳида шудааст, ки дар ҷараёни чунин муноқишаҳо тарафҳои даргир даст ба истифодаи корду ҳатто туфанг бурдаанд.