Президентҳои Тоҷикистон ва Афғонистон музокироти ҳайъатҳои олии ду кишвар дар Душанберо пурсамар ва омили густариши равобити ин ду кишвари "дӯсту ҳамзабон ва ҳамҷавор" тавсиф мекунанд.
Ҳам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳам Ҳомиди Карзай иҷрои тарҳҳои муштараки иқтисодии миёни ду кишварро яке аз роҳҳои таҳкими субот дар минтақа номиданд. Вале бо вуҷуди таъкиди онҳо ба рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, зоҳиран, марзи байни ду кишвар ва ба минтақаи амну шукуфо табдил додани он аз масъалаҳои меҳварии мулоқоти онҳо ва ҳайатҳои ду тараф дар Душанбе буд.
Ин мавзӯъ дар эъломияи муштараки онҳо ва ҳамчунин яке аз се созишномаи байнидавлатӣ, ки рӯзи 21-уми октябр дар Қасри Миллат дар Душанбе ба имзо расиданд, бозтоб ёфт. Бино бар ин санад, дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон ду гузаргоҳи нави кушода мешавад.
Ба гуфтаи сафири Тоҷикистон дар Афғонистон Шарофиддин Имомов, ҳарду гузаргоҳ ба рӯйи ду пули муҳими стратегӣ бар фарози рӯдхонаи Панҷ сохта шудаанд, «ин иловаҳо фаъолияти амалӣ ва қонунии 2 пул, ки дар минтақаи Ванҷ ва Ҷомарҷи Афғонистон ва Шоҳони Тоҷикистону Хоҳони Афғонитсон аст, танзим мекунад ва баъд аз тасвиби ин санад, онҳо фаъолияти густурда ва доимӣ хоҳанд дошт. Қаблан мардуми Афғонистон барои ду километр роҳ 12-14 шабонарӯз сар-сари кӯҳ мерафтанд. Ва аммо ҳол бо гузаштан аз пул аз бозорҳо харидорӣ мекунанд.»
Имзои ин қарордод дар ҳолест, ки Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр марзи муштарак дошта, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба хабарнигорон гуфт, бо он ки соли оянда нерӯҳои хориҷӣ аз қаламрави Афғонистон берун мераванд, Тоҷикистон ҳамкориҳои худро дар бахшҳои низомӣ ва амниятиву марзӣ бо Афғонистон густариш хоҳад дод. Ӯ ҳамчунин гуфт, «Тоҷикистон ҷонибдори тақвияти стратегии мубориза бо тероризм,қочоқи маводи мухаддир ва дигар хатароти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мебошад.Дар айни ҳол мо таҳкими бештари низоми байналмилалиро барои таъмини субот ва амнияти ҷаҳонӣ амри зарурӣ медонем.»
Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, онҳо дар мавриди амнияти марзӣ бештар аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва қочоқи инсон нигаронанд. Ба хотири таҳкими ҳамкории ниҳодҳои марзӣ ва амниятии ду кишвар ба зудӣ ҷаласаи муштаракаи мақомоти марбутаи ду ҷониб баргузор мешавад.
Бо он ки нигарониҳо дар мавриди ҳифозати марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон пас аз хурӯҷи нерӯҳои НАТО зиёд ҳаст, коршиносон мегӯянд, ки ниҳодҳои зирабти ду кишвар тавони муроқибати ин марзро хоҳанд дошт.
Ҳаётуллоҳи Кӯҳсор, коршиноси масоили Афғонистон мегӯяд,баъд аз берун шудани нерӯҳои эътилофи байнламиллалӣ аз ин кишвар, нерӯҳои муссалаҳи Афғонистон ва Тоҷикистон қудрати нигаҳбонии марзҳоро хоҳанд дошт.Ҷаноби Кӯҳсор ҳамчунин гуфт, «Тавони ин нерӯҳои Афғонистон ва Тоҷикистон дар муқовимат алайҳи ҳар гуна гурӯҳи тахрибкор кофӣ мебошад ва ҳар амале, ки дар шимоли Афғонистон аз сӯи гурӯҳҳои терористӣ анҷом мешавад, аз ҷониби нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар маҳор шуданӣ аст. »
Боздиди 7-уми Ҳомид Карзай ба Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки раёсати ӯ дар моҳи апрели соли оянда ба поён мерасад. Ҷаноби Карзай бо гузашти 12 сол собиқаи раҳбариаш дигар ҳаққи ширкат дар интихоботи соли ояндаи раёсати ҷумҳурии Афғонистонро надорад.
Дар ҷараёни сафари Ҳомиди Карзай байни Тоҷикистону Афғонистон як эъломияи муштарак ва се созишнома ба имзо расид.Маросими имзои ин санадҳо рӯзи 21 октябр дар Кохи Миллат сурат гирифт. Эъломияи муштаракро Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай, раҳбарони Тоҷикистон ва Афғонистон имзо карданд.
Ҳамчунин созишнома дар бораи поксозии марзи ду кишвар аз минаҳоро Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Иршод Аҳмадӣ, муовини сиёсати хориҷии вазорати корҳои хориҷии Афғонистон, созишномаи ҳамкорӣ дар бораи транзити молу колоро Сафаралӣ Наҷмиддинов ва Умари Зохилвол, вазирони молияи Тоҷикистон ва Афғонистон имзо карданд. Байни ду кишвар созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи бима низ ба имзо расид.
Қаблан гуфта мешуд, ки тарҳи бунёди роҳи оҳани Чин-Кирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон ва Эрон як мавзӯъи аслии матрӯҳа дар дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомиди Карзай буд, вале кадом санади вижае дар ин замина имзо нашуд.
Сухангӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифов рӯзи 21-уми октябр ба Радиои Озодӣ роҷеъ ба ҷараёни мулоқоти сарони кишварҳои Тоҷикистону Афғонистон хабар дода гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон бо Ҳомиди Карзай роҳҳои иҷрои тарҳи роҳи оҳани Чин - Қирғизистон - Тоҷикистон - Афғонистон ва Эронро баррасӣ мекунанд. Ҳамчунин дар ин дидор роҳҳои татбиқи нақшаҳои стратегӣ ва минтақавии иқтисодӣ: роҳи оҳани Тоҷикистон - Афғонистон - Туркманистон, хатти интиқоли барқи Қирғизистон - Тоҷикистон- Афғонистон - Покистон мавриди баррасӣ ва таваҷҷӯҳи тарафайн қарор гирифтааст.
Тавре Абдуфаттоҳ Шарифов гуфт, Ҳомиди Карзай аз Эмомалӣ Раҳмон даъват кардааст, ки бо як сафари расмӣ аз Афғонистон дидан кунад. Карзай дар ин дидор бо ҳамтои тоҷики худ изҳор доштааст, ки Афғонистон ҷиддан хоҳиш дорад, ки бо Тоҷикистон дар чорчӯби лоиҳаи КАСА-1000 хамкорӣ намояд.
Тоҷикистон омодагии худро дар тарбияи мутахассисон дар бахшхои мухталиф ва махсусан барои роҳи оҳани навбунёди бо Афғонистон иброз намудааст.
Ҳомид Карзай дар рафти мулоқоти ҳайъатҳои расмии ҳарду ҷониб изҳор доштааст: "Афғонистон натанҳо кишварест, ки бародари шумост, балки кишвари дӯст ва дилбастаи шумост."
Барномаи сафари расмии Ҳомиди Карзай рӯзи 21 октябр аз истиқболи расмӣ дар саҳни Кохи Миллат шуруъ шуда ва дидору гуфтугӯи як ба яки вай бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳур ва баъдан дар сатҳи ҳайатҳои ҳар ду кишвар ҷараён мегирад.
Тибқи навиштаи торнамои раёсати ҷумҳури Афғонистон, Ҳомиди Карзайро дар ин сафар ҳайъати 20-нафараи мақомоти ҳдавлатӣ, ба шумули Рангин Додфар Спинто, мушовири амнияти миллӣ, Умари Зохилвол, вазири молия, Наҷибуллоҳ Авжан, вазири фавоиди омма, Зирор Аҳмад Муқбил, вазири мубориза бо маводи мухаддир, Яҳё Маъруфӣ, вазири мушовир дар умури байналмилалӣ, Абдулкарим Хуррам, раиси дафтари раёсати ҷумҳурӣ, Иршод Аҳмадӣ, муовини сиёсии вазорати умури хориҷӣ ва Аймал Файзӣ, сухангӯи раёсати ҷумҳурӣ, ҳамроҳӣ менамоянд.
Дар чаҳорчӯби ин сафар, Ҳомиди Карзай ҳамчунин бо Оқил Оқилов, сарвазир ва Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон низ, дидору гуфтушунид хоҳад дошт.
Қарор аст, дар ҷараёни боздиди расмии Ҳомид Карзай байни Афғонистон ва Тоҷикистон як қатор созишномаҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ низ ба имзо расад. Ҷонон Мӯсозай, сухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон рӯзи якшанбе зимни як нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт, ки қарор дар ҷараёни сафари оқои Карзай ба Тоҷикистон, се созишнома дар бораи поксозии марзи ду кишвар аз мина, ҳамкориҳо дар арсаи бима ва асноди дигар дар бораи транзити молу коло имзо шавад. Ҳомиди Карзай тайи 12 соли ҳукуматаш дар Афғонистон, 7 маротиба ба Тоҷикистон сафар кардааст.
Дар ин нишастҳо, қарор аст, вазъи амниятии минтақа, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва терроризми фаромарзӣ ва роҳҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Афғонистон низ баррасӣ шаванд. Ин сафар дар ҳоле доир мешавад, ки то анҷоми хуруҷи нирӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон як соли дигар мондааст ва ин амр мояи афзоиши нигарониҳои кишварҳои минтақа дар бораи вазъи амниятии Афғонистону гирду атрофи он баъд аз соли 2014 шудааст.
Тоҷикистон ва Афғонистон ду кишвари ҳамсояву ҳамзабон шумурда шуда, 1370 километр марзи муштарак доран. Дар ду соли охир, ба гуфтаи мақомот, ҳамкориҳои байни ду кишвар густариш ёфтаанд. Аз ҷумла дар ин муддат иҷрои чандин тарҳи муштарак шурӯъ шуда, содироти нерӯи барқи Тоҷикистон ба Афғонистон афзудааст. Ҳамчунин тарафҳо рӯйи як тарҳи бунёди роҳи оҳани Тоҷикистон - Афғонистон - Туркманистон, лӯлаи газ ва хатти интиқоли барқи Осиёи Марказӣ - Афғонистон - Покистон кор мекунанд.
Моҳи апрели соли равон ҳайатҳои ду кишвар ба ин натиҷа расиданд, ки бо назардошти интиқоли нерӯи барқе, ки дар семоҳаи аввал ба Афғонистон содир шуд, то поёни ҳамин сол ба Афғонистон ҳудуди 1 миллиард киловатт-соат барқ дар ивази беш аз 36 миллион доллар интиқол дода шавад. Ширкати «Барқи Тоҷик» мегӯяд, ки ба ин тавофуқ расидаанд, ки дар ивази ҳар киловатт соат нерӯи барқ ҷониби Афғонистон 3,64 сенти амрикоӣ пардохт хоҳад кард. Афғонистон харидори асосии барқи тоҷик аст ва Тоҷикистон дар ин бозор бо Узбакистон рақобат меварзад.
Дидори қаблии Раҳмон ва Карзай дар ҳошияи нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шанхай 16-уми сентябр дар Бишкек баргузор гашта буд.Сафари Ҳомид Карзай ба Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки то поёни маъмурияти ӯ дар раёсати ҷумҳури Афғонистон ҳамагӣ чанд моҳи дигар мондааст. Яъне амалан ин сафар метавонад охирин боздиди Карзай аз Тоҷикистон ба унвони раиси он ҷумҳурӣ шавад.
Интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон дар таърихи 5-уми апрели соли оянда баргузор мешавад, вале Ҳомиди Карзай, ки давраи дувум ва ниҳоии раёсаташро тай мекунад, ҳаққи ширкат дар ин маъракаро надорад. Аммо Эмомалӣ Раҳмон барои касби боз як давраи ҳафтсолаи раёсат худро номзад кардааст ва дар интихоботи рӯзи 6 ноябр ғолибан замони раҳбариашро то соли 2020 тамдид хоҳад кард.
Ин мавзӯъ дар эъломияи муштараки онҳо ва ҳамчунин яке аз се созишномаи байнидавлатӣ, ки рӯзи 21-уми октябр дар Қасри Миллат дар Душанбе ба имзо расиданд, бозтоб ёфт. Бино бар ин санад, дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон ду гузаргоҳи нави кушода мешавад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад