Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Таркишҳои афғонӣ" ба марзи Тоҷикистон наздик мешаванд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар вулусволии Дашти Арчии бо ноҳияи Фархори Тоҷикистон ҳаммарзи вилояти Қундуз камаш 10 нафар кушта шуданд.

Ҳамлаҳои хунин дар Афғонистон ба марзҳои Тоҷикистон наздиктар мешаванд. Рӯзи сешанбе, 14-уми август, ки мусалмонон ба истиқбол аз шаби Қадр омодагӣ мегирифтанд, дар вулусволии Дашти Арчии бо ноҳияи Фархори Тоҷикистон ҳаммарзи вилояти Қундуз бар асари инфиҷори бомби дар як мототсикл ҷобаҷошуда, камаш 10 нафар кушта ва 28 тан захмӣ шудаанд.

Радиои Афғонистони Озод мегӯяд, таркиш дар лаҳзаҳои қабл аз ифтор рух дод ва бино ба хабарҳо, дар байни қурбониён 5 кӯдак низ будаанд. Волии Дашти Арчӣ Шайх Садриддин гуфтааст, ки бомб дар бозори маҳаллӣ вақте таркид, ки мардум барои ифтор харид мекард.

Аммо рӯзи сешанбе як рӯзи хунин барои вилояти Нимрӯз ҳам буд. Шаҳри Заранҷ, маркази ин гӯшаи ҷанубуғарбии Афғонистонро дирӯз се ҳамлаи маргталабона таккон дод, ки ба камияш 36 кушта ва беш аз 100 захмӣ ба ҷо гузошт. Волии Нимрӯз Абдулкарим Баравӣ гуфт, як маргталаб маводи мунфаҷираро дар маркази шаҳр, дар наздикии бемористон тарконд. Ба гуфтаи Баравӣ, пулиси маҳаллӣ алайҳи ду ҳамлагари дигар оташ кушод, ки боис ба таркидани камарбандҳои интиҳории онҳо дар назди як бозори пуриздиҳом шуд. Он ҳам дар соате ки мардуми зиёде барои ифтори моҳи Рамазон дар ин бозор харид мекард. Волии Нимрӯз гуфт, се бомбгузори дигаре, ки низ мехостанд худро битарконанд, аз сӯи пулис кушта шуда, се тани дигарро дастгир кардаанд.

Ноиби раиси Шӯрои вилояти Нимрӯз Муҳаммаднодир Балуҷ дар гуфтугӯ бо Радиои Афғонистони Озод ин ҳамлаҳоро, ки дар моҳи шарифи Рамазон сурат гирифтаанд, маҳкум кард: "Душманони мардуми Афғонистон ҳамалоти ноҷавонмардонаи худро дар моҳи мубораки Рамазон анҷом доданд тавассути агентҳои худ. Онҳо як теъдод мардуми рӯзадори моро шаҳид карданд. Ман чунин аъмоли душманон ва истихбороти минтақаро башиддат маҳкум мекунам." То кунун касе масъулияти ҳамлаҳои хунини рӯзи сешанбе дар Дашти Арчӣ ва Заранҷро ба дӯш нагирифтааст, вале чунин ҳамалот маъмулан ба дӯши чирикиҳои толиб бор мешуд, ки алайҳи нерӯҳои хориҷӣ ва давлати таҳти ҳимояти Ғарби Ҳомиди Карзай меҷанганд.

Фармондеҳи амниятии Нимрӯз генерал Муҳаммадмӯсо Расулӣ гуфт, шояд теъдоди қурбониёни ин ҳамалот боз ҳам биафзояд. Генерал Расулӣ гуфт, ба камияш 3 тан аз маъмурони амниятӣ низ кушта шудаанд: "11 пулис захмӣ шуд ва 3 тани дигар – шаҳид. Дар байни қурбониҳо ва захмиҳо занону кӯдакон ҳам ҳастанд."

Ҳамлаҳои дирӯза хунинтарин ҳамалот дар Афғонистон дар соли ҷорӣ буда, дар вилояти Нимрӯз аз замони вуруди нерӯҳои эътилофи таҳти раҳбарии Амрико дар поёни соли 2001-ум собиқа надоштааст. Нимрӯз, ки дар наздикии марз бо Эрон воқеъ буда, то ҳол як вилояти нисбатан ором дониста мешуд, дар ин авохир ба мавҷи хушунатҳо рӯбарӯ шудааст. Рӯзи шанбе як пулиси афғон, ки бовар меравад, гумоштаи Толибон бошад, дар вулусволии дурдасти Дилороми ин вилоят 11 афсари ҳамкорашро кушт.

Ҳамлаҳои ахир дар рӯзе сурат гирифт, ки мардуми рӯзадор ба истиқбол аз Шаби Қадр, ки нуқтаи авҷи моҳи шарифи Рамазон ва калиди дари иди саиди Фитр маҳсуб мешавад, омодагӣ мегирифтанд. Аммо ҳамлаҳои хунин умеди ин мардум ба шабзиндадорӣ ва расидан ба савоби тоату ибодату шаби Қадрро дар хун афканд ва дар рӯзҳои поёни моҳи рӯза ва дар остонаи иди Фитр даҳҳо хонаводаро дар Дашти Арчиву Нимрӯз ғарқи мотам кард.
XS
SM
MD
LG