Муовини раҳбари бахши қарздиҳии ташкилоти “Ҳамдастӣ” дар шаҳри Хуҷанд бо иттиҳоми “қаллобӣ” таҳти ҷустуҷӯи ҷиноӣ қарор гирифтааст.
Дар пайи шикояти ҳудуди 10 нафар сокин бахши мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд алайҳи Насим Мамадҷонов - муовини раҳбари бахши қарздиҳии ташкилоти “Ҳамдастӣ” дар Хуҷанд, бо иттиҳоми “қаллобӣ ба миқдори махсусан калон” мутобиқи банди 247–и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз кардааст. Ҳоло ин парванда барои тафтиш ба додситонии Хуҷанд ирсол шудааст.
Ба гуфтаи як манбаъи наздик ба тафтиши парванда, ки нахост номаш бурда шавад, муовини сардори бахши қарздиҳии ташкилоти “Ҳамдастӣ” ба бовари сокинон даромада, аз номи онҳо аз бонкҳо қарзҳои калон дарёфт мекард, вале ба соҳибони аслии он надода, аз худ менамуд.
“Вай бо чӣ роҳе бо ҳуҷҷатҳои сокинон ба номи онҳо аз бонкҳо маблағҳои зиёде қарз гирифтааст. Худи сокинон вақте бохабар шудаанд, ки бонк ба суроғаи онҳо нома ирсол карда, аз онҳо бозгардонидани қарзро дархост кардааст. Баъд ин сокинони фиребхӯрда ба мо муроҷиат намуданд” – афзуд вай.
Ҳамин тавр, муовини раҳбари бахши қарздиҳии ширкати “Ҳамдастӣ” ҳудуди 80 ҳазор доллар маблағи сокинонро аз худ карда, баъди ошкор шудани ҳодиса, ғайб задааст.
Абдувоҳид Дадобоев, сокини шаҳри Хуҷанд яке аз онҳоест, ки мегӯяд, масъули ташкилоти “Ҳамдастӣ” - Мамадҷонов ӯро фиреб дода, ба номи вай аз ин ташкилот 2 ҳазор доллар вом гирифтааст. Вай дар суҳбат бо Озодӣ гуфт:
“Ман пеш аз ташкилоти “Ҳамдастӣ” 500 доллар қарз гирифта будам. Баъди қариб ҳудуди 1 сол онро баргардондам. Баъди 3 - 4 рӯз корманди ин ташкилот - Насим наздам бо 2 коғаз омада гуфт, ки онҳо барои баргардонидани қарзам, бояд имзо кунам. Хатои ман ҳамин буд, ки ман онҳоро нахонда имзо гузоштам. Чунки ба Насим бовар кардам. Баъди 5 - 6 моҳ аз ташкилоти “Ҳамдастӣ” занг зада гуфтанд, ки ман 2 ҳазор доллар қарздорам ва фоизашро супорам. Ман гуфтам, ки ман пул нагирифтаам, аммо онҳо гуфтанд, ки дар ин бора бо имзои ман дар дасташон ҳуҷҷат ҳаст.”
Ҳамин тавр, ба гуфтаи мусоҳибам, Мамадҷонов аз номи чандин мизоҷи дигари ин ташкилот аз бонкҳо дар Хуҷанд вом гирифтааст. Аз ҷумла, яке аз сокинон гуфтааст, Мамадҷонов 27 ҳазору 500 доллар маблағи вомро бо номи вай аз худ кард.
Абдувоҳид Дадобоев мегӯяд: “Ба ман аз ташкилоти “Ҳамдастӣ” занг задан гирифтанд, ки қарзро баргардонам. Як бегоҳ ба кофтукоби Насим рафтам, ки назди хонааш мисли ман одами фиребхӯрдаи бисёр ҷамъ шуда буд. Насим ҳамроҳи падарам ба мо гуфт, хавотир нашавем, худаш қарзи бо номи мо гирифтаашро ба бонкҳо бармегардонад. Баъди ҳамин вайро надидем, пагоҳаш вай ғайб зад.”
Ба гумони мусоҳибонам, Насим Мамадҷонов баъди ошкор шудани аъмолаш эҳтимол, аз ҷавобгарии ҷиноӣ тарсида, ба ҷое дигар фирор кардааст.
ҶДММ «Ҳамдастӣ», ташкилоти қарздиҳии хурд буда, 4 сол пеш, соли 2009 дар маркази вилояти Суғд таъсис ётааст ва ба мизоҷон то 4 ҳазор доллар қарз медодааст.
Насимҷон Мамадҷонов, симмати муовини раҳбари бахши қарздиҳии ҳамин ташкилотро бар ӯҳда дошт. Сурайё Почоҷонова, мудири ин ташкилот рӯзи 2-уми декабр ба радиои Озодӣ гуфт, ки 3 моҳ пеш "бо далели вайрон кардани қоидаҳои кор Мамадҷонов аз вазифа сабукдӯш карда шудааст". Аммо хонум Почоҷонова афзуд, ки аз ҷузъиёти амалҳои қаллобии собиқ кормандаш хабар надорад.
Ба гуфтаи хонм Почоҷонова, Мамадҷонов давоми дар ин ташкилот кор карданаш қисми умдаи қарзҳоро на аз ин созмон, балки аз дигар бонкҳои шаҳри Хуҷанд гирифтааст.
Аммо саволи асосӣ, ки мизоҷони фиребхӯрдаи ташкилоти “Ҳамдастӣ” матраҳ мекунанд, ин аст, ки чӣ тавр Мамадҷонов тавонист аз бархе бонкҳои дигар дар Хуҷанд бидуни ҳозир шудани соҳибони аслии санади қарзгирӣ маблағҳои калони вом бигирад?
Хонум – Почоҷонова дар посух ба ин савол мегӯяд, собиқ корманди масъули ин ташкилот Мамадҷонов дар гирифтани вомҳо замони эълони аксияҳои додани қарз бидуни гарав ва тартиби содаи пардохти он аз ҷониби бархе бонкҳо истифода мекардааст.
Ба гуфтаи бархе мизоҷони фиребхӯрда, ҳамчунин Мамадҷонов барои дарёфти қарз аз шиносоиву муносибати наздики шахсияш бо кормандони масъули бархе бонкҳо ва боварии онҳо суиистифода кардааст.
Хонум Почоҷонова, мудири ташкилоти қарзии хурди “Ҳамдастӣ” мегӯяд, ин амали ҳамкори собиқаш ба обрӯву нуфӯзи ташкилоти мазкур зарба зада, бовари бархе мизоҷон ба ин ташкилот кост ва онҳо зуд баргардонидани маблағҳои худро талаб доранд.