Дар пайи таҳдиди раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп ба бомбаборони Эрон, артиши ин кишвар ба ҳолати омодабоши ҷангӣ гузаштааст.
Хабаргузории “Рейтерс” бо такя ба мақомоти баландпояи Эрон навишт, дастури омодабоши артиш аз сӯи роҳбари олии ин кишвар Алии Хоманаӣ содир шудааст.
Трамп дар охири моҳи март таҳдид кард, ки агар Вашингтон ва Теҳрон дар бораи барномаи ҳастаии Эрон ба созиш нарасанд, Иёлоти Муттаҳида ба Эрон ҳамла мекунад.
Ба иттилои манобеи “Рейтерс”, Эрон музокироти мустақимро бо Амрико рад карда, гуфтааст, бо Вашингтон аз тариқи миёнарав музокира мекунад.
Теҳрон мехоҳад Умон миёнарави ин гуфтугӯҳо бошад.
Ба гузориши “Рейтерс”, Эрон ба Ироқ, Кувайт, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Қатар, Туркия ва Баҳрайн нома навишта, ҳушдор додааст, ки ҳаргуна дастгирӣ аз ҳамлаи Амрико ба Эрон ҳамчун “амали душманона” баҳо дода мешавад.
Дар номаи Теҳрон омадааст, ёрӣ ба Амрико дар ҳамла ба Эрон “барои кишварҳо оқибатҳои ҷиддӣ хоҳад овард.”
Доналд Трамп аз замони бозгашт ба Кохи Сафед борҳо гуфтааст, ки музокирот ва даст ёфтан ба созиши ҳастаӣ бо Эронро бар ҳамлаи низомӣ тарҷеҳ медиҳад.