Олмон гуфт, ҷонибдорони Башор Асадро роҳ намедиҳад

Акси зани сурӣ дар як эътироз дар Олмон

Вазорати корҳои хориҷии Олмон ҳушдор додааст, ки ҷонибдорони Башор Асад талоши паноҳанда шудан дар ин кишварро накунанд.

Ин вазорат гуфтааст, онҳое, ки дар шиканҷа ва саркӯби фаъолон дар ҳукумати Башор Асад даст доштанд, агар ба Олмон биоянд, боздошт шуда, ҷазо мегиранд.

Башор Асад рӯзи 8-уми декабр ба Русия гурехт ва мухолифонаш ҳукуматро гирифтанд.

Дар давраи ҳукумати ӯ садҳо ҳазор сурӣ (суриягӣ) аз тарси боздошту шиканҷа ва ҷанг ба Олмон фирор карда буданд.

Мақомоти Олмон гуфтанд, ки назорат ба марзҳоро сахттар мекунанд.

Ҳукумати Олмон ҳамчунин эълон кард, ки суриҳое, ки дар ин кишвар зиндагӣ мекунанд ва пешрафт кардаанд, метавонанд кору зиндагиашонро идома диҳанд.

Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон гуфтааст, ба суриҳое, ки мехоҳанд ба ватанашон баргарданд, кумак мекунад, вале ҳушдор додааст, ки ҳанӯз ояндаи ин кишвар маълум нест.