Идораи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон феҳрасти дарахтони аз садсола болоро тартиб додааст. Дарахти пистаи 900-сола дар шаҳри Турсунзода ва тути 700-солаи Носири Хисрав дар Бадахшон кӯҳансолтарин дарахтони Тоҷикистон ҳисоб шудаанд.
Сокинон дар Турсунзода ҳангоми зиёрат аз мақбараи Хоҷа Нақшрон аз миёни дарахти писта убур мекунанд. Ба ин боваранд, ки умри онҳо дароз мешавад.
Ташхис нишон додааст, ки тути сари чашмаи Носири Хисрав дар вилояти Бадахшон дар 700 соли пеш шинонда шудааст ва эҳтимол ҳарфҳои мардум атрофи онки ин тутро шахсан Носири Хисрав шинондааст, воқеият дошта бошад. Шодибек Қурбонов, корманди Хоҷагии ҷангали Тоҷикистон, рӯзи 23 март гуфт, дар ҳамкорӣ бо Идораи ҳифзи муҳити зист феҳрасти дарахтони аз садсола боло тартиб ёфтааст.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Шумораи дарахтони аз садсола боло дар Тоҷикистон беш аз ду ҳазор будааст, ки аксари онҳоро дарахти арча, чанор, тут, писта ташкил медиҳад. “Тариқи ташхисҳои гуногун умри ин дарахтҳо муайян шуд, ки воқеан онҳо кӯҳансоланд. Феҳрасташон тартиб дода шуд, то таҳти муҳофизат қарор дошта бошанд”, - афзуд ӯ.
Дарахтони бузургсол, ки дар феҳрасти вижа шомил шудаанд, соҳиби шиноснома гаштаанд.
Дарахти пистаи 900-сола дар канори шаҳри Турсунзода таҳти рақами даҳ соҳиби шиноснома аст. Акрам Қурбонов, сармутахассиси Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “бо дастури мақомоти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Турсунзода дарахтони кӯҳансолро ҳисоб кардем, ки дар ин ҷо 20 намуд аст. Ин пистаро бо рақами даҳ шиноснома кардем ва мавриди ҳифзи мо қарор дорад.”
Дарахтони бузургсол дар Тоҷикистон аксаран танҳо дар маконҳое боқӣ мондааст, ки сокинон онҷоро муқаддас медонанд. Дарахти пистаи 900-сола низ дар назди мақбараи мансуб ба як олими ислом бо номи Хоҷа Нақшрон қарор дорад. Хоҷа Нақшрон як олими ислом аст, ки дар асрҳои 10 ва 11 ба сар бурдааст ва дар канори шаҳри Турсунзода мақбара дорад. Ин писта дар саҳни ин мақбара ҳаст.
“Мардум дарахтони назди мазорҳоро барои убол будан намебуранд. Барои ҳамин, дарахтони бузургсол дар чунин маконҳо боқӣ мондааст. Убол ин як фарҳанг аст, ки табиатро аз харобшавӣ ҳифз кардааст”, - гуфт Акрам Қурбонов.
Ҳар дарахти кӯҳансол дар Тоҷикистон ривояти хоси худро дорад. Сокинон дар Турсунзода ҳангоми зиёрат аз мақбараи Хоҷа Нақшрон аз миёни дарахти писта убур мекунанд. Ба ин боваранд, ки умри онҳо дароз мешавад.
Абдурасул Ғуломов, посбони мақбараи Хоҷа Нақшрон, мегӯяд, “ҳар касе, ки меояд, ҳатман аз миёни писта мегузарад. Мардум ҳамин хел фикр доранд.”
Мақомоти ҳифзи муҳити зист дар соли 2016 дарахтони бузургсолро рӯйхат кардаанд ва ҳоло феҳраст дар шакли як китоби вижа бояд нашр шавад. Масъулон мегӯянд, ин иқдомро дар ҳоле рӯи даст гирифтанд, ки дарахтони бузургсол сол то сол дар Тоҷикистон кам мешуд. Ҳоло бо тартиби ин рӯйхат хоҷагиҳои ҷангал ва кормандони ҳифзи муҳити зист дар маҳалҳо ӯҳдадоранд, ки аз ин дарахтон нигаҳдорӣ кунанд.