Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чормағзи 700-солаи водии Язгулом


Дар деҳаи Мотравни водии Язгуломи ноҳияи Ванҷ, дарахти чормағзе ҳаст, ки ба бовари сокинони маҳаллӣ, беш аз 700 сол умр дорад.

Шермамад Одинаев, соҳиби ин дарахт аз қавли бобокалонҳояш мегӯяд, ки шохаҳои ин дарахти куҳансол як вақтҳо то сари роҳи бузург, ки тақрибан 20 метр аз ҳавлиашон дур аст, мерасиданд. Дар гузашта ба ин дарахти куҳансол ҳамчун мазор муносибат доштанд ва ин яке аз сабабҳои дарозумрии дарахти чормағз шудааст:

Шермамад Одинаев афзуд: «Вале баъдан онро ду се маротиба буридем. Падарбузургамон Ҳоҷимуҳаммад, ки 90 сол умр дошт, мегуфт, ки вай дар кӯдакиаш дарахтро ҳамин хеле, ки ҳаст дар ёд дорад».

Чормағзи кӯҳансол ҳоло низ ҳосил медиҳад ва шохаҳои онро барои ҳезум истифода мебаранд.

Ба гуфтаи академик Оғоназар Ақназаров, мутахасисони пажӯҳишгоҳи биологии Помир, ба манзури муайян кардани генофонди дарахтони баҳрадиҳандаи Помир таҳқиқот анҷом дода, ба ин дарахти куҳансол низ дучор омаданд ва хулоса карданд, ки ин дарахти чормағз бештар бештар аз 700 сол умр дорад. Ба гуфтаи академик Ақназаров, дар шикофии ин дарахти чормағз 12 бачаи хурдсоли деҳа, ки дар атрофашон гирд омада буданд, бемалол ғунҷиданд.

Ноҳияи Ванҷ бо чормағзи аълосифат шӯҳрат дорад ва қариб дар ҳар маҳал чормағззорро дидан мумкин аст. Аммо ниёз ба ҳезум ва масолеҳ барои тайёр кардани косаву табақ ва асбобҳои мусиқӣ боис мешавад, ки дарахтони чормағзро бештари вақт дар миёнсолиашон мебуранд. Вале чормағзи деҳаи Мотравн аз ин эмин мондааст.


XS
SM
MD
LG