Баъд аз нашри матлаби видеоии Озодӣ дар бораи мушкилоти зиндагии як зани танҳову бесарпаноҳ суғдӣ ва кӯдакони ӯ, ки се моҳ аз ночорӣ дар як гараж зиндагӣ мекарданд, мақомоти маҳаллӣ ба дидани онҳо рафтанд ва дасти ёрӣ дароз карданд.
Дар қалби Сурайё Дадобоева, зани танҳову бесарпаноҳ умеде бедор шудааст, ки дар фасли сармои зимистон бо оилааш дар кӯча нахоҳад монд. Ӯ бо кӯдакон ва модараш дар шаҳраки Ғафурови маркази ноҳияи ҳамном, дар як хонаи иҷора, ки одамони хайрхоҳ замони зиндагии онҳо дар гараж барояшон пайдо карда буданд, зиндагӣ дорад.
Баъд аз нашри навори Озодӣ мақомот аз ҳоли ин зан хабар гирифта ва барояш миқдоре маводи хӯрокворӣ овардаанд ва гуфтаанд, ки мушкилашро ҳал мекунанд."
“Онҳо ду бор назди мо омаданд, сардори идораи занон ва боз чанд каси дигар. Гуфтанд, ки духтарам Зарринаро ба нафақа мебароранд ва ба хондан ҷалб мекунанд. Ҳоло мо ҳамроҳи раиси бино ҳуҷҷатҳои ӯро барои пешниҳод кардан ба комиссияи тиббӣ, омода мекунем.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ӯ афзуд, ҳамчунин бо ёрии масъулон кӯдаки 5-солаи хоҳарашро низ аз муоинаи табибон гузаронданд ва барои вай дорухат барои гирифтани доруву давои бепул дарёфт кардааст. Модари Фирӯзаи 5-сола тӯли як сол дар муҳоҷирати кории Русия аст ва ӯро Сурайё Дадобоева таҳти парасторӣ гирифтаст.
Ин зани 35-солаи танҳо ва бесарпаноҳ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аввалҳои ҳамин моҳ гуфта буд, ки бо модар ва се тифли худу хоҳари муҳоҷири кориаш баъди се моҳи зиндагӣ дар як гараж, бо мадади ҳамсоягон ба хонаи якҳуҷраи иҷора кӯчидаанд.
Вале ягона ноновари аҳли оилааш як худи ӯст, ки дар ошхонаҳо табақшӯӣ ва рӯбандагӣ мекунад ва хавотир аст, ки ҳолашон дар фасли сармо чӣ хоҳад шуд. Заррина, духтари 14-солаи Сурайё Дадобоева гирифтори бемории саръ (эпилепсия) аст. Ӯ аз табобат ва хондан дур монда, ҳатто номи худашро навишта наметавонад.
Вале дар ҳоле, ки ин гузориш омода мешуд, аз шӯъбаи занон ва оилаи ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳоло барои табобат ва ба дарсхонӣ ҷалб кардани Заррина талош доранд. Як корманди ин шӯъба ба Радиои Озодӣ гуфт, “ҳоло ҳуҷҷатҳои Зарринаро ба комиссияи тиббии вилоятӣ барои таъини нафақа омода карда истодаем. Баъд аз қарори комиссияи тиббӣ, ӯ бо таҳсили хонагӣ ё дар муассисаи кӯдакона бо таҳсил фаро гирифта мешавад.”
Ба қавли ин ҳамсӯҳбати Озодӣ, барои ҳалли мушкилоти оилаи Сурайё Дадобоева як комиссияи вижа, иборат аз масъулони идораҳои занон, маориф, тиб ва ҷамоат таъсис шудааст ва онҳо то ҳол ду бор аз ҳоли ин хонавода хабар гирифтаанд. Ӯ гуфт, аризаи хонум Дадобоева дар бораи додани қитъаи замин барои бунёди манзил низ дар ҳукумат баррасӣ шуд. Вале аз он, ки ӯ ва модараш дар шаҳраки Ғафуров сабти ном нашуда, расман дар зодгоҳашон ҷамоти Овчӣ Қалъчаи ноҳияи Ғафуров ба қайд гирифта шуданд, ариза ба раиси ҳамин ҷамоат равон карда шуд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Сурайё ва модараш пинҳон намедоранд, ки барои ёриву дастгирӣ боре ҳам ба ҳукумат муроҷиат накардаанд ва сабаби инро шарҳ дода наметавонанд. Дилбар Бобоева, мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Ғафуров ҳам гуфта буд, ки аз ҳоли ин оила баъди матлаби Озодӣ хабар ёфтанд, вале ҷиҳати расидагӣ ба мушкилоти оилаи Сурайё Дадобоева, ба зудӣ як комиссия таъсис хоҳанд дод.
Ба гуфтаи хонум Бобоева, шӯъбаи занони ин ноҳия барои дастгирии занҳои танҳову бесарпаноҳ ва хушунатдида як паноҳгоҳи муваққатӣ таъсис додааст. Қаблан як зани танҳову бесарпаноҳ, ки дар дегхонаи маҳал зиндагӣ доштааст ва 5 зани дигар, ки мавриди хушунати оилавӣ қарор гирифтаанд ва бесарпаноҳ мебошанд, дар ин паноҳгоҳ ҷо карда шуданд.
Ҳамчунин ҳудуди 40 зане, ки мавриди хушунат қарор гирифтаанд, дар як корхонаи дӯзандагӣ, ки хос барои занон таъсис дод шудааст, дар маркази ноҳияи Ғафуров соҳиби ҷойҳои корӣ шудаанд.
Сурайё Дадобоева, ҳамсуҳбати авваламон мегӯяд, аз он, ки мақомоти ҳукумат ба ҳоли онҳо таваҷҷӯҳ намуданд, хушбин аст, ки ҳади ақал тифлонаш ояндаи беҳтаре хоҳанд дошт.