Мақомоти тоҷик дар Рӯзи забони тоҷикӣ аз навиштаҳои, ба қавли онҳо, "пур аз иштибоҳ ва ғалати матбуот ва расонаҳои ғайридавлатӣ", интиқод карданд. Аммо созмонҳои журналистӣ мегӯянд, дар корбарии забони тоҷикӣ на танҳо матбуот, балки бештар аз ҳама мақомот ва шахсони масъул ба хато роҳ медиҳанд.
- Ҳамасола дар Тоҷикистон 5-уми октябр ҳамчун Рӯзи забони тоҷикӣ гиромӣ дошта мешавад.
Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёвари раиси ҷумҳур, дар нишасте дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз забони, ба қавли ӯ, "ғалати матбуот" нигаронӣ кард ва гуфт, ки "бояд пеши роҳи ғалатнависӣ гирифта шавад".
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Академияи илмҳои Тоҷикистон дастур гирифтааст, ки ба таҳияи китоби "Таърихи забони тоҷикӣ аз нигоҳи илмӣ", шурӯъ кунад.
Ба гуфтаи Абдуҷаббор Раҳмонзода, аксар рӯзномаву расонаҳои ғайриҳукуматӣ бо тарзу диди худ ҷумласозӣ мекунанд, ки "аксаран ин ҷумлаҳо пур аз ғалатанд". Ӯ таъкид кард, бояд сари ин масъала чораандешӣ шавад.
Дар ин ҳамоиш ҳамчунин пешниҳод шуд, ки забони расонаҳо таҳти назорат қарор бигирад. Ин пешниҳод аз ҷониби Сахидод Раҳматуллозода, мудири Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти тоҷик садо дод. Ӯ гуфт, "гоҳе истифодаи калимаҳои нолозим дар саҳифаи расонаҳо ба ҳадди ифрот мерасад".
Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ин бори аввал нест, ки мақомот аз забони расонаҳо, махсусан расонаҳои ғайридавлатӣ шикоят мекунанд. Дар гузашта ҳатто пешниҳодҳое ҳам садо дода буд, ки барои ғалатнависӣ ва истифодаи "забони ғайритоҷикӣ" ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Мавзӯи ҷаримабандии журналистон барои нақзи меъёрҳои забони тоҷикӣ, ки соли гузашта аз ҷониби Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон садо дода буд, баҳсҳои зиёдро дар матбуоти мустақил ва ҳам шабакаҳои иҷтимоӣ эҷод кард.
"На танҳо матбуот, мақомот ҳам хато мекунанд"
Аксари журналистон ин таҳдидро як василаи дигари фишор болои матбуот ва озодии баён арзёбӣ карда, мунаққидони дигар гуфтанд, ки дар корбарии забони тоҷикӣ на танҳо матбуот, балки бештар аз ҳама мақомот ва шахсони масъул ба иштибоҳ роҳ медиҳанд.
Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон, мегӯяд, матолиби расонаҳо новобаста аз шакли моликият ҳам давлатӣ ва ҳам ғайриҳукуматӣ иштибоҳ доранд. Аммо, ба гуфтаи ӯ, ин набояд сабабе барои таҳти назорат гирифтани забони расонаҳо ва пешбинии муҷозот шавад.
"Сабабҳои объективӣ доранд"
Ба гуфтаи ӯ, бо ин роҳ намешавад забонро беҳтар кард. "Барои таҳкими забони давлатӣ дар расонаҳои Тоҷикистон бояд барномаҳои дигаре матраҳ шаванд, ки дар беҳтар шудани забон мусоидат кунад. Мисли омода кардани тавсияҳо дар ин самт. Хуб мешуд, ки расонаҳо сарфи назар аз шакли моликият аз ҷониби ҳукумат дастгирӣ ёбад ва ин дастгирӣ барои беҳтар шудани забони Воситаҳои ахбори омма равона гардад", - афзуд ӯ.
Қаршибоев мегӯяд, як сабаби роҳ ёфтани иштибоҳ дар расонаҳо, маҳдуд будани имконоти молии онҳост, ки муҳаррир ё муссаҳеҳи хуб надоранд.
Баҳриддин Камолиддинов, забоншиноси тоҷик, мегӯяд, иштибоҳҳо дар расонаҳои хусусӣ бештар аз сӯи хабарнигорони ҷавон сурат мегирад, ки мутоилаи кам доранд. Вале, ба гуфтаи ӯ, маъмулан иштибоҳ дар Васоити ахбори омма сабабҳои объективӣ доранд.
Ӯ гуфт, “матлабу хабарҳо таъҷилӣ нашр мешаванд ва фурсат кам аст. Таҳриру тағйир додани сохти ҷумла ва хусусиятҳои услубии ҳар як ҷумларо ба назар гирифтан ин фурсат мехоҳад, вале хабарнигор барои ин фурсат надорад. Ин сабаби объективӣ аст.”
Рӯзи забони тоҷикӣ. Аз 1989 то кунун
Дар баробари интиқод аз забони расонаҳо, дар нишасте, ки ахиран бахшида ба “Рӯзи забони тоҷикӣ” бо иштироки тамоми ниҳодҳои давлатии кишвар баргузор шуд, масъулин ҳамчунин аз ғалат дар китобҳо, махсусан дар фарҳанги забони тоҷикӣ ва набуди донандаҳои забонҳои қадимии тоҷикӣ нигаронӣ карданд.
Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёвари президент, дар масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа гуфт, ҳанӯз ҳам масъалаи номгузорӣ ва ё ба меъёри тоҷикӣ мувофиқ кардани номи маҳаллу кӯчаву дарё ва кӯҳҳо ҳалли худро наёфтааст. Ба гуфтаи ӯ, дар бисёре аз минтақаҳои кишвар ҳанӯз ҳам номи кӯҳу дарёҳо бо забони туркӣ ва ғайр боқӣ мондаанд. Ба Академияи илмҳо ва Вазорати маориф ва илми кишвар дастур дода шуд, ки китобҳои луғати имлои забони тоҷикӣ ва шакли дурусти фарҳанги забони тоҷикиро бо теъдоди бештар рӯйи чоп оранд.
Ҳамзамон барои ҳифз ва истифодаи дурусти забони далатӣ дар шабакаи интернет пешниҳод шуд, ки пайкараи забони тоҷикӣ дар интернет ворид карда шавад.
Забони тоҷикӣ рӯзи 22-юми июли соли 1989, пас аз талошҳои зиёди зиёиён ва донишмандони тоҷик, мақоми давлатӣ гирифт. Вале порлумони Тоҷикистон 5-уми октябри соли 2009 тарҳи нави Қонуни забонро тасвиб кард ва рӯзи Иди забонро низ ба 5 октябр кӯчонд.