Обанбори Норак аз об пур нашудааст. Лимит дар роҳ аст?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Обанбори неругоҳи Норак, ки манбаи асосии тавлиди барқ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, то ҳол аз об пур нашудааст. Сатҳи об ду метр поинтар аз қадри зарурӣ аст. Баҳори имсол ба гуфтаи мақомот бо сабаби камобӣ дар ин обанбор, Тоҷикистон ба камбуди шадиди барқ рубарӯ шуд. Чаро то ҳол дар Норак оби зарурӣ ҷамъ нашудааст ва пайомади он чӣ хоҳад буд?