Кохи Сафед гуфт, раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ба номзад ба президентии Афғонистон Абдуллоҳи Абдуллоҳ гуфтааст, шикоятҳо аз тақаллуби натиҷаҳои интихобот “тавҷеҳи хушунат ё иқдомоти ғайриконститутсионӣ” набояд шавад. Сухангӯи Кохи Сафед Ҷош Эрнест рӯзи 8 июл гуфт, Обама ба Абдуллоҳ гуфтааст, чунин иқдомҳо бо баҳои қатъи кумакҳои моливу амниятии Амрико ба Афғонистон тамом хоҳанд шуд.
Эрнест ҳамчунин гуфт, иттиҳомоти ҷиддӣ дар бораи тақаллуби натиҷаҳои интихобот, ки аз сӯи доктор Абдуллоҳ ва рақиби ӯ Ашрафғанӣ Аҳмадзай бояд ба сурати муносиб таҳқиқ шавад. Ӯ афзуд, натиҷаҳои муқаддамотии даври дуюми интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон, ки рӯзи 7 июл эълон шуд ва тибқи он доктор Абдуллоҳ аз Аҳмадзай қафо мондааст, ҳанӯз натиҷаҳои ниҳоӣ ва расмӣ нест ва дар ҳоли ҳозир наметавон натиҷаи ниҳоии ин маъракаро пешгӯӣ кард.
Вазорати хориҷаи Амрико мегӯяд, аз 8 миллион баргаи раъйи даври дуюми интихоботти раёсатҷумҳурии Афғонистон бояд то 3 миллионаш дар 7 000 қитъаи раъйдиҳии баҳсбарангез тафтиш шавад ва ин миқдор метавонад натиҷаи ниҳоии интихоботи рӯзи 14 июнро тағйир диҳад.
Сенаторҳои Амрико низ дар бораи раванди интихоботи Афғонистон изҳори нигаронӣ мекунанд. Линдсей Греҳем, сенатори ҷумҳурихоҳ аз аёлати Каролинаи ҷанубӣ рӯзи 8 июл гуфт, “агар интихобот ноком шавад, Афғонистон ноком хоҳад шуд. Агар ин интихобот эътибор пайдо накунад, хеле мушкил аст, ки андозсупорандаи амрикоӣ ба Афғонистон сармоягузорӣ кунад.” Греҳем умедвор аст, ки “аудити қонунӣ бояд барои нафари шикастхӯрда кофӣ бошад, ки ба тақдир тан диҳанд. Вагарна Афғонистан ба вартаи торик бармегардад.”
Вақте аз сенатори ҷумҳурихоҳ аз Аризона Ҷон МакКейн пурсиданд, ки оё Ашрафғанӣ Аҳмадзай интихоботро бурдааст?, ӯ чунин посух дод: “Ман фикр мекунам, бар асоси натиҷаҳое ки мебинем. Ман бештар аз ин намедонам. Мо медонем, ки як силсила тақаллуб сурат гирифтааст, вале оё он кофист, ки натиҷаҳои интихобот лағв шавад? Мо дар пайи аудитем ва бубинем, ки баъди аудит чӣ хоҳад гузашт.”
Дар ҳамин ҳол, вазорати умури хориҷии Чин бар зарурати хатми танишҳои пасоинтихоботӣ дар Афғонистон таъкид кардааст. Сухангӯи вазорати хориҷии Чин мегӯяд, ки раванди интихоботи Афғонистон бояд бо раисдагӣ ба шикоятҳо дар бораи тақаллуб такмил шавад, “то ин кишвар ба орзуҳояш даст ёбад.” Ба гуфтаи сухангӯи Пекин, Чин ҳамеша хостори як Афғонистони босулҳу босубот аст.
Дар даври якуми интихоботи президентии Афғонистон дар таърихи 5 апрел доктор Абдуллоҳ 45 дарсад ва Аҳмадзай 31 дарсад раъй оварданд ва дар натиҷа ин ду номзад, ки дар гузашта дар ҳукумати раисиҷумҳури феълӣ Ҳомиди Карзай яке вазири хориҷа ва дувумӣ вазири молия буд, ба даври дувум роҳ ёфтанд. Вале бар асоси натиҷаҳои муқаддамотии даври дуюм, ки Кумиссиюни мустақили интихобот рӯзи 7 июл эълон кард, дар ин навбат Ашрафғанӣ Аҳмадзай 56,44 дарсад ва Абдуллоҳи Абдуллоҳ 43,56 дарсад овоз гирифтаанд.
Абдуллоҳ ва тарафдоронаш ин рақамҳоро “эълони натиҷаҳои тақаллуб” унвон карда, гуфтаанд, ки ин натиҷаҳоро “ҳеҷ гоҳ – на имрӯз ва на фардо” эътироф нахоҳанд кард. Доктор Абдуллоҳ рӯзи 8 июл дар ҷамъи тарафдоронаш дар Кобул худро барандаи интихобот эълон кард. Тарафдорони ӯ таҳдид кардаанд, ки дар ғайри сурати расидагӣ ба шикоёти ситоди ин номзад ва бозшумории раъйҳо ҳукумати муволзӣ (параллелӣ) ташкил хоҳанд кард, ки метавонад Афғонистонро дар пешорӯи таҷзияи қавмӣ қарор диҳад. Доктор Абдуллоҳ аз падари пашту ва модари тоҷик ба дунё омада, аз пуштибонии васеъи тоҷикҳои шимоли Афғонистон бархӯрдор буд. Вале Аҳмадзай, ки аз қабилаи паштуҳои аҳмадзаист, бештар пуштибонии паштуҳо ва ҳамин тавр, ба далели интихоби Абдурашиди Дӯстуми узбак ба ҳайси ноиб ҳимояти узбакҳои Афғонистонро ба худ ихтисос дода буд.
Доктор Абдуллоҳ рӯзи 8 июл дар гирдиҳамоии тарадфоронаш дар Кобул ҳукумат, кумиссиюни интихобот ва ситоди Аҳмадзайро “секунҷаи тақаллуб” номид, вале гуфт, ситоди ӯ хоҳони “ҷанги шаҳрвандӣ” ё “бӯҳрон” нест, балки ба “субот, ваҳдати миллӣ ва алайҳи ҷудоӣ” даъват мекунад.
Доктор Абдуллоҳ ҳамчунин гуфт, вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керрӣ рӯзи 11 июл барои баҳси масъалаи интихобот ба Кобул хоҳад омад.
Дар ҳамин ҳол, дабири кулли НАТО Андерс Фоғ Расмуссен рӯзи 8 июл гуфт, баҳсҳо бар сари натиҷаҳои интихобот бояд сари вақт ҳал шавад, то раисиҷумҳури ҷадид битавонад то моҳи сентябр паймони амниятӣ бо ин эътилофи низомиро имзо кунад. Бо онки нирӯҳои хориҷӣ бояд то поёни соли 2014 аз Афғонистон берун шаванд, Кобул то ҳол на бо Амрико ва на бо НАТО созишномаҳои амниятиеро, ки шароити ҳузури минбаъдаи теъдоде аз нирӯҳои эътилоф дар Афғонистонро муайян кунад, имзо накардааст.
Расмуссен, ки дар Вошингтон дар пайи мулоқоташ бо Барак Обама сӯҳбат мекард, гуфт, агар паймони амниятӣ бо Афғонистон то нишасти сарони НАТО, ки қарор аст, дар оғози сентябр дар Уэлс доир шавад, ба имзо нарасад, ин эътилоф дар масъалаи барномарезии барномаҳои тамринаш дар Афғонистон баъд аз соли 2014 ба мушкили зиёд гирифтор хоҳад шуд. Ӯ сарусадоҳо дар бораи тақаллуби натиҷаҳои интихоботи Афғонистонро мояи “нигарониии ҷиддӣ” номид, вале изҳори умед кард, ки аудити ин раванд натиҷаҳои қобили эътибореро то нишасти НАТО дар Уэлс ҳосил хоҳад кард.
Раисиҷумҳури кунунии Афғонистон Ҳомиди Карзай аз имзои паймонҳои амниятӣ бо Амрикову НАТО даст кашида, ин корро ба раисиҷумҳури оянда вогузор кардааст. Вале баҳси тақаллуб ва таҳқиқи шикоятҳои ҳарду номзад метавонад эълони натиҷаи ниҳоии интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистонро ба таъхир андозад. Кумиссиюни мустақили интоихоботи Афғонистон гуфтааст, натиҷаҳои ниҳоӣ бояд дери дер то 22 июл эълон шаванд. Расми адои савганди раҳбари ояндаи Афғонистон алакай ба рӯзи 2 август муқаррар шудааст.