Поёни аҳди Обама, оғози раҳбарии Трамп - нигоҳе аз Тоҷикистон. ВИДЕО

Дар ҳоле ки то поёни маъмурияти Барак Обама рӯзҳои башумор мондааст, коршиносони тоҷик замони раёсати ӯро дар рушди ҳамкориҳои Амрико бо Тоҷикистон дар бахшҳои мухталиф муҳим арзёбӣ карданд.

Онҳо далели ин амрро ба сиёсати Обама дар Осиёи Марказӣ марбут хонданд, ки дар муқоиса ба маъмурияти Ҷорҷ Буш “инқилобҳои ранга”-ро ба дунбол надошт. Дар даврони раёсати Буш дар Қирғизистон, Гурҷистон, Украина ва дар соли 2005 дар Андиҷони Узбакистон “инқилобҳо”-е рух доданд, ки қудратҳои автократиро дар Осиёни Миёна нигарон кард.

Ба эътиқоди Нуралӣ Давлат, коршиноси мустақил, дар замони раёсати Барак Обама вазъ тағйир кард ва ин нигаронӣ аз байн рафт. “Дар

Доналд Трамп аслан соҳибкор аст ва мехоҳад иқтисоди кишварашро рушд диҳад. Вай гуфт, ки қасд дорад дар Амрико 25 миллион ҷойи кори нав эҷод кунад. Яъне, мехоҳад таваҷҷӯҳашро бештар ба масоили дохилии Амрико мутамаркиз кунад

замони президентии Обама дар сатҳи нухбагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ин нигаронӣ вуҷуд надошт. Аммо нооромиҳо ба кишварҳои арабӣ кӯчид ва дар замони маъмурияти Обама ба авҷи баланди худ расид. Ин ҳодисаҳо ба обрӯю эътибори байналмилалии Амрико таъсири манфӣ гузошт. Ҳоло Доналд Трамп талош дорад, ки ҳамин шиддати зиддиамерканизмро дар ҷаҳон поин барад”, - гуфт ӯ.

Шарикони Маскав = шарикони ИМА?

Равобити кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Амрико асосан бар пояи равобити Амрикову Русия сохта мешавад. Агар Русия бо Амрико хуб бошад, кишварҳои шарики Маскав ҳам ҷасурона бо Вашингтон робита месозанд ва ҳамкорӣ мекунанд. Агар ин равобит сард ва мисли ҳоло ба ҷанги лафзӣ печида бошад, кишварҳоии Шӯравии собиқ низ худро аз ин даъвоҳо канор мекашанд, то ҳеҷ ҷониб даргир нашаванд. Русия аз соли 2014 дар заминаи ишғоли Қрим бо Амрико ва умуман Ғарб равобити хуб надорад.

Соли 2009, Ню-Йорк

Равобити Тоҷикистон бо Амрико дар ҳашт соли раҳбарии Барак Обама дар соҳаи низомӣ боризтар буд. Тоҷикистон бо марзи 1300-километрӣ бо Афғонистон, кишварест, ки дар хатти аввали таҳдидҳои амниятӣ қарор дорад ва Амрико низ талош кардааст дар ҳамин самт ба Тоҷикистон кумак кунад. Гузашта аз ин, Амрико дар Афғонистон нерӯи низомӣ дорад, ки ба манфиати амнияти марзҳои Тоҷикистон ҳам ҳаст.

Ҳамкориҳои низомии Тоҷикистону ИМА

Давлати Амрико дар бунёду бозсозии дидбонгоҳҳои марзӣ дар марзҳои ҷанубии Тоҷикистон саҳм гирифта ва ба нерӯҳои низомӣ таҷҳизоти фаннӣ, техника ва воситаҳои нақлиёт додааст. Ба гуфтаи Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, дар чанд соли ахир Амрико барои сохтмону таъмири дидбонгоҳҳо ва омӯзиши афсарони марзбон 15 миллион доллар масраф кардааст. Вай гуфт:

“Танҳо дар соли гузашта давлати Амрико ба қӯшинҳои сарҳадӣ 59 адад нақлиёти гуногунтамға, назири “Ҷип”, 280 таҷҳизоти фаннӣ ва 930 адад воситаҳои алоқа тақдим кард”.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сокинони Душанбе дар бораи Обама

Давлати Амрико на танҳо дар бунёду бозсозии дидбонгоҳҳои сарҳадӣ, балки дар бунёди Маркази таълимии низомӣ ба Тоҷикистон мусоидат карда, дар соли 2012 бо кумаки молии 13 миллиондолларии Амрико дар минтақаи Қаратоғ, дар ғарби шаҳри Душанбе тамрингоҳи таълимии омӯзишӣ барои 300 нафар фаъол гардид. Ин тамрингоҳ дорои лабиринт, толори тирпарронӣ, гарнизон, казарма ошхона ва нуқтаи тиббӣ буда, дар ин ҷо низомиёну кормандони ниҳодҳои қудратӣ роҳҳои мубориза алайҳи терроризм ва маводи мухаддирро тамрин мекунанд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Душанбеву Вашингтон дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои амниятию низомӣ аз чанд сол ба ин тараф барномаҳои “Мубориза бо терроризм”, “Маблағгузории низомии хориҷӣ”, “Таҳсилот ва бозомӯзии байналмилалии низомӣ”, “Ҳамкорӣ барои сулҳ” ва ғайраро пиёда мекунанд.

Дар як пажӯҳише, ки созмони Security Assistance Monitor мақараш дар Вашингтон анҷом додааст, гуфта мешавад, ки дар миёни даҳ кишваре, ки Амрико ба онҳо кӯмакҳо низомӣ ироа мекунад, се кишвари шӯравии пешин -- Гурҷистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон низ шомил ҳастанд.

Кӯмакҳои иҷтимоии ИМА

ИМА дар самтҳои иҷтимоӣ низ ба Тоҷикистон кӯмак мекунад. Мизони кӯмакҳои иҷтимоиву фарҳангии Амрико ба Тоҷикистон аз соли 1992 ба ин сӯ аз марзи 1 миллиард доллар гузаштааст.

Элизабет Миллард, сафири ИМА дар Тоҷикистон дар як ҳамоиш дар “Гӯшаи амрикоӣ” дар шаҳри Душанбе рӯзи 1 декабр гуфт, ки кишвараш қасд дорад барои муолиҷаи бемории ВИЧ ва СПИД ба Тоҷикистон ҳамасола ба миқдори 4,5 миллион доллар кумак расонад.

Чину Русия - шарикони иқтисодии Тоҷикистон

Рашид Абдулло, таҳлилгари мустақил афзоиши мизони кумакҳои билоивази молии Амрикоро ба Тоҷикистон навъи талоши ин кишвар барои тақвияти нуфузаш дар минтақа, аз ҷумла, дар Тоҷикистон унвон кард. Ҳамзамон, ӯ таъкид кард, ки мизони кумакҳои Амрико дар муқоиса ба кумакҳои Русия ва Чин ба Тоҷикистон ночиз буда, ин кумакҳои билоивази молӣ аз ҷониби давлати Амрико ирсол шуда ва ширкатҳои бузурги ин кишвар, ки хусусӣ ҳастанд, ба ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Тоҷикистон шитоб намекунанд.

Ба гуфтаи Рашид Абдулло, имкон дорад дар замони маъмурияти Доналд Трамп сиёсати Амрико дар минтақаи Осиёи Марказӣ тағйир кунад. “Доналд Трамп аслан соҳибкор аст ва мехоҳад иқтисоди кишварашро рушд диҳад. Вай гуфт, ки қасд дорад дар Амрико 25 миллион ҷойи кори нав эҷод кунад. Яъне, мехоҳад таваҷҷӯҳашро бештар ба масоили дохилии Амрико мутамаркиз кунад.”

Амрико соли 1992, дар пайи суқути Иттиҳоди Шӯравӣ бо ҳамаи 5 кишвари Осиёи Марказӣ равобити дипломатӣ барқарор кард. Вашингтон дар ин муддат танҳо ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 1 миллиард доллар ёриҳои аксаран билоиваз расондааст.

Душанбе ҳамин тавр, аз тариқи ниҳодҳои байналмилалии молӣ, ба мисли Сандуқи байналмилалии пул ва Бонки ҷаҳонӣ, ки саҳми асосиро дар онҳо Амрикову муттаҳидонаш доранд, беш аз 1 миллиард доллари дигар қарзҳои боимтиёз ва ёриҳои билоиваз низ дарёфт кардааст.