Мусоҳибони ин нашрия гуфтаанд, ки ду ҳафтаи ахир ҳеҷ як сарбози кореягӣ дар ҷабҳаи пеш дида нашудааст. Як мақомдори украинӣ гуфт, сабаби талафоти зиёд дар миёни сарбозони Кореяи Шимолӣ беназмӣ дар сафи ин нирӯҳо ва ҳам набуди ҳамоҳангии амал бо воҳидҳои низомии Русия мебошад.
Як мусоҳиби украинии нашрияи The New York Times гуфтааст, ки аз замони ба ҷанг сафарбар шудани сарбозони кореягӣ, онҳо дар ихтиёри худ гузошта шуда буданд ва бо муҳимоти низомии бисёр маҳдуде ҳаракат карда гоҳо барои гурӯҳбандиҳои нав танаффус мекарданд.
Мақомдорони амрикоии ҳамсӯҳбати The New York Times гуфтанд, ки берункашии сарбозони кореягӣ аз ҷабҳа метавонад як амали муваққатӣ бошад ва баъди омодагии дубора ва ҳам роҳҳалҳое аз ҷониби артиши Русия эҳтимолан ба сафи пеши ҷанг баргардонида шаванд.
Бино ба маълумоти иктишофии ғарбӣ, барои иштирок дар ҷанги зидди Украина бо дархости Русия тахминан 10 ҳазор сарбоз аз Кореяи Шимолӣ сафарбар гардид. Мақомот дар Маскав ё Пхенян ҳеҷ гоҳ ин хабарро рад ё тасдиқ накардаанд.
Шумори талафот дар миёни сарбозони кореягиро садҳо нафар арзёбӣ мекунанд. Миёнаҳои моҳи январ президенти Украина Владимир Зеленский гуфт, ки бори аввал дар ҷангҳои вилояти Курск сарбозони кореягӣ дастгир шуданд. Яке аз ин сарбозон дар бозпурсиҳо гуфтааст, ки ба онҳо пеш аз сафар ба Русия гуфтаанд, ки онҳо на дар ҷанг, балки дар машқҳо иштирок хоҳанд кард.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Гузоришҳо аз кушта шудани "садҳо сарбоз"-и Кореяи Шимолӣ дар КурскУкраина аз кушта шудани сарбозони Кореяи Шимолӣ дар Курск хабар додЗеленский: 11 ҳазор сарбози Кореяи Шимолӣ дар Курск ҳастанд