NYT: Хоманаӣ дастури ҳамла ба Исроилро содир кардааст

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон, дар посух ба кушта шудани раиси дафтари сиёсии гурӯҳи “Ҳамос” Исмоил Ҳания дар шаҳри Теҳрон фармони ҳамларо ба Исроил содир кардааст.

Нашрияи “The New York Times” бо такя ба се мансабдори эронӣ хабар дод, ки фармони мазкур 31-уми июл, пас аз хабари расмии кушта шудани Ҳания дар ҷаласаи фаврии Шӯрои олии амнияти миллии Эрон дода шуд.

Манбаъҳои расона гуфтаанд, се интихоби ҳамла ба Исроил, аз ҷумла зарбаҳои мушакӣ ва ҳамлаи бесарнишинҳо ба пойгоҳҳои низомии Исроил дар Телавив вуҷуд дорад.

Имкони ҳамоҳангсозии ҳамла бо ҳампаймонҳои Эрон, аз қабили Яман, Сурия ва Ироқ низ баррасӣ шудааст.

Хоманаӣ ба низомиёни Эрон ҳамчунин дастур дода, ки нақшаи дифоъ ва ҳамларо дар сурати зарбаҳои ҷавобии Амрико ва Исроил таҳия ва коркард кунанд.

Исмоил Ҳания рӯзи 31-уми июл дар Теҳрон кушта шуд. Ӯ барои ширкат дар маросими савгандёдкунии Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури нави Эрон, дар Ҷумҳурии Исломӣ қарор дошт.

Гурӯҳи тундрави “Ҳамос” мақомоти Исроилро масъули ин ҳамла номид ва ваъда дод, ки онро беҷавоб нахоҳад гузошт.

Исроил на вокуниш нишон дод ва на масъулияти ин ҳодисаро бар уҳда гирифт, вале баъзе аз сиёсатмадорони исроилӣ онро иқдоме барои беҳбуди амнияти ҷаҳонӣ донистаанд.