Марзи давлатиро бештар "қарздорҳо" нақз мекунанд (ВИДЕО)

Нерӯҳои марзбонӣ дар минтақаи Шӯрообод мегӯянд, мавориди нақзи марз дар ин минтақа дар як соли ахир қариб ду маротиба кам шудааст, аммо убури марз тавассути қочоқчиён ба хотири баргардонидани қарзашон ҳамчунон идома дорад.
Сарҳанг Хушқадам Қадамов, фармондеҳи қисми марзбонии минтақаи Шӯрообод, 250-километрии пойтахти Тоҷикистон рӯзи 27-уми январ дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки "агар дар соли 2012, 40 ҳодисаи марзшиканӣ ё убури ғайриқонунии марз дар ин минтақаи марзи Тоҷикистону Афғонистон сабт шуда бошад, пас ин рақам дар соли гузашта 21 маврид буд. Ин аз ҳудуди ду маротиба кам шудани ҳодисаҳои марзшиканӣ дарак медиҳад."

Аммо сарҳанг Қадамов аз он изҳори нигаронӣ кард, ки кӯҳистон ва талу теппаҳои ноҳамвори душворгузар доштани минтақаи Шӯрообод муҳофизати марзу бумро дар ин минтақа барои нерӯҳои марзбонӣ мушкил кардааст. Ӯ мегӯяд, "ҳатто қисматҳои осонгузари хатти марз бо воситаҳои муҳандисӣ мустаҳкам нашудааст ва аз ин рӯ, сарҳадшиканӣ дар ин минтақа идома дорад. Аксар мавориди убури ғайриқонунии марз аз сӯи қочоқчиёни маводи мухаддири афғон ва ба хотири баргардонидани қарзашон аз муомилае, ки бо иддае аз сокинони минтақаи марзии Шӯрообод доранд, сурат мегирад."

Ба иттилои нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон, 8 сол қабл ҳодисаҳои гаравгонгирии сокинони рустоҳои наздимарзӣ, аз ҷониби қочоқчиёни мусаллаҳи афғон зиёд ба мушоҳида мерасид, аммо солҳои ахир ин маворид камтар шудааст. Дар солҳои пеш иддае аз қочоқбарои маводи мухаддири афғон ба бархе аз сокинони ин минтақаи марзӣ маводи мухаддир дода ва пас аз гузашти замоне омада пули онро талаб мекарданд. Аммо онҳое, ки пули мухадирро баргардонида наметавонистанд, аз сӯи қочоқбарони афғон ба асорат гирифта мешуданд.

Мавриди ахири вуруди ғайриқонунии қочоқчиёни мусаллаҳи афғон, шаби 10-ум ба 11-уми ноябр буд, ки Мирмад Баротов, як ҷавони 30-солаи сокини ноҳияи Шӯроободро бо худ ба гарав гирифтанд. Пас аз талошҳои мақомоти тоҷику афғон ин ҷавони тоҷик аз асорати қочоқчиёни афғон раҳо гардид.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои додситонии ноҳияи Шӯрообод, дар соли гузашта алайҳи 8 сокини ин минтақа ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва бархе аз онҳо ба солҳои мухталиф маҳкум ба зиндон шудаанд.

Шӯрообод бо шимоли Афғонистон 145 километр марзи муштарак дорад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Марзи Тоҷикистону Афғонистон, минтақаи Шӯрообод