Вазъ дар Сариоғоч ором мешавад

Баъд аз моҷароҳои рӯзҳои 5-6 феврал вазъ дар Сариоғочи вилояти Қазоқистони ҷанубӣ ба ҳолати маъмулӣ бармегардад.

Баъд аз куштори Бахит Ортиқов, сокини қазоқтабор дар Сариоғочи Қазоқистон миёни қазоқтаборон ва тоҷиктаборони маҳал моҷаро бархост ва чандин хонаву мошинҳои тоҷиктаборон ба оташ кашида шуд. Наҷмиддин Норматов, сокини тоҷиктабори Сариоғоч ба эҳтимоли ин куштор боздошт шуд. Нируҳои пулис барои ором кардани вазъ ба Сариоғоч омаданд ва акнун вазъро зери назорат гирифтаанд.

Дар мусоҳибае бо Муродҷон, як сокини Сариоғоч пурсидам, ки оё мактабу мағозаҳо баъд аз моҷароҳо ба кор даромадаанд?

Муродҷон: Ҳукумат хеле сахт назорати вазъро ба даст гирифтааст. Аз имрӯз мактабҳову мағозаҳо корро сар карданд. Рафту омад ба ҳолати маъмулӣ баргаштааст ва зиндагӣ дубора сар шуд гӯем ҳам мешавад.

Озодӣ: Баъд аз ин моҷароҳо рӯҳияи мардум чӣ гуна аст?

Муродҷон: Баъд аз он, ки амниятро таъмин карданд, ҳоло рӯҳияи мардум хубтар аст. Нируҳои пулис омадаанд. Корҳои профилактикӣ бурда истодаанд. Барои ҳамин мо умед дорем, ки хуб мешавад.

Озодӣ: Ҳоло ҳам ҳамон нигарониҳое, ки мумкин аст касе аз ягон ҷо ба хонаи касе ҳамла кунад ва ё моҷарое бархезад, дар байни мардум ҳис карда мешавад?

Муродҷон: Не, ин чиз ҳис карда намешавад, барои он, ки контрол хеле сахт аст. Ҳеҷ кас наметавонад гурӯҳ ташкил кунад ва дар як ҷо ҷамъ шудан намемонанд. Вале аксарияти сокиноне, ки дар он рӯзҳо аз тарс ба шаҳрҳо ё деҳоти дигар рафта буданд, дубора ба хонаҳои худ бармегарданд. Бо якдигар алоқа доранд. Дар бораи вазъ бо якдигар гуфтугӯ мекунанд.

Озодӣ: Оё нируҳо ё кормандони пулис дар кӯчаҳо ва атрофи деҳа ба назар намерасанд?

Муродҷон: Не, ҳамаашон ҳамин ҷо ҳастанд. Дида мешаванд. Ҳоло ҳеҷ кас нарафтааст. Сарбозон ва мошинҳо бо антенаҳояшон дида мешаванд. Масалан, ҳоло ман дар масҷид ҳастам, дар пеши масҷид тақрибан 15 сарбоз бо тамоми тиру туфанг муҷаҳҳаз дар либоси низомӣ дар ҳамин ҷо нишастаанд. Шабона онҳоро бо автобус дар қисматҳои гуногуни деҳа тақсим мекунанд. Ин ҷо мисли штаби генералиашон. Шабона мошинҳои бегонаро ба деҳа даромадан намемонанд. Тафтиш мекунанд, ки кӣ аст ва аз куҷо омада истодааст.

Озодӣ: Шабона рафту омад ва даромаду баромад ҳанӯз ҳам мумкин нест?

Муродҷон: Мебинанд, агар сокинони ҳамин деҳа бошад, иҷозаи даромадан медиҳанд, агар аз ҷои дигар бошад, даромадан намемонанд. Мошинҳоро рӯзона тафтиш намекунанд. Лекин шабона ҳамаи мошинҳоро тафтиш мекунанд.

Озодӣ: Интернету телефон пурра кор мекунанд?

Муродҷон: Телефон кор мекунад, аз дирӯз телефонро шабона ҳам ба кор дароварданд. Лекин то ҳол интернет нест. Дар ҷойҳои дигар ҳаст, вале дар ҷои мо нест, аз ҳамон рӯзи 5 феврал интернетро қатъ карда буданд, то ҳол рӯшан накардаанд.

Озодӣ: Намояндагони ҳукумати минтақа омада, гуфта буданд, ки гунаҳгоронро ҷустуҷӯ мекунанд ва агар ҷазои онҳо исбот шуд, онҳоро ба ҷазо мекашонанд. Оё касеро боздошт ва бозпурсӣ мекунанд?

Муродҷон: Ҷустуҷӯ идома дорад. Масалан, мағозаи маро оташ заданд. Он ҷо камера гузошта шуда буд. Назорати видеоӣ ва сабти наворҳо ҳаст. Ҳамонҳоро бурданд, меомӯзанд, ки чанд одам дар он иштирок дошт. Кор бурда истодаанд. Маълумот ҷамъ карда истодаанд.

Озодӣ: Муносибати байни мардум чӣ гуна аст?

Муродҷон: Дар ин ҷо тоҷикон ҳам ҳастанд, узбекон ҳам ҳастанд ва қазоқҳову тоторҳо ҳам ҳастанд. Одамоне, ки якдигарамонро мешиносем, бо якдигар салому алейк мекунем. Онҳо ҳама медонанд, ки кори «хунук» шуд дар байни мардум. Ҳама умедволранд, ки нағз мешавад. Боз Худо медонад.

Озодӣ: Фикр мекунед, ки ҳукумат сари вақт пеши ин моҷароҳоро гирифт?

Муродҷон: Бале сари вақт омаданд. Агар намеомаданд, садҳо бор бадтар мешуд, дар ин ҷо чизе намемонд. Шаби дуввум ҳам хеле талош карданд, ки пешгирӣ кунанд, вале боз ҳам чанд хонаро оташ заданд.