Додгоҳи олии Тоҷикистон ягона зан дар парвандаи қатли сайёҳони хориҷиро “барои хабар надодан аз ҷиноят” ба як соли зиндон маҳкум кард, вале ба хотири ду кӯдаки ноболиғаш иҷрои ҳукмро ба таъхир гузошт. Муҳокимаи Баҳриннисо Ҳайдароваи 27-сола рӯзи 21-уми ноябр дар қатори Ҳусейн Абдусамадов ва сездаҳ нафари дигар анҷом ёфт.
Як рӯз ҳамроҳи Ҳусейн Абдусамадов ба назди ман омада, ғизо хӯрданд. Аз баландӣ акс гирифтанд. Аслиддин дар даст телефон дошт, вале дар дасти Ҳусейн чизе набуд
"Гуноҳаш ин аст, ки ба мақомот хабар надод"
Абдусамадов, ки ӯро додгоҳ раҳбари гурӯҳи ҳамлагар ба ҷаҳонгардони хориҷӣ меномад, ба ҳукми зиндони абад ва ду тани дигар 16-солӣ аз озодӣ маҳрум шуданд. Боқӣ 11 айбдоршавандаи дигар, аз ҷумла Баҳриннисо Ҳайдарова, аз як то якунимсолӣ ҳукм гирифтанд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфт, гуноҳи Баҳриннисо Ҳайдарова дар он аст, ки Ҳусейн Абдусамадовро борҳо дар Норак дида, вале аз ҳузури “ин шахси шубҳаовар” ба мақомот хабар надодааст.
Пас аз ҳамлаи маргбори 29-уми июл дар ҳудуди ноҳияи Данғара, нисбат ба Ҳайдарова ҳам парванда боз шуд, вале то замони шурӯи муҳокимаҳои додгоҳӣ дар озодӣ қарор дошт. Ба гуфтаи мақомот, Ҳусейн Абдусамадов чанд моҳ пеш аз ҳамла хоҳари 23-солаи Ҳайдароваро хостгорӣ кардааст.
"Абудсамадовро бо ман Аслиддин шинос кард"
Баҳриннисо Ҳайдарова, ки дар канори роҳи Душанбе-Кӯлоб, 15 километр дуртар аз шаҳри Норак ғизо мефурӯшад, дар додгоҳ гуфтааст, Ҳусейн Абдусамадовро як моҳ пеш аз ҳамла ба сайёҳон дида буд. Ӯ гуфт, ки Ҳусейн Абдусамадовро Аслиддин ва Ҷаъфариддин Юсуповҳо бо ӯ шинос карданд. Ин ду бародар, ки дар қатли сайёҳон ширкат доштанд, як рӯз пас аз ҳамла кушта шуданд.
Баҳриннисо Ҳайдарова рӯзи 22-юми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин ду бародари кушташуда дар ҳамсоягиашон зиндагӣ мекарданд.
“Як рӯз бо Ҳусейн Абдусамадов ба назди ман омада, ғизо хӯрданд. Аз ҳамон ҷо аз баландӣ акс гирифтанд. Аслиддин дар даст телефон дошт ва атрофро аксбардорӣ мекард, вале дар дасти Ҳусейн чизе набуд”, - нақл кард ӯ.
“Дафъ шав, наход бача худаш ба хостгорӣ биояд?”
Баҳриннисо мегӯяд, ҳамон лаҳза шунид, ки Ҳусейн ба сайёҳони хориҷӣ таваҷҷӯҳ дорад: “Онҳо аз савдогарон мепурсиданд, ки сайёҳон дар инҷо хӯрок мехӯранд ё не. Мо дар баландие савдо мекунем, ки обанбор метобад. Дар онҷо чанд сайёҳ буд.”
Пас аз чанд рӯзи ин вохӯрии кӯтоҳ Аслиддин ба Баҳриннисо Ҳайдарова занг зада ва гуфтааст, ки дӯсташ мехоҳад бо хоҳари ӯ издивоҷ кунад. "Гуфт, бо хонаводаатон маслиҳат кун, як ҷӯраам зангир аст, модари нотавон дорад, мебарад, хидмати модарашро кунад. Ба такрор занг мезад, ки кай хостгорӣ биоем? Модарам гуфт, ба ношинос духтар намедиҳем. Аввал хешу таборашро шиносем, баъд. Аслиддинро пурсидам, гуфт, ки (Абдусамадов) бизнесмен аст, Русия рафта меояд. Модарам аз Аслиддин пурсид, ки кӣ хостгорӣ меояд. Гуфт, “худамон”. Гуфт, “дафъ шав, даркор нест. Бача наход худаш хостгорӣ биояд?” - нақл кард ӯ.
Баҳриннисо Ҳайдарова гуфт, бо ҳамин хостгории Ҳусейн Абдусамадовро рад карданд, вале Аслиддин чанд бори дигар ба ӯ занг зад. Маҳз аз рӯйи ҳамин тамосҳои телефонӣ ӯро тафтиш ва пайдо карда, ба ҷавобгарӣ кашиданд.
Ин зан мегӯяд, аз ин ки ба хотири кӯдакони хурдсолаш зиндонӣ нашуд, хушҳол аст. Баҳриннисо таъкид мекунад, ки аз нақшаи ин гурӯҳ хабаре надошт, вагарна ба мақомот хабар медод.
Ӯ гуфт, наздики чаҳор моҳ ташвиши зиёд дошт.
Се моҳи зиндагии Ҳусейн дар Норак
Ба гуфтаи тафтишот, Ҳусейн Абдусамадов то анҷоми ҳамла тақрибан се моҳ дар Норак зиндагӣ кард. Бештар шабашро дар хонаи нимсохти Аслиддин Юсупов дар деҳаи Кибили шаҳри Норак рӯз кардааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Нақша дар рӯшноии "Моҳи хунин". Қотилони сайёҳони хориҷӣ кӣ буданд? ВИДЕОИн 14 сокини Норак, ки боздошт шуданд, мисли Баҳриннисо бо ӯ тамосҳое доштаанд. Аксари боздоштшудаҳо аз атрофиён ва хешовандони Ҷаъфариддин ва Аслиддин Юсуповҳо буданд.
Аз ҷумла, Шоҳин Юсуфзода ва Фирдавсӣ Юсуфови маҳкумшуда ба 1,5 соли зиндон - тағои ин ду ҷавон ва Кароматулло Ғаниеву Беҳрӯз Сафоев, ки ба 16-солӣ маҳкум шуданд, риштаи хешутаборӣ доштаанд.
Мансур Солеҳов, як ҷавони дигар аз Норак, ба он хотир якуним сол зиндон шуд, ки борҳо Ҳусейн Абдусамадов ва ду бародарро меҳмондорӣ кардааст.
Хонум Тағойгул, модари Мансур мегӯяд, Ҷаъфариддин ва Аслиддин хешони шавҳараш буданд ва тақрибан як моҳ пеш аз ҳамла ба хонаашон ба меҳмонӣ омаданд. “Мегуфтанд, ки бояд тарбуз биорем ва дар Норак савдо кунем. Ман дигар чӣ гуфтанашонро намедонистам. Ба писари ман аз ин нақшаашон нагуфтааст. Ӯ ба хотири ин ду бача ӯро ба хона роҳ дода буд”, - афзуд ӯ.
"Ӯ террористи сохта нест"
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Норак дар зери сояи бадномии ҳамлаи террористӣ. ВИДЕОБа қавли тафтишот, аз нақшаи ҳамла ба сайёҳон Кароматулло Ғаниев ва Беҳрӯз Сафоев хабар доштанд, вале дар ин ҳодиса шахсан ширкат накарданд. Ба дигар маҳкумшудаҳо ақидаҳои ифротиро Ҳусейн Абдусамадов ва бародарон Юсуповҳо талқин кардаанд, вале ҳарчанд ба ин ақидаҳо дода нашуданд, гуноҳашон ин шуд, ки мақомотро дар ҷараён нагузоштанд.
Мақомоти тафтишотӣ мушаххас кардаанд, ки Ҳусейн Абдусамадов тақрибан як сол барои анҷоми ҳамлаи террористӣ омодагӣ дида, се моҳ дар ҳудуди Норак бо бародарон Юсуповҳо нақша кашидааст. Рӯзи 26-уми июл ба онҳо Зайниддин Сафаров ва Асомиддин Маҷидов, ду сокини деҳаи Селгаи ноҳияи Панҷ пайвастанд, ки аз Русия баргашта буданд.
Аксари ин боздоштшудаҳо дар додгоҳ изҳори пушаймонӣ кардаанд, ба ҷуз Абдусамад Ҳусейнов. Як иштирокдори мурофиаи гумонбарони қатли сайёҳон гуфт, “дар симои Ҳусейн Абдусамадов нафареро дидам, ки бо тамоми вуҷудаш ифротӣ аст. Шахсе, ки ба ин роҳ рафтааст, баргаштанӣ нест. Абдусамадов террористи сохта нест, як шахси воқеан додашуда ба ДИИШ аст. Аз баромади Абдусамадов ва рафтораш чунин дарк кардам, ки ӯ пурра мағзшӯӣ шудааст. Аз рафтораш чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки агар ҳоло аз дохили панҷара берун кунед омодааст, боз одам бикушад. Аслан парво надошт, ки нисбат ба ӯ чӣ ҳукм содир мешавад. Ӯ шахсияташро пурра аз даст дода буд.”
"Дигарон гумроҳшуда буданд, пушаймонӣ карданд"
Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, Кароматулло Ғаниев ва Беҳрӯз Сафоев, ки ба 16-солии зиндон маҳкум шуданд “гумроҳшуда ба назар мерасиданд. Онҳо ба ақидаҳои ифротӣ гаравидаанд, аммо аз он пушаймонанд.”
Як гуруҳи панҷнафарӣ рӯзи 29-уми июл дар ҳудуди деҳаи Себистони ноҳияи Данғара ба ҷаҳонгардони хориҷӣ ҳамла карда, чаҳор нафарро куштанд ва ду танро захмӣ карданд. Ҳусейн Абдусамадов, раҳбари ин гурӯҳ, ягона нафарест, ки зинда боздошт шуд.