Ҷаҳонгир Қосимов, устоди забони англисӣ дар Душанбе, бо ҷурми таблиғи “ҷиҳод” ба шогирдон ба 19 соли зиндон маҳкум шуд. Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 15-уми ноябр эълон кард, ки Ҷаҳонгир Қосимов, маъруф бо лақаби "Эшон" муҳлати ҷазоро дар зиндони низомаш сангин адо хоҳад кард.
Ба қавли наздикони маҳкумшудаҳо, Ҷаҳонгир Қосимов барои таблиғи ақидаҳои ифротгароӣ дар байни шогирдон се амалро анҷом додааст
"Қасд доштанд, ба ДИИШ пайванданд"
Дар баробари Ҷаҳонгир Қосимов, 9 нафари дигар, аз ҷумла шогирдонаш бо ҷурми ифротгароӣ аз 6 моҳ то 19 соли зиндон ҳабс шуданд. Чаҳор шогирди навраси муаллим - Ҳоҷимуҳаммад Файзуллоев, Сафармуҳаммад Абдуназарзода, Мустафо Раҳматов, Ҳабибулло Давлатов - тобистони имсол дар роҳ ба сӯи Афғонистон боздошт шуда буданд. Мақомот гуфтанд, ин афрод қасд доштаанд, дар он сӯи Омӯ ба гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” бипайванданд.
Бархе аз наздикони маҳкумшудаҳо рӯзи панҷшанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки бо ҳукми тӯлонии пайвандонашон розӣ нестанд ва барои бозбинии он ба зинаҳои болотари додгоҳ шикоят хоҳанд бурд.
Бархе дигар аз волидони маҳкумшудаҳо гуфтанд, фарзандонашон дар вақти пурсиши шоҳидон нишондодҳои онҳоро тасдиқ кардаанд. Саъдулло Нуралиев, яке аз наздикони маҳкумшудаҳо, гуфт, "вақте шоҳидонро мепурсиданд, гапи онҳоро рад намекарданд. Ҳамаашон гуноҳро ба гардан гирифтанд. Мо ҳайронем, чӣ кор кунем”.
Барномасозе, ки таълими "ҷиҳод" медод
Ҷаҳонгир Қосимов, омӯзгори 22-солаи забони англисӣ ва сокини шаҳри Душанбе, моҳи июли имсол дастгир шуд. Мақомот ӯро айбдор карданд, ки дар зери ниқоби омӯзиши забони англисӣ наврасонро ба ифротгароӣ ҷалб кардааст. Худи Қосимов дар додгоҳ иқрор шудааст, ки наврасонро барои омӯзиши забони англисӣ ҷалб карда, дар миёни онҳо ақидаҳои ифротиро тарғиб менамуд.
Аммо наздикони Ҷаҳонгир Қосимов ба ифротӣ будани ӯ бовар надоранд. Гуфта мешавад ӯ яке аз мактабҳои маъруфи пойтахтро бо баҳои аъло хатм карда, дар Донишгоҳ ихтисоси барномасозро меомӯхтааст.
Ба қавли наздикони маҳкумшудаҳо, Ҷаҳонгир Қосимов барои таблиғи ақидаҳои ифротгароӣ дар байни шогирдон се амалро анҷом додааст.
"Ҳадисҳоро аз англисӣ тарҷума мекард ва..."
Одинамо Давлатова, холаи яке аз боздоштшудаҳо гуфт, Қосимов ба шогирдон ҳадисҳоро бо забони англисӣ нишон дода, онҳоро ба тоҷикӣ тарҷума мекардааст. Ӯ гӯё бо ин роҳ нишон медодааст, ки ба шогирдон забони англисӣ меомӯзонад, аммо ба гуфтаи наздикони боздошшудаҳо талош мекардаст бо мазмуни ин ҳадисҳо ақидаҳои ифротиро таблиғ кунад.
Ҳамсуҳбатони мо мегӯянд, Ҷаҳонгир Қосимов инчунин ба шогирдонаш наворҳои гуруҳи тундравро нишон дода, ба онҳо ваъда додааст, ки гӯё дар Афғонистон зиндагии роҳат онҳоро интизор аст.
Гузориши видеоӣ аз бойгонӣ дар инҷост:
Ифротгароӣ дар Тоҷикистон аз мушкилҳои умдае мебошад, ки мақомот солҳо боз бо он мубориза мебаранд. Дар ин муддат даҳҳо нафар бо ҷурми пайравӣ аз созмонҳои мамнӯи динӣ паси панҷара рафтаанд.
Мавзӯи ифротгароӣ дар Тоҷикистон пас аз он доғ шуд, ки беш аз як ҳазор шаҳрванди кишвар ба сафи гуруҳи даҳшатафкани “Давлати исломӣ” дар Ховари Миёна пайвастанд. Ҳамла ба сайёҳон дар моҳи июли имсол дар ҷануби Тоҷикистон дубора масъалаи гароиши ҷавонон ба ифротгароиро дар ҷомеа доғ кард.