"Ба ҳама ҷо муроҷиат кардем, вале..."
Ба нақли наздикон, Болтуеви чилсола дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дошт ва мехост ба Тоҷикистон баргардад, аммо тамос бо ӯ ба таври ногаҳонӣ шаби 22-юми март қатъ шуд. Шабе, ки ба “Крокус Сити Ҳолл”-и канори Маскав ҳамлаи маргбор сурат гирифт ва мақомоти Русия то кунун дар пайванд ба он чанд зодаи Тоҷикистонро дастгиру ҳабс кардаанд.
Ба ҳам рост омадани ин ду ҳолат фарзияҳои зиёдеро дар сари модару ҳамсар ва хешовандони дигари Манучеҳр Болтуев эҷод кардааст. Ӯ боздошт шудааст? Ё дар озодисту аз хонавода мегурезад? Зинда аст ё барҳаёт нест? Ба ғуломӣ афтода ё тасодуф кардааст? Аз суолҳоест, ки аъзои оила ба якдигар медиҳанд, вале дар ҳоли ҳозир посух надоранд.
Онҳо дар ин муддат ба мақомот ва шиносу ношинос дар Тоҷикистону Русия низ муроҷиат карда, то ҳол дар бораи дар куҷо ва дар чӣ вазъ буданаш иттилое нагирифтаанд.
“Ба ҳама ҷо муроҷиат кардем. Ба шуъбаи корҳои дохилӣ дар Хуҷанд ва намояндагии Русия рафтем. Дар намояндагии Русия гуфтанд, чун шаҳрванди онҳо нест, ёрӣ дода наметавонанд. Азбаски дар Хуҷанд сабтином нашудаем, муроҷиати моро напазируфтанд. Ба ШКД-и зодгоҳамон, Панҷакент, қазияро фаҳмондем. Гуфтанд, марзбониро пурсед,” – нақл кард Сайҳуна Музаффарова, ҳамсари Манучеҳр Болтуев рӯзи 11-уми июн.
"Мегуфт, дар роҳ ба хона аст"
Манучеҳр Болтуев як сол пеш, пас аз адои давраи “депортатсия”, бо нияти кор ба Русия рафтааст. Модари 62-солааш, Буттагул Болтуева, мегӯяд, ӯ аввал дар шаҳри Маскав устоӣ мекард, сипас ба Калугаву Свердловск кӯчид.
“Пас аз марги падараш сардори оила буд. Барои барқ пул мефиристод, барои хариди маҳсулот ёрӣ медод. Чор хоҳарашро оиладор кард. Чанде пеш бемор шуду ҷарроҳиро аз сар гузаронд. Нагуфт, ки ягон кас ӯро боздошт ё ягон ҳодиса рух дод. Мегуфт, дар роҳ ба хона аст. То ин вақт ба тамос набаромад,” – нақл кард ӯ.
Манучеҳр Болтуев дар шабе гум шуд, ки дар Маскав ба бинои “Крокус Сити Ҳолл” ҳамла сурат гирифт ва тақрибан дар ҳама минтақаи сарҳадии Русия ҳолати изтирорӣ эълон шуд.
Сайҳуна Музаффарова, ҳамсари Манучеҳр Болтуев, мегӯяд, “19-уми март ба Свердловск рафта, се шаб дар меҳмонхонае истод. Номи меҳмонхонаро намедонем. 22-юми март телефон кард, ки як таксӣ дар роҳ фаровардааст. Нагуфт, ки онҷо куҷост. Бояд ба Тошканд меомад.”
Манучеҳр Болтуев ва Сайҳуна Музаффарова даҳ сол пеш бо ҳам издивоҷ карда, соҳиби чор фарзанд ҳастанд. Сайҳуна аз ӯ “марди оромтабиат” ва “бомасъулият” тавсиф кард ва эҳтимоли рафтанашро ба ҷанг дар Украина ва ё пайвастанашро ба созмонҳои мамнуъ рад намуд.
Ҳудуди як миллион аҳолии Тоҷикистон дар Русия кору зиндагӣ мекунанд. Маълумоти дақиқ дар бораи шаҳрвандони нопадидшудаи Тоҷикистон дар Русия вуҷуд надорад.
Ҳоло хонаводаи Манучеҳр Болтуев азм доранд, ки ба мақомоти кишварҳои ҳамсояи Русия, аз ҷумла Қазоқистон, муроҷиат карда, барои ёфтани нишоне аз ӯ мадад пурсанд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад