Пайвандони Эҳсон Одинаев, машҳур бо номи мустаори Сарафрози Оламафрӯз, фаъоли пешини "Гурӯҳи 24", ҳар дафъа бо баланд шудани занги дари хона ё садои гӯшии телефон зуд аз ҷой мехезанд, бо умеди он ки аз писари гумкардаашон хабаре мегиранд. Ӯ 6 сол боз бедарак аст.
Эҳсон Одинаев моҳи майи соли 2015, ҳангоме ки 24 сол дошт, дар шаҳри Санкт-Петербург барои харидани дору аз хона берун шуда, дигар барнагаштааст. Пайвандонаш тахмин мезананд, ки мақомоти Русия ӯро бо дархости ҷониби Тоҷикистон дастгир кардаву ба кишвар фиристодаанд. Мақомоти Тоҷикистон то кунун дар бораи боздошт шудани ӯ ва ё дар куҷо буданаш изҳори назар накардаанд.
“То ҳол ҷустуҷӯ мешавад, вале Русия парвандаро баст”
Вайсиддин Одинаев, бародари Эҳсон Одинаев, ки ҳоло дар Аврупо ба сар мебарад, гуфт, "то ҳоло номашро дар саҳифаи Интерпол ва мақомоти корҳои дохилии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил нигоҳ доштаанд. Ҳамчун ҷинояткор ҷустуҷӯ мешавад."
Аммо, ба қавли ӯ, мақомоти интизомии Русия пас аз шаш моҳи таҳқиқ дар мавриди нопадид шудани Сарафрози Оламафрӯз парвандаро бастаанд: "Як сол пеш чанд маъмури амниятӣ ба манзили модарбузургам рафта, ба тағою наздикони дигарам гуфтаанд, ки ба Вайсиддин бигӯед, ба Тоҷикистон баргардад. Гуё дар бораи Эҳсон хабаре доштаанд, ки саломат аст. Лекин ман ба ин паём чандон бовар надорам."
Эҳсон Одинаевро қабл аз нопадид шудан ба рахна задан дар почтаи электронии яке аз сафоратҳои Тоҷикистон ва шикастани қуфли почтаи нашрияи "Вечерка" муттаҳам дониста буданд. Ба қавли наздиконаш, ӯ соли 2007 ба Русия рафта, “дар аввал ҷонибдори раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон, буд, вале баъдан мавқеашро иваз карда, ба мунтақиди президент табдил шуд".
Қазияи Эҳсон Одинаев дар солҳои охир ягона набудааст. Баъзе аз намояндагони мухолифин дар хориҷа дастгиру дар Тоҷикистон ба зиндон маҳкум шуда, дар бораи дар куҷо ва таҳти чӣ шароит будани иддае дигар ҳеч маълумоте нест.
Шаш сол пеш, замоне ки расонаҳо дар бораи нопадид шудани Сарафрози Оламафруз гузориш доданд, дар Русия аз гум шудани чанд нафари дигар низ хабар расид.
Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, моҳи июни соли 2015 Мақсуд Иброҳимов, муассиси созмони "Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон" дар Русия рабуда ва зӯран ба Тоҷикистон оварда шудааст. Дертар ӯро ба 17 сол зиндон маҳкум карданд. Гурӯҳи кории Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал оид ба боздоштҳои худсарона ҳукуматҳои Русия ва Тоҷикистонро барои амалкардҳои ғайриқонунӣ нисбат ба Мақсуд Иброҳимов танқид кард.
Қазияҳои ҳамсон
Фаъолони ҳуқуқи башар мегӯянд, аз соли 2005 то соли 2018 камаш 15 шаҳрванди Тоҷикистон “дуздида ва ё нопадид шудаанд”. Аксари ин ҳодисаҳоро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд.
Фарҳод Одинаев, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Аврупо, рӯзи 30-юми май ба Радиои Озодӣ гуфт: “Чанд рӯз пеш Мунир Абдулҳамидови 44-сола, сокини шаҳри Ваҳдат, ки 9 сол ба ин тараф шаҳрвандии Русияро дошт, нопадид шуд. Ҳоло маълум гардид, ки дар Душанбе пайдо шудааст. Қабл аз ин, узви “Гурӯҳи 24”, Раҳматҷони Муҳаммадҷон, аз маҳалли зисташ дар шаҳри Маскав нопадид шуд. Вай ҳам шаҳрвандии Русияро дошт. Моҳи сентябри соли гузашта фаъоли дигари “Гурӯҳи 24” Шобуддин Бадалов дар Русия боздошт шуда, ба самти номаълум бурда шудааст. Мақомоти Русия ва Тоҷикистон ба таври расмӣ дар бораи онҳо маълумоте пешниҳод намекунанд”.
Ин дар ҳолест, ки Гурӯҳи кории Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал оид ба боздоштҳои худсарона пас аз сафар ба Тоҷикистон дар соли 2019 дар гузорише хулосаҳои худро оид ба нопадидишавии шаҳрвандони ин кишвар нашр кард. Ба навиштаи созмон, нопадидшавиҳо дар солҳои 2015, 2018 ва 2019 дастикам дар чаҳор кишвари хориҷӣ сурат гирифтааст.
Омори шахсони дар солҳои охир нопадидшуда ва ҳам номи ин кишварҳо зикр нашудааст, вале дар гузашта ҳомиёни ҳуқуқ гуфтаанд, аксар ҳодисаҳои боздошту нопадидшавии мунтақидони ҳукумат дар Русия рух дода, ахиран дар Туркия ҳам чунин ҳодисаҳо гузориш мешаванд.
Нопадидшавӣ – аз замони ҷанги дохилӣ то ҳоло
Нопадидшавии иҷбории сокинони Тоҷикистон бо нооромиҳо ва ҷанги панҷсолаи шаҳрвандӣ шуруъ шуда, ба қавли коршиносон ва созмонҳои байналмилалӣ, то кунун идома дорад. Дар гузориши СММ низ зикр шудааст, ки аз замони шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон то имрӯз, "бо ин ки омори расмӣ вуҷуд надорад, сарнавишти ҳазорҳо нафар номуайян мемонад".
“Дар миёни ин афрод шахсони мулкӣ ва сарбозони Вазорати дифоъ низ мебошанд, ки дар замони даргириҳо нопадид шудаанд ва то ҳол маълум нест, сарнавишти онҳо чӣ шудааст. Солҳои ҷанги дохилӣ “зиндонҳои ғайриқонунӣ” ё боздоштгоҳҳои махфӣ вуҷуд доштанд, ки мақомот дар бораи онҳо хабар доранд, аз ҷумла яке аз онҳо дар як деҳаи ноҳияи Варзоб ҷойгир буд. Гурӯҳи корӣ аз вуҷуди чанд гӯри дастҷамъии нокушода огоҳонида шуд, аз ҷумла дар бораи панҷ қабри гурӯҳӣ бо 2600 ҷасад, ки соли 1998 дар Шаҳринав ва Душанбе ошкор гардид", -- мегӯянд коршиносони Созмони Милал.
Ба навиштаи онҳо, ин ҷасадҳо то имрӯз пурраву мӯшикофона таҳқиқу шиносоӣ нашудаанд. Солҳои ҷанг инчунин шумори муайяни шаҳрвандон баъд аз фирор ба Афғонистон нопадид шудаанд.
"Гурӯҳи корӣ аз ҳукумати Тоҷикистон даъват мекунад, ки дарди оилаҳои азиятшударо дарк бикунанд, чун онҳо дар бораи сарнавишти азизони бедаракшудаи худ беш аз 20 сол аст, ки хабаре надоранд", -- омадааст дар гузориш.
Айни замон, ба навиштаи мутахассисон, дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон бояд барои нопадидшавии маҷбурии инсон моддаи ҷудогона ворид карда шавад.
Ба қавли онҳо, як роҳи муҳими муқобила бо бедаракшавиҳои одамон ҷорӣ кардани низоми рақамӣ ва ё диҷитолии сабту қайди ҳодисаҳо мебошад. Гурӯҳи корӣ таъкид мекунад, ки дар протоколҳои рақамишуда бояд тамоми ҷузъиёти марбут ба ҳолати аз озодӣ маҳрум шудани шахс ва нигаҳдориву бозпурсӣ шудани ӯ, аз ҷумла, аз ҷониби кадом шахсони масъул барпо шудани ин амалҳо зикр шавад.