Бюрои федеролии тафтишоти Амрико ё FBI баъди таҳқиқи мукотибаи электронии Ҳиллари Клинтон дар замоне, ки ӯ Котиби давлатии Амрико буд, ҷурмеро дар заминаи бархӯрди нодуруст бо асрори давлатӣ ошкор накард ва аз боз кардани параванда алайҳи ӯ даст кашид.
Дар ин бора раҳбари FBI Ҷейм Коми дар як номаи вежа ба Конгресси Амрико гузориш дод. Қабл аз ин Коми ба Конгресс гузориш дода буд, ки бозҷӯёни ин ниҳод пайғомҳои электрониеро ошкор карданд, ки эҳтимолан ба қазияи Клинтон оиди истифодаи почтаи хусусӣ дар мукотибаҳои корӣ рабт бигиранд. Номаи кӯтоҳ ва бидуни шарҳи FBI маъракаи президентии Ҳиллари Клинтонро такон дод, зеро аз он маълум намешуд, ки муфаттишони ин ниҳод чигуна номаҳоро ошкор кардаанд.
Коми: Дар номаҳои Клинтон аъмоли ҷиноӣ пайдо нашуд
Раиси FBI Ҷеймс Коми ба Конгресс иттилоъ дод, ки тафтиши иловагии паёмҳои электронии номзади курсии раёсатҷумҳурии ИМА аз ҳизби демократ Ҳиллари Клинтон ягон амали ҷиноӣ пайдо накард ва дар ин робита бар муқобили Клинтон айбномае матраҳ нахоҳад шуд.
Умедворам, шумо метавонед гӯед, ки шумо барои беҳтару нерумандтар намудани Амрико овоз додед... Амрикое, ки аз он садои муҳаббат ба гӯш мерасад, на садои шайпури нафрат
Рӯзи якшанбе Коми ба вакилони Конгресс гуфт, тафтиши иловагӣ хулосаеро, ки дар моҳи июл дар мавриди ирсоли паёмҳои электронӣ аз сервер ё худ хазинаи хусусии Клинтон ироа карда буд, тағйир надод. Ҳафтаи гузашта раиси FBI ба Конгресс номае навишта, маълумот дод, ки муфаттишон паёмҳои электронии наве пайдо кардаанд, ки бояд тафтиш шаванд. Ин эълон маъаракаи пешазинтихоботии Клинтонро то ҳадде дарҳаму барҳам зад.
Доналд Трамп, довталаби курсии президентии ИМА аз ҳизби ҷумҳурихоҳ хулосаи FBI-ро ба боди танқид кашид ва гуфт:
"Афсарони бономус ва шарафманди FBI намегузоранд, ки ӯ бо ҷиноятҳои ваҳшатнок ва аз ҷумла пок намудани 33 ҳазор паёми электронӣ баъди ҳушдори Конгресс содир кардааст, аз масъулият халос кунад. Ҳозир низоми сохта ӯро зери ҳимоят гирифтааст. Ин низом бо фиреб сохта шудааст ва ман солҳост, ки ин ҳарфро таъкид мекунам. Шумо наметавонед 650 ҳазор паёмро дар ҳашт рӯз тафтиш
кунед."
Номаҳо – охирин шонси ба замин задани маҳбубияти рақиб
Дар тӯли ҳафтаи баъди ошкор шудани номаҳо маҳбубияти Трамп дар байни интихобкунандаҳо якбора боло рафт. Намояндагони Клинтон ин номаро расман маҳкум ва онро дахолати FBI ба ҷараёни интихобот унвон карданд. Маълум нест, ки ин қазия ба рӯҳияи интихобкунандаҳо чӣ таъсире доштааст, аммо намояндагони ситоди Клинтон аз ин нороҳат буданд, ки қазия метавонад талошҳои онҳоро барои ҷалби ҷумҳурихоҳони норозӣ аз Трамп ба тарафи худ ба нестӣ бубарад.
Номзади Ҳизби Демократ Ҳиллари Клинтон дар ҷараёни ҷамъомади пешазинтихоботӣ дар Кливленд дар ин мавзӯи барои ӯ муҳим лаб накушод, вале раъйдиҳандагонро ба овоздиҳӣ ташвиқ намуд:
"Вақте фарзандону набераҳоятон аз шумо пурсиданд, ки соли 2016 замоне, ки ҳама чиз дар як марра қарор дошт, шумо чӣ кор кардед? Умедворам, шумо метавонед гӯед, ки шумо барои беҳтару нерумандтар намудани Амрико овоз додед. Барои Амрикое овоз додед, ки пул месозад на девор. Амрикое, ки аз он садои муҳаббат ба гӯш мерасад, на садои шайпури нафрат".
Муроҷиати охирини номзадҳо пеш аз раъйгирӣ
Дар ҳамин ҳол нашрияи USA Today муроҷиати ҳарду номзадро дар сафҳаи сармақола нашр кард. Трамп якчанд далелро ба фоидаи худ истифода кардааст. Ӯ аз ҷумла тасмим дорад, қонуни кумаки тибии дастрасро ҳамчун азбайнбарандаи ҷои кор ва афзоиши нархи хадамоти тиббӣ лағв кунад. Трамп ваъда дод, ки созишномаҳои тиҷоратиро, ки ба гуфтаи ӯ даромади амрикоиҳо кам шудааст, оҷилан бекор мекунад. Аз ҳама муҳим ӯ мехоҳад "ботлоқи фасодкорӣ дар Вашингтон"-ро хушк кунад ва сохтореро, ки ба гуфтаи Трамп дар он сиёсатмадорон барои ҷурмҳои худ ҷазо намегиранд, дигар кунад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Доналд Трамп ба интихобкунандаҳо барномаи "100 рӯз" пешниҳод мекунад, ки дар тӯли он ӯ тасмим дорад 25 миллион ҷои кор эҷод кунад ва сатҳи молиётро барои синфи миёна то 35 дар сад поён бубарад.
Ҳиллари Клинтон низ барномаи "100 рӯзи президентӣ"-ашро ба маърази омӯзиши овоздиҳандаҳо қарор дод. Ӯ ҷалби сармояҳои ҳангуфтро барои рушди зербино ва эҷоди ҷойҳои кории нав ваъда дод. "Мо инро аз ҳисоби Уолл-стрит пӯшиш медиҳем ва аз сарватмандон дархост мекунем, ки дар ин барнома ба таври одилона саҳм бигиранд", - гуфт Клинтон. Клинтон ба ислоҳоти соҳаи муҳоҷират ва ворид намудани дигаргунӣ дар Қонуни интихобот таъкид кард, ки сармоягузории беҳудуди ширкатҳоро ба маъракаҳои интихоботӣ мамнуъ кунад.
"Мо омодаем остин барзанем ва барои беҳбудии оилаҳои амрикоиҳо хизмат кунем ва ман ҳеҷ гоҳ аз расидан ба ин ҳадаф даст намекашам", - гуфт Ҳиллари Клинтон ба интихобкунандаҳо.
Пурсишҳои афкори умум дар остонаи раъйгирӣ
Натиҷаи назарсанҷии марказҳои омӯзиши афкори умум дар фосилаи ду рӯз аз баргузории интихобот дилгармии Клинтонро ба натиҷаи он бештар кардааст. Фарқи миёнаи маҳбубияти номзадҳо ба сурати умум бетағйир боқӣ монадааст. Натиҷаи ду назарсанҷии ахир дар аёлати Оҳайо, ки нашрияи The Los Angeles Times нашр кард, баёнгари ин аст, ки дар раддабандии маҳбубият ҳарду номзад дар сатҳи баробар қарор доранд. Қаблан дар ин аёлат маҳбубияти Трамп бештар аз Клинтон буд.
Ба навиштаи нашрия, пирӯзии Клинтон дар ин аёлат роҳи ғалабаи Трампро дар интихобот масдуд мекунад. Трамп ҳамчунин дар аёлати саноатии Мичиган, ки барои Ҳизби Ҷумҳурихоҳ бисёр муҳим аст, поёнтар аз Клинтон қарор дорад. Ҳамин тавр Ҳиллари Клинтон дар Пенсилвания низ аз Трамп пеш гузаштааст. Аммо сабқат дар аёлати барои ҳарду бисёр муҳими Флорида тезутунд хоҳад буд.
Охирин назарсанҷии умумимиллӣ, ки бо фармоиши шабакаи телевизионии ABC ва NBC анҷом шудааст, бартарии Клинтон бар Трампро 4-5 дар сад ҳисоб кардааст.