Қабл аз форум Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои федератсияи Русия бо Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон мулоқот дошт ва ду тараф ҳамкориҳоро баррасӣ кардаанд.
Валентина Матвиенко дар нишасти якҷояи вакилони ду кишвар гуфт: “Ҳамкорӣ бо Тоҷикистон аз ҷумла дар сатҳи порлумон ва минтақа чун анъана аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Русия ва фаъолияти палатаи болоии порлумони Русия аст. Ман бо хушнудӣ мегӯям, ки кишварҳои мо муносибату шарикии стратегӣ ва ҳампаймониро муназзам тақвият медиҳанд.”
Расонаҳои давлатӣ рӯзи панҷшанбе аз қавли Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси Миллӣ ва писари калонии президенти Тоҷикистон, навиштанд, ки байни Тоҷикистон ва Русия "иқтидори бузурги истифоданашуда” вуҷуд дорад. Ӯ гуфтааст, "барои ташкили корхонаҳои муштарак дар саноати сабук, хӯрокворӣ, химия, инчунин дар самти тандурустӣ ва гидроэнергетика талоши бештар намудан зарур аст.”
Пеш аз омадани вакилони баландмақоми Русия ба Душанбе, нахуствазири Тоҷикистон аз бадрафторӣ бо муҳоҷирони тоҷик изҳори нигаронӣ кард.
Як намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфта буд, ки аз вакилони тоҷик хостаанд, дар мулоқот бо ҳамтоёни худ изҳороти баҳсбарангези баъзе аз онҳоро дар мавриди тоҷикон дар миён бигузоранд.
Дархости вазорат дар пайи суханҳои Михаил Матвеев, вакили Думаи Давлатии Русия, расонаӣ шуд. Матвеев рӯзи 26-уми сентябр ҳангоми қабули Созишнома дар бораи таъсиси Маркази кӯдакони болаёқат дар Тоҷикистон аз таблиғоти, ба гуфтааш, зиддирусӣ дар китоби таърих дар мактабҳои миёнаи ҷумҳурӣ эътироз кард.
Шоҳин Самадӣ, намояндаи расмии ВКХ, рӯзи 7-уми октябр дар робита ба ин ва баёнияҳои дигари Михаил Матвеев гуфт, "чунин изҳорот ба ҷуз зиён ба ҳампаймонӣ ва шарикии старатегии Тоҷикистону Русия чизи хубе дар пай надорад."
Маълум нест, ин масъала дар нишасти байнипорлумонии Тоҷикистону Русия дар Душанбе матраҳ ҳаст ё не.
Тоҷикистон ва Русия ҳамдигарро шарики асосии стратегӣ медонанд. Тоҷикистон дар доираи чанд созмони минтақаӣ яке аз кишварҳои ҳамкору ҳампаймони Русия аст ва дар бештари маврид аз иқдомҳои ин кишвар ҷонибдорӣ мекунад. Бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар хориҷ низ дар Тоҷикистон ҷойгир аст.
Ҳар сол садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои кори муносибу даромади бештар ба Русия мераванд. Тайи зиёда аз як соли охир тафтишу боздошти онҳо афзудааст. Ин вазъ пас аз ҳамлаи 22-юми марти имсол ба "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав шиддат ёфт. Мақомоти Русия дар пайванд ба ин ҳодиса чандин Тоҷикистонро дастгир карда, чаҳор нафари онҳоро омилони асосӣ номбар мекунанд.
Ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистон иҷозаи вурудро ба Русия наёфта, ҳазорҳо нафари дигар дар фурудгоҳ дармонданд ва ё ихроҷ карда шуданд.
Чанд рӯз пеш Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон, дар Душанбе ба мақомоти Русия гуфт, аз бадрафтории Маскав бо муҳоҷирони тоҷик нигарон ҳастанд. Муовини сарвазири Русия Марат Ҳуснулин дар посух гуфтааст, “бояд як чизро аниқ дарк кард, ки дар кишвари мо дигар муҳоҷирати ғайриқонунӣ нахоҳад буд. Яъне, мо ба тартиб медарорем. Ба нерӯи корӣ зарур аст, вале онҳо комилан қонунӣ хоҳанд буд”.