Бишкек: Сиёсатшиносони тоҷик дар масъалаи боздошт муболиға мекунанд

Фурудгоҳи Манас

Сафорати Тоҷикистон дар Бишкек дармондани боз як гурӯҳи мусофирони тоҷик ба иллати “тафтиш” дар фурудгоҳи Манаси пойтахти Қирғизистонро тасдиқ кард.
Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон рӯзи 27 январ дар посухи хаттиаш ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки соати 17-30-и шоми 26 январ аз байни 48 мусофири парвози Душанбе –Бишкек, ки 25 нафараш шаҳрвандони Тоҷикистон буданд, 16 нафарро иҷозати гузаштанд додаанд, “аммо бо сабабҳои номаълум 9 нафар шаҳрвандони ҶТ аз ҷониби сарҳадбонони қирғиз то соати 23.30 боздошт гардида, баъдан раҳо карда шуданд. Ба саволи консули сафорат оиди сабабҳои боздошт сарҳадбонони қирғиз иброз доштаанд, ки тибқи супориши роҳбарияти Хадамоти сарҳадии Кирғизистон амал намуда истодаанд.”

Сафорати Тоҷикистон мегӯяд, ин 9 шаҳрванди тоҷикро дар минтакаи транзитии фурудгоҳи Манас боздошт кардаанд, вале “ба консули сафорат низ иҷозати гузаштан ба ин маҳалли транзитӣ ва сӯҳбат бо шаҳрвандони ҶТ аз ҷониби сарҳадбонони қирғиз дода нашуд.”


Шарҳи марзбонҳои Қирғизистон роҷеъ ба қазияи 26 январ

Парвиз Муллоҷонов

Дар шумули онҳое ки аз бархӯрди марзбонҳои қирғиз дар фурудгоҳи Манас шикоят карданд, 2 сиёсатшиносони тоҷик - Парвиз Муллоҷонов ва Хушнуд Расулов - низ буданд, ки барои ширкат дар як нишасти сиёсатшиносон бо ҳавопаймои Душанбе - Бишкек парвоз карда буданд. Онҳо ба матбуот хабар додаанд, ки онҳоро шоми рӯзи якшанбе дар фурудгоҳи “Манас” дар посгоҳи марзии фурудгоҳ муваққатан нигоҳ доштаанд ва мавриди тафтиши иловагӣ қарор додаанд.

Хабарнигори Озодӣ Нурмуҳаммади Холзода дар мусоҳибае аз Гулмира Борубаева - сухангӯи Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон пурсид, ки оё хабарҳо дар бораи муваққатан боздоштани шаҳрвандони Тоҷикистон ва дар фурудгоҳи “Манас” ва ё тафтиши иловагии онҳоро чӣ гуна арзёбӣ мекунад?

Борубаева: Хабари гӯё боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон дар фурудгоҳи Манас ба воқеият дуруст намеояд. Ман фикр мекунам, ки ин сиёсатшиносон вазъро каме муболиға мекунанд. Дар асл, он чӣ ки ба рафту омад аз роҳи ҳавоӣ иртибот дорад, дар он ягон маҳдудият барои шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ҷорӣ нашудааст. Ҳоло парвозҳои дуҷониба миёни шаҳрҳои Бишкеку Душанбе вуҷуд дорад ва ҳеҷ маҳдудият ҷорӣ нашудааст. Ба вижа дар фурудгоҳи Манас ҳеҷ маҳдудият вуҷуд надорад.

Озодӣ: Оё боздошти муваққатӣ ё нигоҳ доштани муваққатӣ ҳам мушоҳида нашудааст?

Борубаева: Агар шаҳрвандон узви гурӯҳҳои террористӣ набошанд, дар бораи онҳо дар ниҳодҳои мо чунин маълумот вуҷуд надошта бошад, ҳеҷ гоҳ онҳоро нигоҳ намедоранд. Ҳамаи шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, ки вориди Қирғизистон мешаванд, аз назорати маъмулии марзӣ мегузаранд. Ин кор дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон анҷом мегирад. Агар дар бораи онҳо дар пойгоҳи маълумот чизе набошад, онҳо посгоҳи марзиро ба роҳатӣ мегузаранд. Тафтишоти дигар ба мо дахл надорад, масалан, посгоҳҳои гумрукӣ ё хадамоти амнияти ҳавоии фурудгоҳ низ мусофиронро тафтиш мекунанд.


Озодӣ: Вазъ дар посгоҳҳои марзии рафту омади мусофирони ду ҷониб бо нақлиёти заминӣ чӣ тавр аст?

Борубаева:
Он чӣ ба посгоҳҳои марзии рафту омади миёни Тоҷикистону Қирғизистон иртибот дорад, бояд бигӯем, ки баъд аз ҳодисаи 11 январ тасмим гирифта шуд, ки муваққатан дар ҳамаи посгоҳҳои марзии заминӣ рафта омади нақлиёти заминӣ қатъ гардад. Барои ҳамин ҳоло шаҳровандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави Қирғизистон қарор доранд, наметавонанд ба кишвари худ раванд. Ва ҳамчунин шаҳрвандони Қирғизистон, ки дар қаламрави Тоҷикистон қарор доранд, наметавонанд ба тарафи Қирғизистон гузаранд. Ин шарту шароит танҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон дахл дорад, ки бо нақлиёти заминӣ сафар мекунанд. Ин маҳдудият ба шаҳрвандони кишварҳои севвум иртибот надорад ва бидуни маҳдудият рафту омад мекунанд.

Озодӣ: Оё чунин маҳдудият ба зудӣ бардошта мешавад?

Борубаева:
Гузаргоҳҳо танҳо замоне боз хоҳанд шуд, ки субот дар марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон таъмин шавад.Ҳоло интизори ақибнишинии нирӯҳо ва воситаҳое ҳастем, ки ба марз эъзом шудаанд. Баъди он ҳифзи марз ба таври маъмулӣ дар ихтиёри нирӯҳои марзбонии ҳар ду ҷониб хоҳад гузашт.


Тафтишҳои "мӯшикофона"-и мусофирони тоҷик

Рӯзи 22 январ ҳамин тавр, ҳудуди 40 мусофир аз Тоҷикистонро дар фурудгоҳи Манас барои тафтиш манъ карда буданд. Тафтишҳои “мӯшикофона”-и шаҳрвандони Тоҷикистон дар фурудгоҳҳои Қирғизистон дар пайи тирпарронии рӯзи 11 январ дар марзи рустоҳои Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфара ва Оқсойи ноҳияи Бодканд аст, ки ду марзбони тоҷик ва 5 марзбону як милисаи қирғизро захмӣ ба ҷо гузошт.

Ин муноқиша, ки бар сари сохтмони роҳи Кӯктош-Оқсой- тамдиқ дар як қаламрави баҳсии марз бархост, ба ҷиддитарин таниш дар равобити Душанбеву Бишкек мунҷар шуд. Қирғизистон баъди он ҳодиса марзҳояшро бо Тоҷикистон баст, сафирашро фаро хонд ва се нотаи эътирозӣ ба Тоҷикистон фиристод.

Дар шарҳи мавриди қаблии боздошти ҳудуди 40 мусофири тоҷик дар фурудгоҳи Манаса масъулони ин фурудгоҳ ишора ба як амри мақомоти марзбонии Қирғизистон карда буданд.

Нурхон Тоҷибоева, сухангӯи фурудгоҳи Манас ба Радиои Озодӣ гуфта буд: “Гузаргоҳи сарҳадии Хадамоти марзбонӣ, ки дар қаламрави фурудгоҳи Манас қарор дорад, кадом як дастуре гирифтааст, ки бинобар вазъи бавуҷудомада дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистонро дар робита ба эҳтимоли фаъолиятҳои ифротгароӣ дақиқтар тафтиш кунанд.”

Аммо Гулмира Борубаева, сухангӯи Хадамоти марзбонии Қирғизистон рӯзи 22 январ ҳам гуфта буд, ки онҳо ҳеҷ мушкиле дар роҳи сафари шаҳрвандони Тоҷикистон эҷод накардаанд: “Ҳеҷ гуна амру фармоне барои тафтиши дақиқи шаҳрвандони Тоҷикистон нарасидааст. Вақте шаҳрвандон аз гузаргоҳи марзӣ мегузаранд, дар ҳар кишвар ба онҳо суолҳои маъмулӣ дода мешавад ва ҳамин кор бо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам шуд. Ва мо наметавонем бигӯем, ки бо шаҳрвандони Тоҷикистон ғаразмандона муносибат кардаанд.”

Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки то имрӯз танҳо 504 километраш таъйин ва аломатгузорӣ шуда, ба гуфтаи як раҳбари ҳайъати Қирғизистон дар музокироти марзӣ, аз соли 2006 ба ин сӯ ин ду кишвар дар таъйин ва аломатгузории марзҳояшон дигар ягон километр пеш нарафтаанд.