9 созмони ҳомии ҳуқуқ хостори озодии Маҳмадалӣ Ҳайит шуданд. ВИДЕО

Маҳмадалӣ Ҳайит. Акс аз соли 2011

Нӯҳ созмони ҳомии ҳуқуқи башар аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, ки Маҳмадалӣ Ҳайитро “фавран” ва “бе қайду шарт” аз зиндон озод кунад.

Маҳмадалӣ Ҳайит, як узви раёсати олии ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ, соли 2015 дастгир ва баъди як сол дар мурофиаи паси дарҳои баста ба ҳабси абад маҳкум шуд.

Ҳукумати Тоҷикистонро зарур аст, ки талаби гурӯҳи кории Созмони Милалро иҷро карда, дастрасии Ҳаит ба кумаки мустақили тиббиро таъмин ва ӯро озод намоянд

Ҳамсари Ҳайит ҳафтаи гузашта гуфт, ки шавҳараш дар зиндон шиканҷа мешавад ва ҷиддан бемор аст. Вале мақомоти идораи зиндонҳо дар Тоҷикистон хабари шиканҷа шудани Ҳайитро рад карданд.

Изҳороти Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, Анҷумани ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ, Freedom House, Freedom Now, Global Advocates, Human Rights Vision Foundation, Human Rights Watch, International Partnership for Human Rights ва Кумитаи норвежии Ҳелсинкӣ рӯзи 20-уми март нашр шуд. Ин созмонҳо гуфтанд, Маҳмадалӣ Ҳайит рӯзи 9-уми марти имсол ҳангоми мулоқот бо ҳамсараш Савриннисо Ҷӯрабекова осори шиканҷа дар сар ва шикамашро нишон додааст. Ӯ гуфтааст, мақомоти зиндон ба хотири онки дар назди дурбин намояндагони мухолифон дар хориҷа, аз ҷумла Муҳиддин Кабириро маҳкум накард, зери зарбу лат гирифтанд.

Дипломатҳо хостори дидор бо Ҳайит шуданд

Масъулони созмонҳо аз дипломатҳои муқими Душанбе хостаанд, ки барои дидор бо Маҳмадалӣ Ҳайит ва зиндониҳои дигар иҷоза бигиранд ва раҳоии фаврии онҳоро талаб кунанд. Маҳмадалӣ Ҳайити 62-сола дар боздоштгоҳ ё СИЗО-и рақами яки Душанбе нигоҳдорӣ мешавад.

Савриннисо Ҷӯрабекова, ҳамсари Ҳайит, ба созмонҳои ҳуқуқ гуфтааст, шавҳараш ба кумаки тиббӣ дастрасӣ надорад ва нигарон аст, ки дар натиҷаи шиканҷа дар зиндон хоҳад фавтид.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҳомиёни ҳуқуқ хостори озодии Маҳмадалӣ Ҳайит шуданд

Надежда Атаева, раиси Анҷумани ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ мегӯяд, “хабари изтиробангез дар мавриди бадрафторӣ бо Маҳмадалӣ Ҳайит бояд ҳамаи шарикони байналмилалии Тоҷикистонро водор ба амал кунад.” Ӯ гуфт:

“Мо аз намояндагони дипломатӣ дар Душанбе мехоҳем, ки барои мулоқот бо Ҳайит ва зиндониҳои дигар иҷоза бигиранд ва барои озодии фаврии онҳо фишор биоранд”.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Шикояти ҳамсари Ҳайит ба додситонии кулл: "Шавҳарам шиканҷа шудааст". Мақомот рад мекунанд. ВИДЕО

Мариус Фоссум, намояндаи Кумитаи норвежии Ҳелсинкӣ дар Осиёи Марказӣ гуфт, шарикони байналмилалии Тоҷикистон “бояд ошкоро ва бе таъхир ин истеҳзои адолатро маҳкум кунанд”.

Ба навиштаи Фоссум, “вазъияти ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон босуръат дар ҳоли поин рафтан аст ва Вашингтону Брюссел бояд чораҳои танбеҳии ҳадафмандонаро дар назар бигиранд, то вазъи ҳуқуқи башар беҳбуд ёбад.”

Маҳмадалӣ Ҳайит моҳи сентябри соли 2015 бо ангезаҳои, ба қавли созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, “сиёсӣ” дастгир шуда ва моҳи июни соли 2016 дар мурофиаи паси дарҳои баста ба ҳабси абад маҳкум гардид. Додгоҳи олии Тоҷикистон соли 2015 ҳизби наҳзати исломиро манъ ва баъдан ба рӯйхати созмонҳои террористӣ ворид кард. Иддаое, ки раҳбарияти ҳизб бо он розӣ нест ва ин иттиҳомро сохтакорӣ ба хотири аз саҳнаи сиёсии Тоҷикистон берун кардани мухолифон медонад.

Шикоят аз утоқи "тангу ифлос" ва набуди дастрасӣ ба кумаки тиббӣ

Ҳаит рӯзи 9-уми март дар суҳбат бо ҳамсараш Савриннисо Ҷӯрабекова гуфтааст, дар як утоқи “тангу ифлос”-и боздоштгоҳ бо зиндониёни дигар нигоҳдорӣ мешавад ва маъмурияти зиндон дар се соли дар онҷо буданаш ӯро латту кӯб кардаанд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар мегӯянд, “Маҳмадалӣ Ҳайит аз дарди ҷигар ва гурда ранҷ мебарад. Мақомоти зиндон иҷоза надодаанд, аз доруҳое, ки ҳамсараш бурда буд, истифода кунад. Ӯ гуфтааст, рӯзи 6-уми феврали имсол сактаи қалбиро аз сар гузаронд, вале ҳеч кумаки тиббӣ нагирифт.”

Ин фаъоли сиёсӣ ба ҳамсараш гуфтааст, қаблан дар мавриди беморӣ ва шиканҷа шудан лаб накушода буд, чун фикр мекард, вазъият беҳтар мешавад. Аммо ҳоло аз ҳамсараш хостааст, ин масъаларо расонаӣ кунанд, чун ба ин бовар аст, ки наметавонад то шаш моҳи дигар тоб биорад.

Як гурӯҳи кории Созмони Милали Муттаҳид, ки парвандаҳои боздоштҳои худсарона дар кишварҳои ҷаҳонро таҳқиқ мекунад, моҳи майи соли 2018 хулоса дод, ки боздошти Маҳмадалӣ Ҳайит, як узви раёсати ҳизби наҳзати исломӣ “ғайриқонунӣ аст” ва аз ин рӯ, “ӯ бояд фавран озод карда шавад”.

“Мақомоти Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир ба намояндагони Кумитаи Салиби Сурх иҷоза намедиҳанд, ки вориди зиндонҳо шавад. Ҳукумати Тоҷикистонро зарур аст, ки талаби гурӯҳи кории Созмони Милалро иҷро карда, дастрасии Ҳайит ба кумаки мустақили тиббиро таъмин ва ӯро озод намоянд”, - омадааст дар изҳороти созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар.

Дар ғайри сурат, навиштаанд созмонҳо, “бояд чораҳои ҳадафмандона, ба мисли бастани ҳисобҳо, радди виза ба мақомот ва афроди масъул дар зиндонӣ кардани фаъолон, шиканҷа ва нақзи ҷиддии ҳуқуқи башар, андешида шавад.”

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар аз Амрико, Иттиҳодияи Аврупо ва кишвару созмонҳои муҳими байналмилалӣ хостаанд, ки “бояд озодии Ҳаит ва зиндониҳои дигарро аз ҳукумати Тоҷикистон талаб кунанд. Ҳамчунин бояд дастрасии намояндагони дипломатӣ, аз ҷумла СММ ва САҲА-ро барои дидор бо Ҳайит ва зиндониҳои дигар талаб намоянд.”