Савринисо Ҷӯрабекова, ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳайит ба Додситонии кулл ва Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ шикоят карда, хостори расидагӣ ба вазъи шавҳараш дар зиндон шудааст. Ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳайит мегӯяд, шавҳараш дар зиндон шиканҷа шуда, дар шароити вазнин нигоҳдорӣ мешавад.
- Ба гуфтаи хонум Ҷӯрабекова, нозирони зиндон бо шиканҷаи Маҳмадалӣ Ҳайит аз ӯ мехоҳанд, то алайҳи ҳамҳизбиёни собиқаш гувоҳии телевизионӣ бидиҳад. Аммо мақомоти тоҷик шиканҷа шудани Маҳмадалӣ Ҳайитро радд мекунанд.
Маҳмадалӣ Ҳайит, соли 2015 дар пайи ошӯби нокоми Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири дифоъ боздошт ва чанд моҳ баъд ба ҳабси абад маҳкум шуд.
Қазияи Маҳмадалӣ Ҳайит, қаблан аз сӯи Кумитаи ҳуқуқи башари СММ баррасӣ шуда буд. Ин кумита аз Тоҷикистон хоста буд, Ҳайитро озод ва ба ӯ ҷуброн бипардозад.
“Аҳволи шавҳарам дар ҳақиқат вазнин аст”
Савринисо Ҷӯрабекова, ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳайит дар шикояти худ, рӯзи 11-уми март ба Додситонии кулл ва идораи зиндонҳо навиштааст, шавҳараш дар ҳолати вазнини рӯҳӣ қарор дошта, чанд сол аст, ки шиканҷа мешавад.
Хонум Ҷӯрабекова дар мактуби худ аз қавли Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини аввали раиси идораи зиндонҳо Нуриддин Раҳмоновро ба шиканҷаи худ айбдор кардааст.
“Вақте пурсон шудем, ки кӣ шиканҷа мекунад, қайд кард, ки махсусан муовини аввал Нуриддин Раҳмонов ӯро азобу шиканҷа мекунад. Инчунин ба маълумоти Шумо мерасонам, ки сараш кафидагӣ буд ва ӯ худаш қайд кард, ки аъзои баданаш низ сиёҳу кабуд шудаанд,” - навиштааст ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳайит.
Зимнан Иззатулло Шарифов, собиқ сардори идораи зиндонҳои Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли гузашта барканор шуда буд, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки муовини аввалаш Нуриддин Раҳмонов буд. Аммо ҷаноби Шарифов гуфт, феълан намедонад, ки Нуриддин Раҳмонов чӣ мақоме дорад.
Дар ҳамин ҳол ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳайит аз Додситонии кулл хостааст бо таъсиси комиссияи махсус вазъи шавҳарашро ҳаматарафа санҷанд. “Чунки дар ҳақиқат аҳволи шавҳарам бениҳоят вазнин аст,” - навиштааст Ҷӯрабекова.
Савринисо Ҷӯрабекова дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ду рӯз қабл бо шавҳараш дар зиндон мулоқот дошт. Хонум Ҷӯрабекова афзуд, шавҳараш аз шароити сахти нигоҳдориаш дар боздоштгоҳ шикоят карда ва гуфтааст, ки дар шароити мисли "оғил" нигоҳдорӣ мешавад.
Ҳамсари Ҳайит мегӯяд, бо шавҳараш ҳар шаш моҳ дидор мекунад ва ӯ дар мулоқотҳои қаблӣ аз шиканҷа шикоят надошт. Аммо ин бор Ҳайит аз ҳамсараш хостааст, то аз шиканҷа ва шароити сахти ӯ дар боздоштоҳ ба созмонҳои ҳомии ҳуқуқ шикоят барад.
"Агар маро баъди шаш моҳ зинда наёфтед..."
"Шавҳарамро бисёр латукӯб карда маҷбур мекардаанд, ки дар назди камера зиддинаҳзат ва раиси наҳзат гап занад. Гӯяд, ки террористонро дар наҳзат худам ҷамъ кардам ва бо террористҳо ҳамкорӣ дорам. Ин гапҳоро бояд мегуфтааст, аммо ин кас гуфтаанд, ки ин корро намекунам", - афзуд Ҷӯрабекова.
Ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳайит ҳамчунин гуфт, шавҳараш як моҳ қабл сактаи дилро аз сар гузаронд ва бо сабаби табобат нашудан, хам шуда наметавонад. Савринино Ҷӯрабекова гуфт, шавҳараш дар боздоштгоҳи рақами 1-и Душанбе нигоҳдорӣ мешавад ва ӯ шароити нигоҳдориашро аз "оғил" бадттар гуфтааст.
Ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳайит гуфт, "шавҳарам гуфтанд, ки дар як ҳуҷраи танг ва ифлосе мисли ҳоҷатхона нигоҳдорӣ мешавам ва оғили очаам аз инҷо тозатар аст. Гуфтанд, ки агар баъди 6 моҳ маро зинда наёфтед, донед, ки ман аз шиканҷа мурдаам".
Савринино Ҷӯрабекова мегӯяд, бо шавҳараш ҳар шаш моҳ дидор карда, дар се моҳ барояш ғизо мебарад. Ҷӯрабекова гуфт, аз шиканҷаи шавҳараш мехоҳад ба Додситонии кулли Тоҷикистон ва идораи зиндонҳо шикоят барад.
Мақомот: "Ҳайит шиканҷа нашудааст"
Аммо мақомоти тоҷик иддаои ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳайит дар бораи шиканҷа шудани ӯро қатъан радд мекунанд. Мансурҷон Умаров, раҳбари Идораи зиндонҳои Тоҷикистон рӯзи 11-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ вуҷуди шиканҷа дар зиндонҳои кишварро радд кард.
Аз ҷумла ӯ гуфт, ки моҳи январи имсол дар ҷараёни боздидаш аз зиндонҳо, аз ҳоли Маҳмадалӣ Ҳайит ҳам хабардор шуд. Ба гуфтаи Мансурҷон Умаров, Маҳмадалӣ Ҳайит дар сӯҳбат бо ӯ, аз шиканҷа шуданаш ягон шикоят накард. Бо ин ҳама, Умаров гуфт, агар наздикони Маҳмадалӣ Ҳайит шикояте дошта бошанд, метавонанд ба Додситонии кулл ва ё Сарраёсати иҷрои ҷазо, муроҷиат кунанд.
"Маҳбас маҳбас аст, инҷо шароити сахту шароити суст надорад. Ҳама дар як шароит нигоҳ дошта мешавад ва ман азобу шиканҷаро тамоман бовар намекунам",-гуфт Мансурҷон Умаров.
ҲНИТ: Ба додгоҳҳои байналмилалӣ шикоят мекунем
Бобоҷон Қаюмов, сухангӯи ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ рӯзи 11 март дар вокуниши катбие ба Радиои Озодӣ оид ба қазияи Ҳаит гуфт, ки ин созмон қазияи шиканҷаи муовини раиси ҲНИТ-ро пайгирӣ мекунад. Ӯ гуфт, ки мақомот вуҷуди шиканҷаро рад мекунанд, вале то ҳол ба "видеое, ки аз ҷониби Ҷамшед Ёров сабт шуда буд, дар он худи Ҳаит дар бораи шиканҷааш гуфта буд, вокуниш накардаанд". Ба гуфтаи Қаюмов, масъалаи шиканҷа дар робита бо сабабҳои сар задани ошӯб дар зиндони Хуҷанд ҳам матраҳ шуда буд ва "ин масъалаи аслии зиндонҳои Тоҷикистон аст".
Қаюмов афзуд, ки ҳизб барои озодии ӯ тамоми талошҳои қонуниро ба харҷ медиҳад: “Ситоде барои пайгирии кори М. Ҳаит ташкил шуда ва ба кор оғоз кардааст, ки ба зудӣ роҳкорҳои худро эълон ва амалӣ хоҳад кард. Барои озодии Ҳаит ва дигар зиндониён тамоми талоши худро хоҳем кард. Ҳеҷ гузинаи машруе истисно нест”.
Қаюмов гуфт, ки масъулини ин созмони сиёсӣ «афроди дастдошта дар шиканҷаро ҳатман ба додгоҳҳои байналмилалӣ муаррифӣ” мекунад. Ӯ гуфт, ки ҲНИТ ба далелҳои мақомот бовар надорад, ки шиканҷа шудани Ҳаитро рад кардаанд.
Ҳабси Ҳайит пас аз ошӯби Назарзода
Маҳмадалӣ Ҳайит дар қатори Сайидумар Ҳусайнӣ моҳи апрели соли 2016 аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон ба ҳабси абад маҳкум шуда буд. Дар қатори онҳо, даҳ узви раёсати дигари ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд.
Аксари онҳо бо гуноҳи узвият дар гурӯҳи ҷиноӣ, барангехтани адовати милливу нажодиву мазҳабӣ, қатлу терорризм, талош барои сарнагун кардани ҳукумати қонунӣ, нигоҳ доштани ғайриқонунии силоҳ ва ошӯби мусаллаҳона гунаҳкор дониста шудаанд, ҳарчанд додситонӣ далелҳои возеҳе дар ин замина ба ҷомеа нишон надодаст. Додситонӣ мегӯяд, аъзои раёсати ҳизб дар ошӯби Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон даст дорад.
Баъди ошӯби Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2015, ки 40 кушта бар ҷой гузошт, Додситонии кулл Ҳизби наҳзати исломиро ҳидоятгар ва тарҳрези ин ошӯб номид ва аз додгоҳ хост, ки фаъолияташро мамнӯъ кунад. Додгоҳи олӣ низ ҳизбро созмони террористӣ номида, фаъолияташро мамнӯъ кард ва 14 узви раёсати ҳизб низ дар ҳамон моҳ дастгир шуданд.
Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизб ки дар хориҷ аз Тоҷикистон аст, ин иттиҳомро рад мекунад ва мегӯяд, ошӯб танҳо баҳонае барои бастани ягона ҳизби исломӣ дар Осиёи Марказӣ буд.
Қазияи Маҳмадалӣ Ҳайит, қаблан аз сӯи Кумитаи ҳуқуқи башари СММ баррасӣ шуда буд. Ин кумита аз Тоҷикистон хоста буд, Ҳайитро озод ва ба ӯ ҷуброн бипардозад. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ Маҳмадалӣ Ҳайит ва чанд нафари дигарро "маҳбусони сиёсӣ" ном мебаранд.
Аммо Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон вуҷуди маҳбусони сиёсӣ дар зиндонҳои кишварро рад карда гуфта буд, "ҳамаи маҳбусон барои ҷинояти содиркардаи худ дар боздошт ҳастанд".