Никита Журавелро дар Русия 13,5 соли дигар зиндонӣ карданд

Никита Журавел

Никита Журавел, маҳбуси сиёсӣ дар Русия, ки ҳангоми дар боздоштгоҳ буданаш аз ҷониби писари Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистон, латукӯб шуда буд, бо гуноҳи хиёнат ба давлат ба сездаҳуним сол зиндон маҳкум шуд.

Додгоҳи Волоград ҳукми Журавели 20-соларо рӯзи 25-уми ноябр эълон кард.

Мақомот ӯро ба он гунаҳкор карданд, ки соли 2023 гуё ба намояндаи Хадамоти амнияти Украина (СБУ) дар бораи интиқоли таҷҳизоти низомӣ ба воситаи роҳи оҳан ва ҳавопаймоҳои низомӣ навор фиристодааст.

Пештар Додгоҳи Чеченистон Никита Журавелро барои оташ задани “Қуръон”, китоби муқаддаси мусалмонон, севуним сол аз озодӣ маҳрум карда буд. Худаш дар ҷараёни мурофиа аз мусалмонон маъзарат хост, аммо гуфт, нияти озурдани касеро надошт.

Созмони “Мемориал” Никита Журавелро маҳбуси сиёсӣ эътироф кардааст.